16:33:11 04-уми Июни 2025 сол

РАВОБИТИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН ГУСТУРДАТАР МЕШАВАД

Шоми рӯзи душанбеи 28-уми феврал дар поёни ҷаласаи чоруми Кумисиюни муштараки иқтисодӣ ва илмию фаннии Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе ҷонибҳо Протоколи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифро имзо карданд. Ин иқдом, ба назари коршиносон, гоми тозае дар равобит ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар аст. Дар оғози ҷаласа Гул Шералӣ, вазири саноеъ ва энержии Тоҷикистон ва Саид Навид Қамар, вазири хусусигардонии Покистон, ки ҳарду раҳбари муштараки ҳайатҳои корӣ ҳастанд, аз аҳамияти ҳамкориҳои ду кишвар сӯҳбат карданд.

 

Gul SheraliГул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистон аз имкону зарфияти бузурги энержӣ, маводди хоми кишоварзӣ ва нерӯи кори арзон бархӯрдор буда ва омода аст, бо Покистон дар заминаҳои баҳрабардорӣ аз манобеъи энержӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ҳамкорӣ кунад. Тибқи ин санад, ширкати саҳомии "OGDCL"-и Покистон дар корҳои ҷустуҷӯйӣ, кашф, истихроҷ ва коркарди нафту гоз бо ҷониби Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, дар назар аст, дар маъодини оҳаки "Кенсулсой"-и Истаравшан, санги хорои "Шайдон"-и Ашт, корхонаҳои коркарди пунбаи "Самар"-и ноҳияи Восеъ, "Ресмон"-и шаҳри Конибодом, "Текстил ситӣ"-и шаҳри Хуҷанд ва "Нафиса"-и шаҳри Душанбе бо сармояи ширкатҳои покистонӣ корхонаҳои муштарак таъсис шаванд.

 

Дар ин ҳамоиш мавзӯъи тарҳи бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ мавсум ба “CASA-1000” матраҳ шуд. Ҳазинаи ин хатти 550-килуваттӣ 680 милюн доллар буда ва аз миёни созмонҳои байналмилалии молӣ Бонки Ҷаҳонӣ омодагии худро барои сармоягузори ин тарҳ эълом кардааст. Созишномаи миёни Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон дар мавриди тарҳи бунёди хатти интиқоли барқи “CASA-1000” дар моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Исломободи Покистон аз ҷониби Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расида ва дар моҳи январи соли гузашта аз сӯйи порлумони Тоҷикистон тасвиб шуда буд.

 

Дар чаҳорчӯби ин созишнома қарор аст, миёни ин чаҳор кишвар хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ бунёд шуда ва ба Тоҷикистону Қирғизистон барои содир кардани нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ имконият фароҳам гардад. Ҳамчунин, дар Кобул, Пешовар ва Сангтӯда дар чаҳорчӯби ин тарҳ истгоҳҳои тавзеъи барқ сохта хоҳанд шуд. Дар назар аст, нерӯи барқи нерӯгоҳҳои “Қамбарота”-и Қирғизистон ва “Роғун”-и Тоҷикистон аз тариқи ин хатти барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир шавад.

 

Дар ҳамин ҳол, Гул Шералӣ гуфт, ки ҳамакнун корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” идома дошта ва аз буҷаи давлати Тоҷикистон сармояи лозим барои анҷоми корҳои ин нерӯгоҳ тахсис шудааст. Ба гуфтаи вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, кишвари мо бо эҷоди зарфиятҳои ҷадиди тавлиди энержӣ ва бахусус бунёди нерӯгоҳҳои Роғун ва Даштиҷум, ба тавони судури солиёна 4000 мгв барқ даст хоҳад ёфт, ки 1000 мгв он дар ихтиёри Покистон қарор хоҳад гирифт.

 

Дар навбати худ, Саид Навид Қамар, вазири хусусигардонии Покистон, ки бо даъвати вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун дидан кард, гуфт, ки коршиносону мутахассисони кишвараш омодаанд дар иҷрои тарҳҳои истротежики Тоҷикистон кумаки фаннӣ кунанд. Мақомоти тоҷик бунёди нирӯгоҳи Роғун ва хатти барқи КАССА-1000-ро ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои дигари минтақа хеле пураҳамият медонанд. Зубайдулло Зубайдуф, сафири Тоҷикистон дар Покистон, дар поёни нишасти тарафҳо гуфт:

 

«Як пружаи муҳими минтақаӣ ин САSА-1000 аст, ки дар ин ҷаласаи Кумисюн баррасӣ шуд. Ин барнома муҳим ва мешавад гуфт проблемадор аст, зеро бархе "дӯстон"-и мо барои он низ проблема пайдо мекунанд. Аммо корҳои пешакӣ дар ин пружа тавассути ширкатҳои давлати Канада анҷом шудааст».

 

Равобити Тоҷикистону Покистон дар солҳои пешин бештар ранги сиёсӣ дошт ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии онҳо хеле заиф буд, ки ҳатто то соли 2007, камтар аз як милиюн доллар будааст. Вале дар соли гузашта, мубодилаи тиҷорӣ миёни ду кишвар ба 21 милиюну 600 ҳазор доллар расид, ки рақами нисбатан муносибе арзёбӣ мешавад. Аслан Душанбе ва Исломобод, ба далели мавҷудияти мушкилоте, ки тайи солҳои гузашта домангири ин ду кишвар буд, натавонистанд аз зарфиятҳои мавҷуди иқтисодӣ ва тиҷории худ ба наҳви муносибе истифода кунанд.

 

Табиист, ки ин мушкилот ба масоили дохилии ҳарду кишвар ва ҳамчунин бесуботии тӯлонии сиёсӣ ва амниятии Афғонистон, ба унвони муҳимтарин даҳлези иртибот миёни Душанбе ва Исломобод, марбут будааст. Аз тарафи дигар, то суқути режими Толибон, нигоҳи Душанбе ва Исломобод ба масоили дохилии Афғонистон мутафовит буд ва ҳарду кишвар ба наҳве дар мавзӯи ҳимоят аз Толибон ва Эътилофи Шимоли Афғонистон, ба сурати ғайри мустақим дар муқобили ҳам қарор гирифта буданд.

 

Покистон аз солҳо ба ин сӯ алоқамандии худро ба иҷрои таҳҳои энержии Тоҷи¬кис¬тон ва минҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун баён кардааст. Дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон Покистон барои сармоягузории тарҳи Роғун дар ҳудуди 500 миллион доллар омодагӣ нишон дод. Вале ин иқдом ҳамеша бо мухолифати пинҳону ошкори кишвраҳои Русия ва Узбакистон ҳамроҳ будааст. Пӯшида нест, ки ҳоло ҳам ин ду кишвар ба бунёди хатти интиқоли барқ ба ҷануби Осиё мухолифат мекунанд. 

 

Дар ҳоли ҳозир, давлати Русия то ҷойе ба бунёди ин хатти барқ мухолиф аст ва Ҳиндустон ҳам то ҷое ин тарҳро ба манфиати худ намебинад. Зеро баҳраи аслиро аз ин тарҳ Покистон мебардорад. Аммо дар ин авохир ба назар мерасад, ки Русия мехоҳад ба унвони шарики стратегии минтақа дар ин тарҳ саҳми фаъолтар бигирад, то дар ин «бозори фурӯш» ҷойи по дошта бошад. Рӯиҳамрафта, Саид Навид Қамар, раҳбари ҳайати Покистон гуфт: «Мо бесаброна мунтазири он лаҳза мешавем, то сохтмони хатти барқи "CASA-1000" шуруъ шавад ва мо, албатта, дар сохтмони он ширкат хоҳем кард».

 

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Исломобод, дар ҷаласаи ҳайатҳои ҳамкории ду кишвар таъкид шудааст, ки Тоҷикистону Покистон барои иҷрои тарҳи бунёди роҳи иртиботии "Ишкошими Тоҷикистон ва Чатроли Покистон" тавассути дараи Вахон ҷиддан талош хоҳанд кард. Дар дидори чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия дар тобистони гузашта дар шаҳри Сочии Русия, Дмитрий Медведев бар алоқамандии кишвараш барои мушорикат дар пружаҳои зербиноӣ, назири сохтмони роҳи мошин ва роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути қаламрави Афғонистон низ таъкид кард.

 

Бавижа бунёди ҷодда ва роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Покистон аз тариқи даҳлези Вахон дар шимоли шарқи Афғонистон дорои аҳаммияти стротежӣ аст. Зеро аз як сӯ Исломобод бо истифода аз ин масир ба бозорҳои Осиёи Марказӣ дастрасӣ пайдо мекунад ва аз сӯи дигар, Тоҷикистон низ фурсати баҳрабардорӣ аз зарфияти бандарҳои Покистонро ба даст меоварад. Ҳамчунин ин масир метавонад кишварҳои Ҷануби Осиёро ба бузургроҳи Қароқум васл карда, фазои бозаргонӣ дар минтақаро густардатар кунад.

 

Албатта иҷрои ин тарҳ аз талошҳои арзишманди ҳукумати Тоҷикистон аст, ба манзури раҳойӣ аз бунбасти иртиботӣ, ки на ҳама кишварҳои минтақа иҷрои онро ҷонибдор ҳастанд. Аммо талошҳои ду давлат роҳи амалӣ шудани ин нақшаи муҳимро торафт наздик мекунад. Коршиносон дар иҷрои ин тарҳ авомилеро, аз ҷумлаи мавзӯи субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ муҳимм медонанд. Ёдовар шудани ин мавзӯъ низ муҳимм аст, ки тайи солҳои ахир равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҳиндустон, ки ахирӣ аз рақибони Покистон дар минтақа аст, тавсеъа ёфтааст. Барои мисол, дар соли 2010, ҳаҷми мубодилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар ба беш аз 36 милион доллар расид.

 

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ин ду кишвар асбоби нигаронии Покистон шуда наметавонад. Аммо иштироки Ҳиндустон дар бозсозии фаннӣ-муҳандисии фурӯдгоҳи низомии Айнӣ дар 15 км Душанбе бо ҳазинаи беш аз 20 милион доллар, ки аз 7 соли пеш оғоз шуда буд, ҳамеша ҳассосияти Покистонро бармеангезад. Назар ба навиштаи манбеъи хабарии кишварҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Русия ва Амрико, давлати Ҳинд бо иҷрои ин кор умед дорад, ки саранҷом битавонад ҳадди ақал як эскадрон аз Миг29-ҳои худро дар он мустақар кунад. Албатта ҳеҷ гоҳ Душанбе вуҷуди чунин тавофуқеро таъйид накардааст, вале коршиносони сиёсӣ ва амниятии Русия дар солҳои қабл борҳо ба вуҷуди тавофуқи сеҷонибаи Душанбе, Маскав ва Деҳлӣ барои истифодаи муштарак аз фурӯдгоҳи Айнӣ ишора карда буданд.

 

Тавре маълум шуд, ин мавзӯъ бо мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва диплумотии Покистон рӯбарӯ шуд ва ҳангоме ки Ҳиндустон ҳамкориҳои низомии худро бо Амрико густариш дод, Русия низ ба таври қотеъ бо ин мавзӯъ мухолифат кард ва саранҷом мақомоти тоҷик эълом карданд, ки барои истифодаи муштарак аз ин фурӯдгоҳ танҳо бо Маскав музокира хоҳанд кард. Бо ин ҳама, равобити миёни Тоҷикистон ва Покистон ба марҳалаи нав ворид шуд. Дар Протоколи ҳамкориҳои миёни ду кишвар ба зудтарин фурсат шурӯъ шудани парвози ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе-Исломобод таъкид шудааст. Парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои хусусӣ, ки дар гузашта дар ин масир парвоз анҷом медоданд, номуваффақ будааст.

 

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Исломобод, ба эҳтимоли зиёд дар ин масир парвози ширкатҳои давлатӣ роҳандозӣ шавад. Табодули мол дар соли гузашта миёни Тоҷикистон ва Покистон 21 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон аз Покистон аслан семент, картошка ва дору ворид ва ба он кишвар то кунун пахта, пашм, пӯст содир кардааст. Дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон ин мавзӯъ хеле муҳимм аст, ки Покистон ба унвони яке аз кишварҳои бисёр муҳимми Осиёи Ҷанубӣ, тавонистааст бо бозигарони арсаи байналмилалӣ ва минтақаӣ равобит ва ҳамкориҳои наздик барқарор кунад, ки дар ин росто метавон ба муносиботи Исломобод, Вашингтон, Пекин ва Маскав ишора кард.

 

Аз сӯи дигар, дар марҳалаи нави таҳаввулоти минтақа, тавсиъаи равобит миёни Душанбе – Исломобод, бо манофеъи қудратҳои ҷаҳонӣ дар мухолифат қарор нахоҳад гирифт, ки ин мавзӯъ низ барои мақомоти Тоҷикистон муҳимм аст.

 

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА, шореҳи сиёсӣ, барои «Рӯзгор»

 

Маводҳои дигар муаллиф:

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ФАРЗАНДИ ЯК МОДАРАНД

МУШКИЛИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ОСОНӢ ҲАЛ НАМЕШАВАД

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854