НУХБАГОНИ ТОҶИК ДАР БОРАИ МИСР ВА КАНОРАГИРИИ МУБОРАК
Эътирозоти ҳаждаҳрӯза дар Миср ва канорагирии Ҳуснӣ Муборак пас аз 30 соли зимомдории ин кишвар бисёре аз таҳлилгарону соҳибназаронро дар кишварҳои мухалифи ҷаҳон ба тафаккур водошта ва суолотеро матраҳ кардааст, ки нухбагон мехоҳанд ба онҳо ҷавоб гӯянд. Миср аз муҳиммтарин кишварҳои арабӣ ва аз муттаҳидони Ғарб ба шумор мерафт ва бо Исроил низ нисбат ба ҳар кишвари дигари арабӣ ё исломӣ равобити беҳтаре дошт.
Ҳоло бисёриҳо чашм ба таҳаввулоти Миср дӯхтаанд, то бубинанд инқилобе, ки ҳам ғарбгароён ва ҳам ғарбситезон аз он баробар истиқбол кардаанд, чи паёмадҳое барои минтақа ва ҷаҳон хоҳад дошт. Имрӯз ҳама ҷо ин суолот матраҳ аст, ки равобити давлати ояндаи Миср бо Омрико ва кишварҳои урупоӣ ва бо Исроил чигуна хоҳад буд? Равобити Миср бо Эрон чигуна хоҳад буд? Чи гурӯҳе ба қудрат хоҳад расид ва сиёсатҳоро чигуна таъйин хоҳад кард? Ин таҳаввул бар соири кишварҳои дигар дар ҷаҳони ислом ва араб, аз ҷумла дар Осиёи Миёна, ки маъмулан худкома ё мустабид таъриф мешаванд, чи асароте хоҳад гузошт?
Аз назари фарҳангӣ ва тамаддунӣ Миср ба куҷо меравад? Ба сӯйи арзишҳои секулор ё татбиқи фароизи мазҳабӣ? Кадоме аз ақшори ҷомеъа бештар таҳти таъсир қарор мегиранд? Ин дигаргунӣ барои занони мусалмон ва араб чи аҳаммияте дорад? Бархе аз нухбагони фарҳангию сиёсии Тоҷикистон ҳозир шуданд бо мо ва шумо назароташонро дар бораи паёмадҳои ҳаводиси Миср ва ояндаи ин кишвар дар миён гузоранд:
Акбари ТӮраҷонзода, сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруф:
"Он чи дар Миср гузашт, воқеъан як ҳодисаи фавқулъода ва таърихӣ ва хеле ҳам тақдирсоз барои кишварҳои исломӣ ва арабӣ маҳсуб мешавад. Зеро Миср як давлати бузург аст, зарфиятҳои бузурги фарҳангиву диниву иқтисодӣ дорад ва аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам дар минтақа аз кишварҳои дорои иқтисоди муҳим аст.
Ман гумон мекунам, ки аз байн рафтани режими Муборак, ки 30 сол болои мардуми Миср бо роҳҳои фиребу тақаллубкорӣ ва бо пуштибонии кишварҳои ғарбӣ ҳукумати худро таҳмил карда буд, воқеъан ҳам боъиси хурсандии на танҳо мардуми Миср, балки тамоми кишварҳои араб, аз Халиҷ гирифта, то кишварҳои арабии шимоли Офриқо, монанди Мавританияву Мағрибу Тунису Алҷазоиру Либиву, хуб, кишварҳои атрофи минтақаи худи Миср, мисли Сурияву Урдуну Лубнон, Фаластин, шудааст ва мардум бисёр хурсандӣ карданд. Аз ҳама ҷолиб ин буд, ки раҳбарони кишварҳои ғарбӣ, Омрикову Урупо, ҳам аз ин тағйирот хеле пуштибонӣ карданд, ҳарчанд онҳо ҳадафҳои худашонро доранд.
Ман гумон мекунам, ки ин таҳаввулот таъсири бисёр муҳимме (дар минтақа ва ҷаҳон) дорад, зеро дар байни як моҳ ду режими истибдодӣ, ду режими авторитарӣ, ду диктотур аз байн рафтанд, ки дарозъумр буданд. Ва ин маҷбур мекунад, ки кишварҳои дигар дар ин масъала фикр кунанд, хусусан кишварҳое, ки режимҳои авторитарию диктотурӣ доранд. Ва дар оянда, ба фикри ман, навбати Алҷазоир аст, дар Алҷазоир ҳам мумкин аст ин корҳо шурӯъ шавад.
Ман боварии комил дорам, ки сиёсати Миср дар масъалаи сулҳи Ховари Миёна низ тағйир мекунад, зеро робитаи байни Мисру Исроил робитаи ду кишвар набуд, робитаи байни низоми Муборак ва режими Исроил буд. Ва мардуми Миср тарафдори робитаҳои дӯстию бародарона бо кишваре, ки сарзамини кишварҳои арабиро истило кардааст, набуданд. Азбаски Исроил сарзамини Фаластин ва як қисмати Сурия ва баъзе аз минтақаҳои Лубнонро ишғол карда ва намехоҳад давлати Фаластин тибқи қарори СММ дар сарзамини таърихии худашон ташкил шавад, мардуми Миср аз ин ҳамкориҳо хурсанд набуданд.
Аз ин рӯ, дар ҳамин 15-18 рӯзе, ки музоҳирот (тазоҳурот) мерафт, ягона давлате, ки аз идомаи музоҳирот ва барканории Муборак ибрози норозигӣ мекарду нигаронӣ мекард ва кишварҳои ғарбиро ҳатто сарзаниш мекард, ки ба қадри кофӣ аз Муборак пуштибонӣ намекунанд, ин Исроил буд. Ва сарвазири Исроил, вазири дифоъи Исроил, вазири хориҷии Исроил буд, ки ман суханонрониҳояшонро аз Би-би-сии арабӣ, аз Алҷазира, аз Алъарабия шунидам. Ман гумон мекунам, ҳатман тағйироте (дар равобити Миср бо Исроил) мешавад, яъне Миср сиёсате пеш мегирад, ки ба манфиъати ҳам мисриҳо бошаду ҳам арабҳои дигар. Равобити Миср бо Эрон дар гузашта хеле бад буд. Албатта, Миср яке аз муттаҳидони аслии Омрико дар минтақа буд ва Эрон мухолифи Омрико буд, аз ин хотир, ин ду кишвар бо якдигар бисёр ҳам робитаи бад доштанд. Ман гумон мекунам, ки ин робита ҳам шояд дар оянда беҳтар шавад."
Мунира ШаҳидӢ, устоди донишгоҳ, ховаршинос:
"Агар аз нигоҳи тамаддунӣ ба ҳаводиси Миср нигоҳ кунем, ба назари ман, он ҷараёне, ки имрӯз мо мебинем, бисёр ҷараёни хубест. Ин як навъ бедоршавист ва ман бо назари мусбат ба он менигарам. Бино бар ин, ман фикр мекунам, ки робитаҳои Миср дар оянда ҳам бо кишварҳои Шарқ ва ҳам бо кишварҳои Ғарб бояд бадурустӣ ва хуб инкишоф ёбад.
Ман бисёр занони муборизро дар кишварҳои арабӣ ва дигар кишварҳое, ки аз лиҳози фарҳангию маънавӣ бо мо наздиканд, мешиносам. Ва боварии комил дорам, ки ин ҷунбишҳо ва ин талабот ба хотири демукротик сохтани ҷомеъа аст ва як навъ адолатхоҳиву навоварихоҳона аст. Ман фикр мекунам, ки ин гувоҳи як ҷунбиши озодихоҳона аст, ҳамон ҷунбише, ки дар давоми 100-150 сол боз кишварҳои арабро фаро гирифтааст. Таҳаввулоти Миср яке аз натиҷаҳои ҳамин ҷунбиши бисёрсола аст. Бино бар ин, аз ин намоиши озодихоҳона ҳам занҳо бурд мекунанд ва ҳам худи ҷомеъаҳое, ки дар кишварҳои араб имрӯз ҳастанд.
Ман дар бисёр донишгоҳҳои кишварҳои арабӣ дарс додам ва дарси робитаҳои фарҳангӣ додам ва бо вазъият аз дохил каму беш ошно ҳастам. Назари ман дар бораи таъсири эҳтимолии ин ҳаводис ба занон хеле мусбат аст. Мо фақат аз ҷиҳати мусбат назар мекунем ва фикр мекунем, ки агар гурӯҳҳои дигаре ҳастанд, ки масалан, боз ҳам мехоҳанд зулм ба сари зан биёранд, онҳо акнун дар ин вазъияти таърихӣ пирӯз нахоҳанд шуд. Занҳо ҳам бедор шуданд, занҳо ҳам мехоҳанд, ки озод шаванд, дар ҷараёни тамаддунофаринӣ дар як фазои нави ҷаҳонӣ ширкат варзанд. Бино бар ин, ин як ҷараёнест, ки пеши роҳашро намешавад гирифт.”
МӮъмин Қаноъат, шоъири маъруф:
“Воқеъан, дар кишварҳои шарқӣ ва исломӣ анъанаю андешаю ҷаҳонбинии куҳан боқӣ мондааст, ки даъвои демукросию бозсозию таҳаввулот мекунанду барномаҳоеро тарроҳӣ мекунанд, вале вақте ки кор ба бунбаст мерасад, ҳамон барнома, ки комилан иҷро намешавад, кор ба ин ҷо мекашад.
Ҳуснӣ Муборак ҳам барномаҳои бисёр саҳеҳе дошт, ки мехост дар ҷараёни чанд сол истиқлоли комили иқтисодию иҷтимоъии Мисрро таъмин кунад ва ояндаашро равшан кунад, вале дар фурсатҳои ахир кор ба дараҷае расид, ки ба бӯҳрони бисёр ҷиддие гирифтор шуд. Чизе ки ваъда карда буд, амалӣ нашуд, иқтисод пеш нарафт, барномае, ки ваъда карда буд, иҷро нашуд. Ба ин хотир, вақте ки дар ҷаҳони имрӯз барномаҳои бузургеро тарроҳӣ мекунед ва он ҷомаи амал намепӯшад, нерӯҳои навхезе ҳастанд дар ҳар кишвар, нерӯҳое, ки андешаи нав доранд, замонавӣ ҳастанд, дар ҳамаи масоил аз рӯйи маърифати кунунӣ сӯҳбат мекунанд, шояд онҳо норозӣ шуданд.
Дуюм ин ки муддати бисёр тӯлоние дар сари қудрат мондан аз рӯйи ахлоқ ҳам чандон саҳеҳ нест. Аз рӯйи усули демукросӣ ҳам, ин қадар муҳлати тӯлонӣ дар як вазифа будан аз имкон берун аст, аз қудрати инсон берун аст, баъд дилбазан ҳам мешавад, таҳаввулоти ҷиддӣ, ки нашуд, мардум ҳам хаста мешаванд. Шояд ҷанбаи дигар ҳам бошад, ки аз хориҷ сарманшаъ мегирад. Шояд ҳувияти арабии дохилӣ (водоштааст, ки мардум) бо сиёсате, ки аз берун интиқол мешуд ва раҳбарӣ мешуд, розӣ нашуданд, натавонистанд онро таҳаммул кунанд ва билохира тазоҳурот карданд. Шояд ин барои дигарон сабақ шавад. Беҳтарин натиҷааш низ ҳамин аст, ки шояд ин барои дигарон сабақ шавад.
Ман ба бисёре аз кишварҳои арабӣ аз замони Шӯравӣ то кунун сафар кардаам, дар Миср аз рӯйи барнома набудам, вале ба таври тронзитӣ убур кардам. Ба кишварҳои дигар, монанди Мадагаскару Яману дигар кишварҳо, ки мерафтам, аз Миср мегузаштам, чун роҳамон аз ҳамон ҷо буд. Ба ҳар ҳол, ман дар Миср бисёр будам, бо зиёиёнаш, нависандаҳояш, донишмандонаш ошно ҳастам. Онҳо ҷаҳонбинии нав доранд, андешаву ормонҳояшон нав аст, маърифати онҳо нисбат ба кишварҳои арабии дигар баландтар буд, диди таърихӣ ҳам доштанд, диди замонавӣ ҳам доштанд ва Миср шоъиру нависандаҳои бисёр тавоное дорад.
Ба ин хотир, ман аз ин ҷараёнҳо, аз ин корҳову сиёсатҳои куҳану наву истиқлолписандии кишварҳои арабӣ то ҷойе огоҳӣ дорам. Ба Тунис ҳам се бор рафтам, аксари нависандагону донишмандонашро мешиносам. Масалан, Музаллиро мешинохтам, ки раиси Итиҳодияи нависандагон буд, Мустафо Алфорсиро мешинохтам ва бо онҳо дӯст ҳам будем. Бо нависандагони Миср ҳам шинос ҳастам. Дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бо ҳам сӯҳбат мекардем, баҳс мекардем. Зиёиёни ин кишварҳо назароташон нав аст, андешаи миллияшон нисбат ба андешаҳои дигарашон волотар ва баландтар аст. Андешаи миллӣ, худогоҳӣ ва башардӯстӣ: дар миёни рӯшанфикронашон ин як раванд аст, як раванди бисёр саҳеҳ ва равшани замонавӣ. Вале дар қишрҳои дигари ҷомеъа назарҳо дигаранд, мухталифанд ё бо инҳо мухолифанд.
Дар Фаластин Маҳмуд Дарвеш ва Муъин Бсису ду шоъири бузурге ҳастанд, ки дар кишварҳои арабӣ дар баробари онон шоъир набуд, дар пояи шеъру шоъирии онон ва ватандӯстии онҳо касе набуд.Муъин Бсису ва Маҳмуд Дарвеш ба низомҳои дохилӣ ва ҳатто ҷунбиши муқовимати Фаластин ҳам чандон розӣ набуданд, на ба Ҳамосу на ба он дигараш. Онҳо таҳаммулпазириро ташвиқ мекарданд, мегуфтанд, ки мо бояд ба атроф назар кунем, бубинем, ки бо ки сару кор дорем, чун мо дар ҷаҳони имрӯз зиндагӣ мекунем. Зиёиёни араб чанд гом пештар аз қишрҳои дигари ҷомеъа ҳастанд. Бахусус нависандаҳо ва олимонаш бисёр пешрафта ва дидгоҳҳояшон бисёр хубу саҳеҳу равшан аст. Гумон мекунам, барои зиёиёни араб инқилоби Миср аз боби илҳому хушиву хушнудӣ ҳам падидае шуд, ки мардумро бисёр хушҳол кард.
Вақте ки Анвар Содот дар сари қудрат буд, дар ҷанги Эрону Ироқ бисёр ба муқобили Эрон корҳо ва амалиёти бад зиёд кард, бисёр кумак мекард алайҳи Эрон. Баъд, аз ин тараф мо ҳам кӯшиш кардем, ки ба мардуми Эрон, ки гирифтори ҷанг буданд, таваҷҷӯҳ кунад, кумак кунад, ки накард. Ҳамон душманияш то ба охир боқӣ монд. Ба ҳар ҳол, ҳам миллатчӣ буду ҳам зидди андешаи эронӣ буд. Аз ин рӯ, ман чандон таваҷҷуҳи хубе ба ӯ надоштам. Ҳуснӣ Муборак аз ҳама бештар андешаи зиддиэронӣ дошт. Гумон мекунам, таъсири нахусти ҳаводиси Миср ин аст, ки дар кишварҳои арабие, ки низоми яккатозӣ ва шеваи ҳукумати шарқӣ доранд, яъне ҳокими мутлақ будан бо ҳамин роҳ шикаста шуд. Яъне ҳар рақаме, ки хоҳанду чи қадар, ки мехоста бошанд ва то чи замоне ки мехоста бошанд, бояд сари қудрат бимонанд. Ммо дигар ин тур намешавад. Дар ҷаҳони имрӯз бояд ҳама чизро огоҳона дидаю шинохта ва аз рӯйи ростӣ рафтан лозим аст.
Мардум бояд аз рӯйи ҳамон қонунмандӣ, ки дар ҳар кишвар ҳаст, аз рӯйи қонуни асосиву қонунҳои дигар амал кунанд. Яъне агар аз хатти қирмиз убур кардӣ, ба харобӣ мебарад, натиҷааш қонуншиканӣ мешавад, баъд аз он норизоятии ҷомеъа ба миён меояд, ақшори дигари ҷомеъа эътироз мекунанд, билохира боз кор ба расвоӣ мекашад, тарки ватану корҳои носавоби дигаре мешавад. Баъдан, якравии як гурӯҳ сабаби бадномии миллат мешавад. Шояд ин рӯйдод барои дигарҳо ҳам сабақ шавад, ҳамон гуна ки қаблан дар Тунис ҳам чунин як дигаргунӣ шуд ва шояд дар кишварҳои дигар ҳам шавад. Беш аз ҳама, умеди ман бар ин аст, ки дар натиҷаи ҳамин корҳо шояд ба Эрон дигар зиёд фишор наоранд, фишор дар мавриди барномаи ҳастаияш ва масоили дигар. Шояд ҳамин сабаб шаваду фишор бар Эрон камтар шавад."
Иброҳим Усмон, сиёсатмадор ва устоди донишгоҳ:
“Ман гумон мекунам, ба воқеъаҳое, ки дар Миср дар 18 рӯзи ахир рух дод ва таваҷҷӯҳи тамоми ҷаҳонро ҷалб кард, ҳар кас аз ҳар минтақа бо диди худ нигоҳ мекунад. Барои ман, муҳимтаринаш ин аст, ки татбиқи демукросӣ бояд дар амал бошад, на дар сухан. Барои ман таъаҷҷубангез аст, ки шахсоне, ки бо роҳи демукротик ба қудрат мерасанд, чаро ба ин ҳадде мерасанд, ки дигар намехоҳанд демукросиро эътироф кунанд.
Мисолаш ҳам ин аст, ки 30 сол боз дар сари қудрат танҳо Ҳуснӣ Муборак буд. Ё бисёр роҳбароне, ки дар минтақаи пасошӯравӣ зоҳир шуданд, масалан, моҷарои бисёр аҷибе, ки ахиран дар Қазокистон ба миён омад ва гӯё талоше ҷаълӣ барои тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ буд ва сипас, замони интихоботи президентӣ эълом шуд. Ҳам Ҳуснӣ Муборак, ҳам фаразан, Лукашенко ё Назарбоев, барои кишварҳои худ воқеъан корҳои бисёре кардаанд. Масалан, Ҳуснӣ Муборак Мисрро ба яке аз мамлакатҳои мутараққии ҷаҳони араб табдил дод, Назарбоев як шаҳри нав бунёд кард ва маъоши мардуми қазоқ шояд баландтар аз бисёриҳост, тарзи зиндагии иҷтимоъӣ дар Белорус аз мамлакатҳои дигар хеле беҳтар аст.
Вале ман гумон мекунам, ки ҳамаи ин чизҳо ҳаргиз ба роҳбар ё касе, ки дар сари қудрат аст, набояд иҷоза диҳад, ки вай барои дароз кардани мӯҳлати роҳбарияш талош кунад ва қонунро ба манфиъати худаш мувофиқ кунаду пеш равад. Аз ҳамин нуқтаи назар, ман гумон мекунам, он чи дар Миср иттифоқ уфтод, барои тамоми дунё як навъ сабақ аст, ки андеша кунанд: оё шарт аст барои нигоҳ доштани курсӣ ба муддати беохир мардуми худро ба ҳолати ҷанг оранд, мардуми худро ба аҳволи бад гирифтор кунанд? Сабақи Миср барои тамоми дунё, ман гумон мекунам, ҳамин аст.
Ҳоло ба сари қудрат ки меояд, тарафдорон ё мухолифони Ҳуснӣ Муборак, барои ман муҳим нест. Ҳар нерӯе, ки имкони бо роҳи қонунӣ ба сари қудрат омаданро дорад, бояд биёяд. Барои ман муҳим он аст, ки ҳамон меъёри демукросиро риъоят кунанд. Ҳеч вақт беш аз замони муъайяншуда ҳукмронӣ кардан ҳеч давлатеро ба некӣ наорвардааст ва намеорад. Агар дар Миср воқеъан онҳое, ки тарафдори Ҳуснӣ Муборак ҳастанд, пирӯз шаванд, ман гумон мекунам, ки ин барои мисриҳо ҳеч зараре надорад. Муборак муқобили мардуми Миср набуд, вай танҳо аз вазифа рафтан натавонист. Ин аст камбудии Ҳуснӣ Муборак. Ва дар байни пайравони Ҳуснӣ Муборак одамоне, ки тавонанд сабаби тараққии Миср шаванд, кам нестанд.
Аз ҷониби дигар, дар байни онҳое, ки ба муқобили Ҳуснӣ Муборак мубориза карданд, ман гумон намекунам, ки ҳамаи он нерӯҳои сиёсӣ нерӯҳои барои замони имрӯз пешқадам бошанд. Барои ҳамин ҳам, ҳар гурӯҳи сиёсӣ, ки дар муҳити Миср имкони ба қудрат расидан дошта бошад, агар биёяд ва агар бо роҳи қонунӣ биёяд, ман гумон мекунам, кори дурусте хоҳад буд. Ҳаводиси имрӯзи Миср қобили муқоиса бо ҳаводиси даҳаи 1990 дар Тоҷикистон нест. Тоҷикистон он замон ягона давлате буд, ки раҳбари кумунистияш боқӣ намонд. Масалан, дар Ӯзбакистон Каримов аз замони шӯравӣ роҳбар буд ва имрӯз ҳам роҳбар аст, дар Қазоқистон Назарбоев дар замони шӯравӣ роҳбар буд ва имрӯз ҳам роҳбар аст, дар Туркманистон туркманбошӣ аз замони шӯравӣ то замони вафоташ роҳбарӣ кард.
Дар Тоҷикистон Маҳкамов ва Набиев роҳбарони шӯравие буданд, ки соли 1992 ҳукуматашон аз миён рафт. Яъне он ҳукумат давом накард, ҳукумати дигар ба вуҷуд омад. Вазъияти он рӯзи мо ба вазъи кунунии Миср шабеҳ нест, зеро он замон дар Тоҷикистон одамҳое, ки дар сари қудрат буданд ё атрофиёни онҳо ба қудрат нарасиданд. Аммо дар мавриди вазъи кунунии Тоҷикистон, масъалаи тӯлонӣ шудани давраи роҳбариро бояд дар чорчӯби вазъияти умумии имрӯзаи пасошӯравӣ ва махсусан, дар чорчӯби вазъияти имрӯзии Осиёи Миёна нигоҳ кард. Тақрибан, ҳамаи давлатҳои Осиёи Миёна, ба ҷуз Қирғизистон, дар ҳамин вазъиятанд. Пас, ҳанӯз мо дар марҳилае қарор дорем, ки демукросӣ истиқрор пайдо накарда ва мустаҳкам нашудааст ва мо ба самти он равон ҳастем.
Албатта, муҳити Тоҷикистон дигар аст, муҳити ҳамсояҳои мо дигар аст, лекин вазъи умумӣ ба ҳам таъсир дорад. Барои мо, дар амри дастёбӣ ба демукросӣ шояд Русия бештар метавонад намуна бошад. Русия имкон ёфт, ки ҳукуматро ба таври демукротик дигар кунад (албатта бисёриҳо онро демукросии комил ҳисоб намекунанд ва ин баҳси дигар аст), вале худи зоҳири демукросӣ, масалан, ин ки ду бор роҳбараш дигар шуд, худаш як сабақ аст. Ман намехоҳам Тоҷикистонро бо вазъияти Қирғизистон ё Гурҷистон муқоиса кунам, вале роҳе, ки ба таври орому мусолиматомез ба демукросӣ мебарад, алакай як намунааш (Русия) вуҷуд дорад. Ва барои мо, аз ҳамин намуна пайравӣ кардан беҳтар аст, то ки сабабгори гапҳои даркору нодаркор дар муҳити сиёсии ҷаҳон нашавем."
Давлат Усмон, сиёсатмадор, аз раҳбарони мухолифини пешин:
“Ман фикр мекунам, ки баъд аз рафтани Муборак дар Миср, ки як кишвари бисёр пурқудрати минтақа буда ва ҳоло аз ҷониби артиш ва дигар сохторҳои қудратӣ идора мешавад, шояд як гуфтушунид байни мухолифон (албатта, мухолифон ҳам муттаҳид нестанд, зеро бисёриҳо инқилоби Мисрро як инқилоби кӯчагӣ меноманд), аммо ба ҳар ҳол, гуфтушунидҳо сурат мегирад.
Ман фикр мекунам, ки баъд рафтани Мубоарак ҳам интихоботи порлумонӣ ва ҳам интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сареъулвақт, яъне пеш аз вақт, доир мешавад. Агар ин чизҳо сурат нагирад, шояд доманаи мушкилот васеътар шавад, шояд дигар бархӯрдҳо шавад, аммо агар ин чизҳо шавад, ман фикр мекунам, ҳамон гуна ки то ҳол инқилоб кунтрулшуда аст, субот ба ҷомеъа бармегардад. Чунки имрӯз вазъияти ҷаҳон талаб мекунад, ки режимҳои худкома ислоҳ шаванд ва оҳиста-оҳиста аз байн бираванд. Тараққиёти босуръати ҷаҳон, хусусан дар бахши иттилоъотӣ, ки сатҳи тафаккури сиёсии мардумро боло мебарад, ин чизро талаб мекунад.
Дар ғайри ин сурат, албатта, дар ин ҷоҳо қудратҳо бо зурӣ дигаргун мешаванд, ки ин ҳам кишварҳои пешрафтаро ва ҳам амният дар минтақаро таҳдид мекунад. Ба ҳамин хотир, ман фикр мекунам, ки минбаъд, яъне базудӣ байни мухолифин ва касе, ки имрӯз ҷонишини Муборак шудааст, як тавофуқ дар мавриди баргузории интихоботи зудҳангом сурат мегирад.
Рафтани Муборак ин хатми ҳукуматҳои худкома дар минтақа, хусусан дар Миср, аст ва таъсири он ҳатман дар кишварҳои дигари минтақа, ки чунин ҳукуматҳои худкома доранд, базудӣ пахш хоҳад шуд. Замоне ки дар кишварҳои исломӣ ин гуна иттифоқот намеуфтод, он вақт худи ҷаҳон ҳам то ба ин андоза пешрафта набуд. Манзурам дар бахши иттилоъотӣ аст. Ва абарқудатҳо метавонистанд дар кишварҳои мусалмонӣ бозиҳои пасипардагӣ дошта бошанд.
Имрӯз Викиликс ва васоили дигар нишон дод, ки бозии пасипардагӣ кардан, яъне демукросибозиву демукросиро коғазӣ кардан хеле хатарнок аст ва ба ҳамин хотир, ин иттифоқот дигар ба як воқеъият табдил мешаванд, на ба ҳодисае нодир, ки камтар иттифоқ меуфтад. Дар мавриди Тоҷикистон, ман фикр мекунам, пеш аз ҳама бояд ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ дар ин ҷо сареътар анҷом шавад, то ки мо, масалан, бо чунин бӯҳронҳо дучор нашавем. Мо битавонем ин бӯҳронро паси сар кунем, чунки мо як бӯҳрони хеле қавӣ дар соли 1992 доштем, ки хеле зарарҳо дидем. Ман фикр мекунам, ки шояд ҳукуматдорони мо аз ин таҷруба хуб истифода кунанд.”
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4424-nukhbagoni-tojik-dar-borai-misr.html