10:06:49 27-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЗАРДОРӢ ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД

 

Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон, барои анҷоми дидоре расмӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, шуд. Қарор аст оқои Зардорӣ субҳи рӯзи чаҳоршанбе пас аз анҷоми маросими истиқбол аз ӯ, мулоқоте бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш, анҷом диҳад ва рӯзи панҷшанбе дар мулоқоти сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон ширкат кунад.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, низ баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи панҷшанбе вориди Душанбе хоҳанд шуд. Баъд аз зуҳри панҷшанбе сарони чаҳор кишвар мулоқоте чаҳорҷониба анҷом хоҳанд дод.

Нигарониҳои амниятӣ

Бо таваҷҷуҳ ба чолишҳои амниятии ахир дар минтақа, интизор меравад дар мулоқотҳои сеҷониба ва чаҳорҷонибаи сарони чаҳор кишвар дар Душанбе масоили амниятӣ, аз ҷумла вазъияти Афғонистон ва таҳаввулоти ахир дар Покистон ва таъсироти он бар вазъи Осиёи Миёна баррасӣ шавад.

Мақомоти Тоҷикистон бо ишора ба душвории муроқибат аз қисматҳое аз марзи ин кишвар бо Афғонистон нигарониҳои ахир дар мавриди вуруди эҳтимолии афроди вобаста ба Толибон ва Алқоъида аз Афғонистон ва Покистон ба қаламрави Тоҷикистонро таъйид кардаанд.

Гуфта мешавад, то кунун теъдоде аз чунин афрод, ки зоҳиран бо Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон иртибот доштаанд, дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар яке аз ин маворид дар Бадахшон миқдоре маводди мунфаҷира низ кашф шудааст. Зимнан, шаҳри Душанбе шанбе ва якшанбеи гузашта шоҳиди ду инфиҷор буд, ки омилони он ҳануз мушаххас нашудаанд, вале бархе таҳлилгарон вуқӯъи онро бо дидори сарони чаҳор кишвари Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар Душанбе иртибот медиҳанд.

Кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия пештар мувофиқати худро бо тронзити колоҳои ғайринизомии Омрико ва НОТУ ба Афғонистон эълом карда буданд. Вале дар авосити моҳи май як мақоми ҷунбиши Толибон кишварҳои минтақа, бавижа Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамкорӣ бо ғарбиён ин кишвар "бо бесуботӣ рӯбарӯ хоҳад шуд."

Тарҳҳои тиҷорати энержӣ

Бо таваҷҷуҳ ба алоқамандии Покистон ва Афғонистон ба харидории нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Миёна, бавижа Тоҷикистон, имкон дорад мавзӯъи ҳамкории ин кишварҳо дар заминаи тиҷорати минтақаии энержӣ низ дар нишастҳои сеҷониба ва чаҳорҷониба баррасӣ шавад.

Мақомоти се кишвари Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон қаблан омодагии худро барои иҷрои тарҳе дар заминаи тиҷорати минтақаии энержӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA) эълом карда буданд. Ин тарҳ бахше аз барномаи бузурги тиҷорати минтақаии энержӣ мавсум ба "CASAREM" аст.

Тарҳи CASA 640 милюн дулор ҳазина дорад ва дар чорчӯби он аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон хутути интиқоли нерӯи барқ кашида хоҳанд шуд. Тарҳи тиҷорати минтақаии энержӣ аз ҳимояти Омрико ва бархе аз созмонҳои молии байналмилалӣ низ бархурдор аст.

Гуфта мешавад Русия низ бо таваҷҷуҳ ба тарҳҳои энержие, ки дар Тоҷикистон ба иҷро мерасонад, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳи Сангтуда-1, ба иҷрои ин тарҳ ва фурӯши нерӯи барқи ин нерӯгоҳ ба Афғонистон ва Покистон алоқаманд аст. Шояд ин аз ҷумлаи мавзӯъоте бошад, ки раиси ҷумҳурии Русия дар дидор бо сарони Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон матраҳ хоҳад кард, вале коршиносон мегӯянд, ки то кашидани хутути интиқоли барқ ва фурӯши энержӣ аз нерӯгоҳи Сангтуда-1 фурсати зиёде ҳаст.

Аммо ба гуфтаи манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст дар дидори Президент Раҳмон бо Осиф Алӣ Зардорӣ баёнияе муштарак ва дастикам ду санади ҳамкории дуҷониба мзо шавад.

Табодули коло

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои иқтисодии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар чаҳор моҳи нахусти соли милодии ҷорӣ табодули коло ва маводд миёни Тоҷикистону Покистон ҳашт баробар афзудааст. Агар дар тӯли соли 2008 мизони табодули коло ва маводд миёни ду кишвар 1,7 милюн дулор буда, дар чаҳор моҳи аввали соли 2009 ин рақам болиғ бар 2.8 милюн дулор арзёбӣ мешавад.

Коршиносон омили аслии афзоиши тунди мубодила миёни Покистону Тоҷикистонро пули омрикоии "Дӯстӣ" бар фарози рӯдхонаи Панҷ, дар марз бо Афғонистон, медонанд, ки бо ҳазинаи 37 милюн дулор дар соли 2007 ифтитоҳ шуд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, ҳамин пул мӯҷиби афзоиши қобили мулоҳизаи тиҷорат миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ду соли ахир шуда ва мизони мубодилаи коло ва маводд байни ин ду кишвар ба 100 милюн дулор расидааст. Равобити диплумотики Тоҷикистону Покистон дар соли 1992 оғоз шуд ва то кунун ду кишвар дар заминаҳои мухталиф 22 санад имзо кардаанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол пеш дидоре расмӣ аз Покистон дошт ва Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури пешини Покистон низ дар гузашта сафаре ба Душанбе дошт. Мақомоти умури хориҷа мегӯянд давлати Покистон дар анҷоми музокироти сулҳи давлати Тоҷикистон бо мухолифонаш дар авосити даҳаи 1990 нақши муассире доштааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi