04:42:00 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАСКАВ ИНТИЗОРИ ШАРҲИ ТОҶИКИСТОН АСТ

 

Ёвари раисиҷумҳури Русия, эълон кардааст, ки Маскав аз Тоҷикистон шарҳи маҳдудсозии забони русӣ дар ин кишварро интизор аст. Ин изҳороти Сергей Приходко, ёвари раисиҷумҳури Русия дар ҳолест, ки Дмитрий Медведев имрӯз барои ширкат дар нишасти чоргона озими Душанбе мешавад. Сергей Приходко гуфтааст, ки масъалаи мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳвари гуфтушунидҳои раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе хоҳад буд.

Ин нигарониҳои Маскав дар робита ба тарҳи нави Қонуни нави забон дар Тоҷикистон аст, ки дар он забони русӣ дигар чун забони муоширати байни миллатҳо эътироф нашудааст.

Дмитрий Медведев баъди зуҳри имрӯз, 30-уми июл, барои анҷоми як сафари дурӯза вориди Душанбе хоҳад шуд. Тибқи барномаи сафар, имрӯз ӯ дар нишасти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон ширкат хоҳад кард. 

Имрӯз ҳамчунин дидор ва мулоқоти дуҷонибаи Медведев бо Раҳмон дар назар аст. Дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, иқтисоду тиҷорат ва низомиро баррасӣ хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi