00:07:40 28-уми Апрели 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОСИФ АЛӢ ЗАРДОРӢ

Дирўз, баъд аз зуҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон омад. Дар фурўдгоҳи шаҳри Исломобод – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукўҳу шаҳомати хоси сафарҳои давлатӣ истиқбол гирифтанд. Фурўдгоҳи шаҳри Исломобод ба ин муносибат бо парчамҳои давлатии ду кишвар, шиору овезаҳои таҷассумкунандаи дўстӣ ва ҳусни ҳамкорӣ оро ёфта буд. Ба истиқболи меҳмони олимақом садои 21 шиллики тўпхонаҳо дар фазои шаҳри Исломобод танинандоз гардид. Маросими давлатии истиқболи меҳмони олимақом дар қасри Президенти Покистон - «Айвони Садр» баргузор гардид.

 

mulokotБарои истиқболи давлатӣ дар саҳни қасри «Айвони Садр» горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф кашиданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Сарвазири кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ истиқбол гирифта, ба болои минбар даъват намуданд. Сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо дод.  Пас аз иҷрои сурудҳои миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни гузаштан аз назди Горди фахрӣ ҷониби Парчами давлатии Покистон арзи эҳтиром намуд.

 

Маросими давлатии истиқбол бо шиносоии сарони ду давлат бо ҳайатҳои расмии кишварҳои ҳамдигар ба поён расид. Масоили таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи дўстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ сипас дар музокироти расмии онҳо бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб баррасӣ шуд.

 

Аз сатҳи муносибот ва ҳамкории дуҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои амният ва тиҷорат, хусусан дар солҳои охир, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Муколамаи пайвастаи сиёсӣ, аз ҷумла мулоқоти мунтазами роҳбарияти ду кишвар, омили муҳим дар ин раванд арзёбӣ гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар соли 2010 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар нисбат ба соли 2009 сеюним маротиба ва рафтуомади шаҳрвандони Покистон ба Тоҷикистон 3 баробар афзун шуд.

 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба оѓози марҳилаи нави муносиботи дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар асос мегузорад. Бо қаноатмандӣ аз болоравии сатҳи муносиботи сиёсӣ, тавсиаи заминаи ҳуқуқӣ-қарордодӣ ва шароити хуби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

 

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «Покистон давлати муҳими минтақа мебошад ва метавонад, ба мисли дигар дўстони наздики мо, яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон гардад». Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла дар бунёди нерўгоҳҳои барқӣ ва интиқоли нерўи барқ, ба ҳам пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди ду кишвар, иштироки якҷоя дар коркарди канданиҳои фоиданок ва нахи пахта, бозсозии корхонаҳои ресандагӣ ва бофандагӣ, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ, сангҳои ороишӣ ва қиматбаҳо дорои манфиати зиёд барои сохторҳои давлатӣ ва соҳибкории ду кишвар маънидод гардид. Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника, тандурустӣ ва туризм зоҳир гардид. Дар асоси мутақобил гузарондани рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Покистон зарур шумурда шуд.

 

mulokotБо ҳамфикрии ду ҷониб таъкид гардид, ки «Тоҷикистону Покистон, ҳамчун кишварҳои муҳими минтақа, ба тақвияти суботу амният ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ манфиатдоранд». Аз ҳамкории зичи сохторҳои низомӣ ва идораҳои махсуси Тоҷикистону Покистон, ки тайи ду соли охир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. ҳарду ҷониб омодагии устувори худро барои мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар Афѓонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи барномаю лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодии дорои аҳамияти минтақавӣ таъкид доштанд.

 

Баъди анҷоми музокироти расмӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар фазои тантанавӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон сарфароз гардонд.

 

Ҳамчунин Осиф Алӣ Зардорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон –ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуд. Сипас зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карда, робитаҳои Тоҷикистону Покистонро, хусусан дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва дар самти таъмини амнияти минтақавӣ дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.

 

Президент.tj

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4613-mulokoti-emomali-rahmon-bo-osif-ali-zardori.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ