18:02:33 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

МУЛОҚОТИ КАРЗАЙ БО РАҲМОН ДАР ДУШАНБЕ

Мулоқоти Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Қасри миллат шурӯъ шуд. 

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, баъд аз зуҳри имрӯз, 29-уми июл, вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Раисиҷумҳури Афғонистон баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими гузоштани санги таҳдоби сафорати нави Афғонистон дар Душанбе ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. Ҳамчунин имзо ду санади ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар назар аст. 

Раисиҷумҳури Афғонистон ҳамчунин дар нишасти сарони чор кишвар - Покистон, Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон - дар шаҳри Душанбе ширкат хоҳад дошт ва ҳамчунин қарор аст, мулоқотҳои ҷудогонае ба руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Покистон анҷом диҳад.

Ду кишвари ҳамдину ҳамфарҳанг

Тоҷикистон ва Афғонистон ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамдину ҳамфарҳанг 1400 километр марзи муштарак доранд. Агарчиҳеҷ гоҳе муносиботи ин ду кишвар дар муддати истиқлоли Тоҷикистон дучори мушкили ҷиддӣ нашудааст, аммо боз ҳам зарфи 8 соли баъди ҳукумати Толибон густариши қобили мулоҳизае дар ҳамкориҳо ва ҳамгироии ду кишвар низ ба мушоҳида намерасад.

Афғонистон билфосила эълони истиқлоли Тоҷикистонро шинохт ва равобити худ бо Тоҷикистонро ба сатҳи дигаре боло бурд. Ин кишвар бештар аз сад ҳазор овораи тоҷик бар асари ҷанги дохилӣ дар аввали даҳаи навадро пазируфт ва меҳмондорӣ кард. Мухолифони мусаллаҳи давлати Тоҷикистон низ дар Афғонистон паноҳ ёфтанд ва амалиётҳои худро алайҳи ҳукумати Душанбе аз қаламрави он кишвар ба роҳ мемонданд. 

Аммо ин ҳеҷ гоҳ боиси қатъи равобит ё сардии муносиботи миёни ҳукумати Душанбе Кобул нашуда буд. Балки ҳукумати Афғонистон ва шахси раисиҷумҳур Бурҳониддимн Рабонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар амри таъмини сулҳ дар Тоҷикистон ва имзои созишномаи қатъи ҷанг миёни давлат мухолифини мусаллаҳи тоҷик нақши нозудуданӣ иҷро кардаанд. 

Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон 

Дар соли 1996 Толибон қудрат дар Кобулро бар душ гирифтанд ва қаламрави Тоҷикистон ба пойгоҳи муқовимати ҷабҳаи шимоли Афғонистон алайҳи Толибон таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд қарор гирифт. Бо вуҷуди ин агарчи Тоҷикистон равобите бо Толибон барқарор накард, аммо Толибон низ бо чанд маврид ҳушдор ба ҳукумати Тоҷикистон иктифо намуданд ва амалиёти хасмонае ба баҳонаи пуштибонии Ҷабҳаи шимол алайҳи Тоҷикистон аз сӯи Толибон ба мушоҳида нарасида буд. 

Дар соли 2001 Толибон ба ҳамдастии нирӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико саркӯб шуданд. Ва даври тозае дар муносиботи Афғонистон ва Тоҷикистон низ оғоз шуд. 

Агарчи Карзай, ки тибқи тавофуқи Бон ба қудрат расид, барои Душанбе дигар як Бурҳониддини Раббонӣ набуд, аммо сафорати Тоҷикистон дар Кобул ифтитоҳ шуд ва Тоҷикистон амалан дар бозсозии Афғонистон ва эътилофи зидди террористӣ дар ин кишвар саҳм гирифт. 

Пулҳои кӯҳна ва нави равобит байни ду кишвар

То соли 2001 дар имтидод марзи 1400 километрии Тоҷикистон ва Афғонистон танҳо як пули кӯчак дар рӯдхонаи Панҷ ин ду кишварро ба ҳам мепайваст, ки баъд аз суқути Толибон то кунун бар фарози ин рӯдхона чор пули дигар сохта шуда ва ду пули дигар низ дар ҳоли эҳдос аст. 

Мизони тиҷорати мол миёни ду кишвар дар соли гузашта бештар аз 100 миллионро ташкил дода, ки назар ба солиёни пеш қобили мулоҳиза арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон бо Афғонистон чандин санади ҳамкории иқтисодӣ ва тарҳҳои муштаракро ба имзо расонидааст, ки ба иллатҳои мухталиф то кунун бисёре аз онҳо иҷроӣ нашудааст. 

Сабаби аслии рушди кунди қарордодҳои ду ҷониб авзои номуносиби амниятӣ дар Афғонистон унвон мешавад. Як мушкили дигари ду кишвар мубориза бо кишт ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон аст. Бо вуҷуди талошҳои ҳамоҳанги ду тараф дар амри мубориза бо маводи мухаддир ин масъала ҳамчунон аз мушкилоти аввал маҳсуб мешавад. 

Аммо масъалаи амният, ҳузури гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ва ахиран нуфуз кардани ин гурӯҳҳо аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон низ барномаҳои ҳамкории ду тарафро ҳарчи бештар дучори чолиш кардааст.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi