13:57:18 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ БА МУНОСИБАТИ 20-СОЛАГИИ ҚОНУНИ ЗАБОН

 

Ҳамватанони азиз! 

Пагоҳ аз рӯзи таърихии қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи забон таҷлил мегардад, бист сол сипарӣ мешавад. Дар ин фосилаи начандон тӯлонии таърихӣ дар кишварамон таҳаввулоту дигаргуниҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба вуқӯъ омаданд, ки муҳимтарини онҳо соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ватани азизамон-Тоҷикистон мебошад. 

Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад. 

Ба ифтихори ин рӯзи таърихӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам вобаста ба татбиқи ин санади муҳим ва вазъи рушди забони давлатӣ дар даврони истиқлолият чанд нуктаро ба таври мухтасар иброз намоям. Пеш аз ҳама, мехоҳам як масъаларо таъкид намоям, ки он бо рисолати таърихӣ ва аҳамияти иҷтимоии забони модарӣ вобаста аст. 

Бо гузашти бист сол мо амиқан дарк намудем, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии муттаҳидкунанда ва пайвандгари миллат мебошад. Ва имрӯз бо шукронаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори дигар иброз медорем, ки аз баракати он барои рушду такомули арзишҳои асили маънавӣ ва анъанаву суннатҳои неки мардуми тоҷик заминаи мусоиди сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фароҳам оварда шуд. 

Дар раванди ташаккул ва рушди забони муосири тоҷикӣ боз ҳам ба шарофати соҳибихтиёрии давлатамон осори гузаштаи хаттӣ ва дигар захираҳои маънавии халқамон, ки ҳамеша аз ҷумлаи сарчашмаҳои шодоби он мебошанд, ба таври бесобиқа мавриди истифодаи соҳибзабонон ва бахусус мутахассисон қарор гирифтанд. Ин раванди бешубҳа мусбат якҷо бо масъулияти бузурге, ки аҳли илму адаби тоҷик ва умуман афроди бедордил дар баробари забони миллӣ ба дӯш доранд, барои густариш пайдо кардани забони давлатӣ ва таҳкими мақому мартабаи он дар ҷомеа нақши бисёр муҳим бозид. 

Албатта, ин нуктаро низ бояд гуфт, ки дар ин давра вобаста ба истифодаи забони давлатӣ дар умури коргузорӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мушкилоти зиёде вуҷуд доштанд, ки аксари онҳо тадриҷан дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати кишвар бартараф карда шуданд ва дар бобати ҳалли масъалаҳои дигар кор идома дорад. Ҳоло дар кишвари мо барои рушди забони давлатӣ ва тавсеаи мақоми он тамоми заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, яъне забони тоҷикӣ, ки ба он тибқи Конститутсия мақоми давлатӣ дода шудааст, таҳти ҳимояи доимии давлат қарор дорад. 

Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пешбурди умури давлатдорӣ ва тавсеаву таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муоширати байни шаҳрвандони кишвар ба таври озод истифода мешавад. Илова бар ин, дар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар фаъолияти мақомоти қонунбарор, иҷроия, мақомоти судӣ, соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва умуман дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ мебошад. 

Бо вуҷуди ин, ба роҳбарони сохторҳои масъули татбиқи Қонуни забон, инчунин аҳли зиёи кишвар зарур аст, ки бо истифода аз осори гаронбаҳои гузаштагон ва забони зиндаи халқ ба забони миллӣ нерӯву тавони тоза бахшида, беҳтарин намунаи забони меъёрии адабиро дар хизмати ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда қарор диҳанд. Дар ин раванд ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ мебошад. 

Ҳамчунин собиқаи таърихии забони тоҷикӣ аз замони давлатдории Сомониён то имрӯз гувоҳи он аст, ки ин лаҳни шево ва забони ширину шоирона дар ҷаҳон ҳамчун забони илму адаб ва фарҳанги воло шӯҳрат дорад. Барои ба ин шӯҳрату мартаба расидани он фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ба мисли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Бедилу Аҳмади Дониш ва ҳазорон нафари дигар хизмати таърихӣ карда, бо осори ҷовидона ва пурарзиши адабиву илмии худ тавоноии ин забони шаҳдборро ба ҷаҳониён исбот намудаанд. 

Забони мо дар тӯли таърих ҳамчун забони робита ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун нақши арзишманд доштааст. Инчунин забони тоҷикӣ ҳамчун забони тарҷумаву тафсири китоби муқаддаси мо, мусулмонон – Қуръони карим пазируфта шудааст, ки ин худ далели шинохт, эътироф ва мартабаи бузурги он дар ҷаҳони ислом мебошад. 

Дар баробари ин, мо бояд кӯшиш намоем, ки дар давраи пешрафту таҳаввулоти босуръати техникӣ ва технологӣ забони мо дигаргуниҳои ҷаҳони муосирро фаро гирифта, онҳоро бо дарназардошти табиат ва имкониятҳои худ дарҷ ва ҳазм карда тавонад. Барои таъмин кардани раванди дурусти инкишофи забони адабӣ ва истифодаи васеи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа зарур аст, ки барномаи давлатии рушди забони миллӣ таҳия карда шавад. 

Ин барнома бояд тамоми масъалаҳои назария ва амалияи инкишофи забони давлатиро бо дарназардошти таҳаввулоти минбаъдаи он дарбар гирифта, таҳкими мавқеъ ва густариши истифодаи забонро дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ таъмин намояд. Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки бояд мавриди таҳқиқи ҷиддии донишмандон, махсусан забоншиносон қарор гирад, масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. 

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст. Дар ин самт рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион ва дигар воситаҳои иттилоотӣ бояд нақши бузург дошта бошанд. Ташкили барномаҳои махсуси ҷолиб тавассути шабакаҳои радиову телевизиони марказӣ ва маҳаллӣ роҷеъ ба забони тоҷикӣ, тарғибу ташвиқи асолати он ва танзими фаъолияти воситаҳои таблиғоту иттилоот бо забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини рӯз мебошанд. 

Вале бояд гуфт, ки фазои иттилоотӣ танҳо аз рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои радиову телевизион иборат набуда, балки он имрӯз дар шароити пешрафти босуръати технологияи компютерӣ ва интернет хусусияти умумимилливу умумифарҳангӣ пайдо кардааст ва аз мактабу маориф шурӯъ карда, то оддитарин роҳҳои ирсоли маълумот ва дигар воситаҳои алоқаро фаро мегирад. Ин масъала бо истифодаи ҳамаҷонибаи технологияҳои навтарин ва имкониятҳои фазои иттилоотӣ пайванди ногусастанӣ дорад. 

Аз ин рӯ зарур аст, ки бо мақсади инкишофи минбаъдаи забони давлатӣ ва ҷорӣ кардани он дар расонаҳои иттилоотии муосир доир ба таҳияву ташкили барномаи мустақил ва мукаммали компютерӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд. Имрӯз дар Тоҷикистон баъзе рӯзномаҳое низ фаъолият доранд, ки забони онҳо ба талаботи забони меъёр ва завқи солим ҷавобгӯ нест. Дар маводи чопкардаи ин рӯзномаҳо меъёрҳои муқарраргардидаи забони адабӣ ва ҳатто қоидаҳои қабулшудаи имло риоя намешаванд. 

Баъзе аз рӯзноманигорон калимаҳову истилоҳоти душвор ва барои омма номафҳумро дониставу надониста ба кор мебаранд. Ин падидаи номатлуб ҳамчунин сабабгори ба забон роҳ ёфтани унсурҳои бегонаи ғалат ва баъзан сунъиву тасодуфӣ гардидааст. Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем. 

Интихоб, танзим ва истифодаи истилоҳу мафҳумҳои нави ҷаҳонӣ дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳоест, ки онро бояд мутахассисони варзида бо масъулияти тамом ба дӯш дошта бошанд. Дар хотир бояд дошт, ки барои тақвияти истиқлоли фарҳанги миллӣ, пеш аз ҳама, пояҳои забони миллиро устувор кардан зарур аст. Ҳамчунин хотирнишон бояд кард, ки илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. 

Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Ва чунон ки дар суханронии худ ҳангоми мулоқоти имсола бо зиёиёни кишвар таъкид карда будам, зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ натанҳо вазифаи илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлат оид ба забон, бахусус забони давлатӣ мебошад. 

Бо дарназардошти ин нукта ва ба хотири такони нав бахшидан ба фаъолияти сохторҳои илмӣ, идорӣ ва махсусан Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати Академияи илмҳо ва Комиссияи татбиқи забони назди Ҳукумат дар масъалаи танзими истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти илмӣ, фаъолияти коргузорӣ, ҳифз ва покиза нигоҳ доштани забони адабӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълими забони давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, риояи ҳатмии Қонуни забон аз ҷониби тамоми афроди ҷомеа имрӯз зарурати таъсиси як сохтори мустақил пеш омадааст. 

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки чунин сохтор дар шакли Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Илова бар ин, қабули ҳарчи зудтари қонуни нав дар бораи забон, ки аз ҷониби Ҳукумат таҳия шуда, ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад, зеро дар фосилаи бист соле, ки гузашт, талаботи замон дигар шуд. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, қонунгузорӣ, коргузорӣ, муоширати байни сокинони кишвар, забони илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад. 

Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ ба масъалаҳои рушди устувори забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд ва мақоми онро ҳимоя мекунад. Чунки маҳз забони давлатӣ дастовардҳо ва ҳастии моддиву маънавии мардуми кишвари моро дар дохил ва хориҷи он муаррифӣ менамояд. 

Ба ин далел метавон гуфт, ки забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост. Бузургии миллатро пеш аз ҳама аз он эҳсос кардан мумкин аст, ки афроди он забони миллии худро то чӣ андоза ҳифзу эҳтиром менамоянд. 

Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ва ҳар шахсе, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони модари худ дӯст медорад, бояд ин нуктаро бо тамоми ҳастиаш дарк карда, аз рӯи он амал намояд. Забони модарӣ сарвати бебаҳои миллат ва давлат буда, дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ, ки бо шеъри қофиласолори шеъри Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз мегардад ва маҳз тавассути он меҳру муҳаббати модар дар қалбҳои мо ҷой мегирад, бояд тамоми аъзои ҷомеа ғамхор ва саҳмгузор бошанд. 

Вазифаи наслҳои имрӯза аз он иборат аст, ки ба фарзандони худ ва умуман ба ҷавонон ва насли наврас як масъаларо ҳамеша таъкид ва талқин намоем: забони модарӣ мисли неъматҳои худододи Модар, Ватан ва Истиқлолият арзиши ҷовидонӣ мебошад ва чун гавҳари бебаҳо эҳтиёт кардани он қарзи ҳар кадоми мост. 

Барои он, ки номи миллат дар саҳифаҳои таърихи башарӣ ҷовидон бошад, миллат бояд чароғи роҳнамои худшиносиву худафрӯзии худ, яъне забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин арзиши миллӣ ба наслҳои оянда поку беолоиш ва равону ширин ба мерос гузорад. Дар охир ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро бо Рӯзи забон, ки барои ҳар яки мо бисёр азизу гиромӣ аст, бори дигар табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик хушбахтиву некрӯзӣ ва саодати рӯзгору барори кор орзу менамоям. Ташаккур!

President.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi