00:54:32 01-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НОРИЗОЯТИИ ҲИЗБИ МУХОЛИФ АЗ ТАСМИМИ ДОДГОҲ

Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мусавабаи ҳайъати мушовараи Додгоҳи олиро дар қиболи шикояти...


Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мусавабаи ҳайъати мушовараи Додгоҳи олиро дар қиболи шикояти ин ҳизб нисбат ба тасмими Кумисиюни марказии интихобот ғайривоқеъӣ арзёбӣ кард.


Ҳайъати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар раъси Лола Хоҷаева рӯзи чаҳоршанбеи 22 июл зимни баррасии баҳси миёни Ҳизби наҳзати исломӣ ва Кумисиюни марказии интихоботи ин кишвар ҳукми Додгоҳи олиро бидуни тағийр гузошт ва шикояти ҳизбро радд кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон ба таърихи 1 июни соли ҷорӣ дархости Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) барои лағви тасмими Кумисиюни марказии интихобот дар бораи радди таъйиди номзади дигар ба ҷойи яке аз нмояндагони собиқи ҳизб дар порлумонро ба нафъи ин кумисиюн ҳал кард.

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ рӯзи 25 май бо такия ба моддаи 57–и қонуни интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мавриди радди номзадии Маҳмадалӣ Ҳайит барои касби мақоми намояндагӣ дар порлумон ба ҷойи Муҳаммадшариф Ҳимматзода тасмим гирифта буд. Ин дар ҳолест, ки намояндаи Кумисиюни марказии интихобот дар нишасти имрӯзи ҳайъати мушовараи Додгоҳи олӣ ширкат надошт.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ин ҳизбро дар нишасти ҳайъати мушовараи Додгоҳи олӣ намояндагӣ мекард, ба хабарнигорон гуфт: “Мусаввабае, ки ҳайъати мушовара содир кард, бар асоси муқаррароти қавонини кишвар сурат нагирифта ва ҳизби наҳзат ба ҳеҷ ваҷҳ қонеъ нахоҳад буд.”

Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, мусаввабаи ҳайъати мушовараи Додгоҳи олӣ далели он аст, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон истиқлол надоранд ва муқаррароти қонун ба таври бояду шояд мавриди иҷро қарор намегирад.

 

Ин дар ҳолест ки Хуршед Холиқов, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, мегӯяд ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба дархости ҳизби наҳзати исломӣ барои лағви тасмими Кумисиюни марказии интихоботро қонунӣ медонад. Ба гуфтаи оқои Холиқов, тибқи қисми 4 моддаи 57–и қонуни интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон, “агар вакили Маҷлиси Намояндагон камаш як сол пеш аз интихобот ваколаташ қатъ гардад, интихоботи нави вакили Маҷлиси Намояндагон ба ҷойи вакили ваколаташ қатъгардида гузаронда намешавад.”

Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ин тақозои моддаи 57–и қонун, ки Кумисиюни марказии интихобот ва Додгоҳи олӣ низ ба он такия мекунанд, ба намояндагони порлумон, ки тибқи феҳристи ҳизбӣ интихоб шудаанд, рабт намегирад.

Оқои Сайфуллозода бар ин назар аст, ки тибқи қисми 2 моддаи 57, Маҳмадалии Ҳайит, номзади ин ҳизб, ҳақ дорад ба ҷойи Муҳаммадшариф Ҳимматзода, вакили пешини ҳизб, узви порлумон шавад.

Ҳикматулло Сайфуллозода дар ҳоле ки аз мусаввабаи Ҳайъати мушовараи Додгоҳи олӣ башиддат изҳори норизоятӣ кард, гуфт: “Ҳизби наҳзати исломиии Тоҷикистон нисбат ба ин мусавваба ба раёсати Додгоҳи олӣ, ки зинаи болоӣ дар ин додгоҳ аст, шикоят хоҳад бурд.”

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки пештар узви Маҷлиси Намояндагон буд, дар авоили моҳи апрели соли ҷорӣ аз узвияти худ даст кашид.

Оқои Ҳимматзода далели истеъфои худ аз порлумонро ба чопи матолиби интиқодии вай дар “Наҷот”, нашрияи ҳизби наҳзати исломӣ дар мавриди нукоти қонуни ҷадиди “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва дар пайи он ба дастури раиси Маҷлиси Намояндагон маҳрум шудани ӯ аз имтиёзҳои намояндагӣ марбут хонда буд.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ бар асоси феҳристи ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат маҳсуб мешавад, дар интихоботи порлумонӣ дар соли 2005 узвияти Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистонро касб карда буданд.

Баҳсҳои додгоҳии Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳолест, ки то интихоботи ояндаи Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон камтар аз 8 моҳи дигар боқӣ мондааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi