ПОРЛУМОНИ ДУМАҶЛИСА: ДИГАР БА ДАРД НАМЕХӮРАД?
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар шароити феълӣ зарурати ислоҳот дар системи порлумонии ин кишвар ва аз миён бурдани Маҷлиси Миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо мӯътақиданд, ки нақши ин маҷлис ҳамчунон дар таъмини тавозуни нерӯҳо ва манофеъи гурӯҳҳои мухталифи ҷомеъаи Тоҷикистон муассир аст. Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 18 июн дар ҷараёни мизи гирде дар робита бо фаъолияти порлумони ҷадид ва аҳдофи он дар ҳоле эълом шуд, ки бархе аз сиёсатмадорони мухолиф ахиран аз нокоромадии порлумони думаҷлиса дар Тоҷикистон сухан гуфтаанд.
Ҳама аз як ҳизб
Ба гуфтаи Ҷумъабой Сангинов, раиси фроксиюни Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон, ки бештари курсиҳо дар Маҷлиси Намояндагонро дар ихтиёр дорад, ҳоло ҳеч зарурате барои табдил ба порлумони якмаҷлиса ва аз байн бурдани Маҷлиси Миллӣ вуҷуд надорад.
Зимнан, куллияи аъзои Маҷлиси Миллӣ, ба ғайр аз Қаҳҳор Маҳкамов, президенти собиқи Тоҷикистон, узви ҳизби ҳокими халқи демукрот ҳастанд. Аксари кулли аъзои Маҷлиси Намояндагон низ аъзои ҳизби ҳокими халқи демукрот ҳастанд, ки раҳбарии онро Президент Раҳмон ба дӯш дорад.
Оқои Раҳмон ҳамчунин худаш бахше аз аъзои Маҷлиси Миллиро интисоб мекунад. Азбаски аҳрумҳои қудрат ҳама ҷо дар дасти раиси ҷумҳур буда, нақши порлумон ва қувваи қазоия дар таъйини сарнавишти давлат чандон муассир нест, мунтақидон мегӯянд, ки тавозуни қудрат миёни се шохаи ҳокимият аз замони таъсиси порлумони думаҷлиса баҳам хӯрда ва Тоҷикистон ба як кишвари худкома табдил шудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, тайи солҳои ахир дар ҷомеъаи Тоҷикистон, бавижа дар миёни бархе аз сиёсатмадорони мухолиф, мавзӯъи табдили порлумон ба як порлумони якмаҷлиса ва аз байн бурдани Маҷлиси Миллӣ матраҳ шудааст.
Ба унвони мисол, Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки фаъолияти Маҷлиси Миллӣ аслан камранг ва ғайримуассир аст ва бояд ин ниҳод лағв шуда, аз ҳисоби маблағи сарфашуда теъдоди вакилон дар Маҷлиси Намояндагон афзоиш дода шавад.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки Маҷлиси Миллӣ дар гузашта ба манзури кунтрули фаъолияти Маҷлиси Намояндагон таъсис шуда буд, зеро он замон мақомот аз фаъолияти вакилони мухолиф тарс доштанд.
Ҳамакнун, ба эътиқоди оқои Кабирӣ, чунин мушкиле дар ҷомеъаи Тоҷикистон мушоҳида намешавад ва ба ин далел зарурати вуҷуди Маҷлиси Миллӣ аз байн рафтааст. Аммо Ҷумъабой Сангинов мегӯяд, ки то ҳол нақши Маҷлиси Миллӣ барои таъмини субот дар кишвар хеле муҳим аст.
Ба эътиқоди Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Маҷлиси Миллӣ дар таъмини тавозуни нерӯҳо ва гурӯҳҳои мухталифи ҷомеъа ҳамчунон муассир аст.
Вай афзуд: “Дар гузашта ман худ мухолифи таъсиси Маҷлиси Миллӣ будам. Вале ҳоло бар ин назарам, ки дар шароити феълӣ вуҷуди ин ниҳод зарурист. Шояд дар солҳои оянда зарурати воқеъии лағви ин ниҳод ба миён ояд. Аммо ҳоло на.”
Ба эътиқоди оқои Шарипов, таҷдиди сохтори порлумон дар ду маврид зарурист – яке, агар фаъолияти порлумон номуваффақ бошад ва дигар, агар дар роҳи фаъолияти он мавонеъе вуҷуд дошта бошад. Аммо, ба гуфтаи Сӯҳроб Шарипов, дар Тоҷикистон ин ду омил мушоҳида намешавад.
"Вокуниш кори ҳукумат аст"
Аз сӯйи дигар, Ҷмъабой Сангионв бар ин назар аст, ки дар таҷдиди сохтори порлумонӣ набояд иштибоҳ кард: “Бубинед, ҳукумати муваққати Қирғизистон порлумонро пароканда кард ва ҳамакнун ин ҳукуматро ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохтааст. Агар порлумон вуҷуд медошт, ба қонунӣ кардани фаъолияти ҳукумати муваққат мусоъидат мекард.”
Дар ҳамин ҳол, Ҷумъабой Сангинов дар посух ба ин суол, ки чаро порлумони Тоҷикистон дар қиболи ҳаводиси Қирғизистон ва бархе аз таҳаввулоти дигар вокунише намекунад, гуфт, ки “ҳаводиси Қирғизистон умури дохилаи ин кишвар аст ва мо зарурӣ надонистем, ки ба он мудохила кунем.”
Дар мавриди вокуниш накардани порлумон ба таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон, оқои Сангинов гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон машғули ҳалли ин мушкил аст ва ба ин далел порлумон тасмим гирифтааст, ки дар ин замина вокуниш накунад.
Ҳамчунин, аз Ҷумъабой Сангинов суол шуд, ки чаро пас дар мавриди изҳороти Владимир Жириновский, муъовини раиси Думои Русия, мабнӣ ба табдили Тоҷикистону Қирғизистон ба манотиқи тобеъи Русия ҳеҷ вокунише сурат нагирифт?
Раҳбари фроксиюни Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон дар порлумон, ки худаш пизишк аст дар посух ба ин суол гуфт, ки "ҳамчун табиб бояд бигӯям, ки оқои Жириновскийро зарурист вазъи саломатии худро муъояна кунад."
Вай афзуд: "Чунин изҳори назари як мақоми порлумонӣ берун аз хиради сиёсӣ ва инсонӣ аст. Ба ин далел тасмим гирифта шуд, ки ба чунин изҳороти носолим вокунише нашавад."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2514-2010-06-19-18-46-09.html