ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ФАРЗАНДИ ЯК МОДАРАНД
Рӯзҳои ахир дар матбуоти кишвар бар сари мавзӯи равобити дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Эрон матолиби гуногун бештар доман густурдааст. Бархе аз таҳлилгарон ва хабарнигорон бо такя ба баъзе аз равишҳои тозаи ҳукумати Тоҷикистон дар баробари равобит дар масоили иҷтимоӣ ва омӯзишӣ бо кишварҳои ҷаҳони ислом, бавижа Эрон, мехоҳанд дар муносиботи ин ду кишвари дӯст заъферо рӯнамо кунанд.
Ҳарчанд роҳбарони ҳама сатҳҳои сиёсии ду кишвар борҳо таъкид кардаанд, ки дар равобити ду кишвар ҳеч мушкиле вуҷуд надорад, вале боз ҳам манобеъи хабарӣ ва бархе таҳлилигарон бар пояйи равишҳои хоси ҳукумати Тоҷикистон дар иртибот ба масоили дохилии худ, мехоҳанд сар задани кадом мушкилро дар равобити дӯстона ва ҳамкориҳои тангтанги ду кишвар пайдо кунанд. Ин мавзӯъ, ба хусус замоне бар сари забонҳо уфтод, ки рӯзи 3-вуми январ сафари гурӯҳи 71 нафарии устодони алифбои форсии мадорис ва донишгоҳҳои Тоҷикистон, ба манзури ширкат дар давраи бозомӯзии хатти форсӣ дар Эрон, ба далоили номаълум ба таъвиқ афтод.
Бояд ёдовар шуд, ки қаблан низ ҳамчунин ҳодиса иттифоқ афтода буд ва ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз сафари гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик ба Эрон ҷилавгирӣ карда буданд. Вале мардуми аҳли донишу таҳлил хуб медонанд, ки дар чанд соли ахир кишвари мо бо доштани хатмкардагони мактабҳои динӣ дар бархе аз кишварҳои минтақа, ба баъзе мушкилиҳои дохилӣ рӯбарӯ шудааст. Гузашта аз ин, мавзӯи сафари хеле аз гурӯҳҳои ақшори гуногун ба кишварҳои хориҷӣ ба масоили иқтисодӣ ва амниятии кишвари мо низ таааллуқ мегирад. Табиист, ки дар чунин сурат, ҳар ҳукумате барои танзим ва таъмини амнияти дохилӣ тадобиреро рӯи даст мегирад, ки ин равиш наметавонад ба пешрафти кишвар халал ворид кунад.
Аммо ин ки гӯё дар равобити ду кишвари дӯсти Тоҷикистону Эрон кадом сардие пайдо шуда бошад, як андешаи ботил беш нест. Мақомоти Тоҷикистону Эрон аз густариши бесобиқаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни ин ду кишвар дар солҳи ахир ҳарф мезананд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кишвари мо ҳамеша Эронро “шарики боэътимоди стратегии кишвараш” хонда ва аз барномаи сулҳомези атомии Эрон пуштибонӣ кардааст. Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ дар як сӯҳбаташ дар ҳафтаи гузашта таъкид дошт, ки дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ҳеч масъалаи ҳалнашуда вуҷуд надорад. Сафири Эрон бо итминон ва қаноатмандӣ аз густариши ҳамкориҳои миёни ду кишвар ёдовар шуд.
Вай гуфт, бар асоси дархости Президент Раҳмон раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ба ниҳодҳои зирабти ин кишвар дастур додааст, то дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бунёд шуда ва мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ба гуфтаи сафири Эрон, ба далели мушкили ҳамлу нақл аз тариқи Ӯзбакистон ҷониби Эрон таҷҳизоти ин нерӯгоҳро бо ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе интиқол додааст. То ҳол 75 тонн таҷҳизоти нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз роҳи ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон мунтақил шуда ва дар назар аст, боз ду тронсформатори ҳар кадоме 140 тонн ва агрегатҳои нерӯгоҳ ба ин тариқ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шавад.
Таври малум, чанде пештар тарафи Эрон иттилоъ дода буд, ки ҳукумати ин кишвар дар садад аст бо сармояи 300 милюн долар дар навоҳии Данғара ва Қубодиён ду корхонаи тавлиди симонтро бунёд кунад. Тавре дида мешавад, ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Эрон анқариб дар ҳама арсаҳо, бахусус иқтисод, қобили тақдир аст ва дар ин раҳгузар наметавон кадом мушкилеро садди роҳ донист. Вале чӣ боис шудааст, ки мавзӯи бозхонди донишҷӯён аз мадориси кишварҳои исломӣ ва таъвиқ дар сафари гурӯҳи устодони алифбои форсии мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон ба Эрон бозтоби сар задани мушкил дар равобити ду кишвар хонда шавад?
Бархе аз коршиносон ин иқдоми давлати Тоҷикистонро “ташдиди мубориза бо идеологияи динӣ” дар кишвар хондаанд, ки аз маҳдудияти пӯшиши исломӣ ва гузоштани риш шурӯъ шуда ва наҳваи ироаи мавъиза дар намози ҷумъа ва ибодат дар масоҷидро низ фаро гирифтааст. Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон дар як мусоҳибаи худ “нерӯҳои динзудо” дар сохтори давлати кишварро интиқод карда ва гуфтааст, ки “мумкин аст ин афрод аз тарси исломӣ шудани Тоҷикистон ба чунин тадбир даст задаанд.” Ҷаноби Ҳусайнӣ гуфтааст, ҷилавгирии ниҳодҳои давлати Тоҷикистон аз ширкати рӯшанфикрони тоҷик дар тадобири фарҳангӣ, омӯзишӣ ё мазҳабӣ дар Эрон имкон дорад дар чигунагии равобити миёни ин ду кишвар асар гузорад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, Эрон ҳамеша аз мавзеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пуштибонӣ карда ва дар ҷараёни мушкилоти трон¬зит аз тариқи Ӯзбакистон дар соли гузашта танҳо Эрон дар пуштибонӣ аз Тоҷикистон садо баланд карда буд. Коршиноси дигар, Сайфулло Сафаров, муъовини аввали раиси Маркази мутолеъоти стратегии Тоҷикистон, гуфтааст масъалаи бозгардонидани донишҷӯён аз мадориси динӣ ё ҷилавгирӣ аз ширкати ҷавонон дар тадобири мазҳабӣ танҳо ба Эрон рабт намегирад. Ба эътиқоди оқои Сафаров “ин иқдоми давлати Тоҷикистон ба манзури танзими раванди таҳсили ҷавонони тоҷик дар муасисоти таҳсилоти олии кишварҳои исломӣ анҷом шудааст.”
Дар ҳамин ҳол, Абдуҷаббор Раҳмонов – вазири маорифи Тоҷикистон низ зимни сӯҳбате таъкид кард, ки дар дохили Тоҷикистон барои омӯзиши аркони ислом ва Қуръон ҳеч мушкил ё мавонеъ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи мақомоти ин вазорат, дар соли гузашта ҳудуди 500 тан аз духтарону занони тоҷик дар Маркази фарҳангии сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе аз давраҳои семоҳаи омӯзиши Қуръон ва алифбои форсӣ фориғ шудаанд. Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ теъдоди бурсҳо дар донишгоҳҳои Эрон барои донишҷӯёни тоҷик аз 150 то 250 адад афзоиш ёфтааст.
Бархи дигари коршиносон далели ба гуфтаи онҳо “тағйири сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Эрон»-ро ба фишорҳои Амрико ва Русия иртибот додаанд. Ин дар ҳолест, ки Русия Иронро қудратмандатарин кишвари минтақа медонад ва миёни ду кишвар равобити солим вуҷуд дорад. Як моҳе пештар Михаил Морглев, раиси кумисиюни равобити хориҷии Шӯрои федератсияи Русия эълом карда буд, ки пас аз сарнагунии режими Саддом Ҳусейн, Эрон ба қавитарин кишвари минтақа табдил шуд.
Ба гуфтаи ин мақоми Русия, Эрон тавре рафтор мекунад, ки нишон медиҳад аз нақши ҷадиди худ дар минтақа ва мавқеъияти роҳбурдии худ бохабар аст. Ирон як бозигари муҳим дар минтақа ва як бозигари муҳим дар сиёсати дохилии Ироқ, Лубнон, Сурия ва дигар кишварҳои ҳамҷавор аст. Ба ҳамин асос, мушкил аст бовар кард, ки ниёзмандиҳои Русия бо Эрон ва Тоҷикистон дар қиболи равобити солими стратегӣ битавонад дар муносиботи пураҳмияти ин ду кишвар халал эҷод кунад.
Тавре аз гуфтаҳои коршиносон бармеояд, равиши нави сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон дар иртибот ба таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадориси кишварҳои исломӣ ва таъвиқ дар сафари устодони алифбои форсӣ ба Эрон сиёсати хос дар қиболи Эрон нест, балки бештар як масъалаи дохилии худи кишвари мост. Ба ин далел, наметавон гуфт, ки дар равобити Тоҷикистон бо Эрон заъф ё сардие пайдо шудааст.
Дуруст бар пояйи муштаракоти умумӣ: ториху, забону фарҳанг ва дину ойини якранги ду кишвар, Эрон дар замони истиқлолияти кишвари мо дар арсаҳои мухталиф корҳои эҷодкории арзишмандеро анҷом додаст, ки намунаи онро дар ҳамкории кишварҳои дигар бо Тоҷикистон ёфтан наметавон. Эрон аз ҷумлаи нахустин кишварҳоест, ки пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе боз кардааст. Дар пайи истиқрори сулҳ ва субот дар Тоҷикистон дар авохири даҳаи 1990 нахуст равобити фарҳангӣ ва баъдан ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва низомӣ миёни Тоҷикистону Эрон густариш ёфт. Тунели “Истиқлол” ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз бузургтарин пружаҳои Эрон аст, ки дар Тоҷикистон анҷом мешавад.
Тоҷикистон дар ҳавзаи географии мавзеъи худ бо ҳамсояҳои гуногун қарор дорад ва кишваре чун Ӯзбакистон мехоҳад дар ҳама корҳои ин кишвар дахил бошад ва барои расидан ба ин ҳадаф аз ҳеч гуна фишанги таъсир рӯй наметобад. Вале бештарини коршиносон равиши якранг, қотеъ ва бунёдии Президент Раҳмонро дар баробари сиёсатҳои муғризонаи ҳукумати Ӯзбакистон роҳи сиёсии солим дониста ва бархе ҳам ин равишро ватандӯстонаву миллатсоз унвон кардаанд. Аз сӯи дигар, Русия дар сиёсати кишвари Тоҷикистон таъсироти хос дорад ва ҳамзамон ба равобити ҳасана бо кишвари мо ниёзи мубрам дорад.
Вале Русия ҳам ба унвони кишвари бозигари сиёсӣ назар ба манофеъи худ дар авоили соли 2009 дар масоили манобеъи обу энержии Осиёи Марказӣ аз мавзеъи Ӯзбакистон пуштибонӣ кард. Аммо сиёсати Президент Раҳмон бетағйир боқӣ монд. Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ масири дурустро интихоб кард ва дар эҷоди иттиҳоди кишварҳои форсизабон ҳарфи аввалро гуфт. Бо гузашти 3-4 сол аз оғози ин раванд, мо шоҳид ҳастем, ки Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаи ҳимоят аз манофеъи худ корҳои чашмрасе ба иҷро мерасонанд.
Ҳарчанд бо дарназардошти бофти сиёсӣ ва иқтисодии ин кишварҳо дар ҳамгироии онҳо гоҳе ноҳамвориҳое ба назар мерасад, аммо ин наметавонад садди роҳи густариши ҳамгироии усулии онҳо бошад. Ба андешаи ман, сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам Эрон дар қиболи якдигар як сиёсати солим, дӯстона ва бидуни рӯю риё – яъне як равобити усулист, ки ҳар мавзӯъи хурду камарзиш кудрати гусастани торҳои ин каманди бузурги бародариро надорад.
Аҳмадшоҳи КОМИЛЗОДА, таҳлилгари сиёсӣ, барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4427-tojikistonu-iron-farzandi-yak-modarand.html