17:26:19 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Николай Бордюжа: «Тасмими сиёсии ҷаноби Раҳмонро дарёфт кардам" (ВИДЕО)

Дирӯз, 13-уми марти соли 2015, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, нишасти матбуотии Николай Бордюжа баргузор гардид.

1_nikolay-borduzha_14554.jpgНиколай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки барои анҷоми сафари кории чандрӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, таъкид кард, ки Федератсияи Русия алоқаманди он аст, ки Тоҷикистон бархе аз он корхонаҳои худро, ки қаблан дар арсаи тавлидоти низомӣ фаъолият мекарданд, дубора фаъол карда ва таҷҳизоти мавриди ниёзи Русияро ба фурӯш расонад.

Ҷаноби Бордюжа дар ин бора рӯзи ҷумъа 31-уми марти соли ҷорӣ дар нишасти матбуотии худ дар шаҳри Душанбе пас аз дидораш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба хабарнигорон иттилоъ дод. Чи тавре, ки ҷаноби Бордюжа таъкид карданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ризояти худро дар ин маврид иброз дошта ва тасмими сиёсӣ дар ин бора вуҷуд дорад.

Ҷаноби Бордюжа гуфт: "Суҳбат дар масъалаи тавсеъаи ҳамкориҳои низомиву иқтисодӣ меравад, ки ҳамкории мо дар ин самт башиддат вусъат пайдо кардааст. Мо хоҳони онем, ки бархе аз корхонаҳои Тоҷикистон, ки дар гузашта дар арсаи саноеъи низомӣ фаъолият мекарданд ва зарфияти худро нигоҳ доштаанд, дубора фаъол шаванд. Ин корхонаҳо имрӯз метавонанд аз блоки саноеъи низомии Русия ва дигар кишварҳо супориш бигиранд. Яъне ин намуди саноеъ бисёр фарох ва муҳимтар аз ҳама мавриди ниёз мебошад."

2_nikolay-borduzha_14554.jpgДар посух ба ин суол, ки оё метавонад ҷузъиёти бештаре дар ин бора ироа кунад, ҷаноби Бордюжа гуфт: "Танҳо инро гуфта метавонам, ки ман ризоят, яъне тасмими сиёсии ҷаноби Раҳмонро дар ин бора имрӯз ба даст овардам."

Ҷаноби Бордюжа ҳамчунин бо вузарои дифоъ ва саноеъи Тоҷикистон низ мулоқот карда ва ба гуфтаи ӯ дар ин дидорҳо низ мавзӯъи ҳамкориҳо дар арсаи саноеъи низомӣ баррасӣ шудаанд.

Дар ин маврид ҷаноби Бордюжа гуфт: "Бояд аввал корхонаҳое мушаххас шаванд, ки зарфияти мавриди ниёзи саноеъи низомиро доранд, зеро бисёре аз ин корхонаҳо самти тавлидоти худро тағйир додаанд. Мо бояд ҳамчунин бо Вазорати саноеъи Русия ин мавзӯъро баррасӣ карда ва тавре тарҳрезӣ кунем, ки барои ҳарду кишвар судманд бошад."

3_nikolay-borduzha_14554.jpgҲамчунин Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ба ҷуз аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо вузарои хориҷа, саноеъ, дифоъ, корҳои дохилӣ ва раиси Шӯрои амният дидору гуфтугӯҳо анҷом доданд.

Дар назар аст, соли ҷорӣ дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), нишасти шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва кумитаи Шӯрои амнияти кишварҳои узви ин созмон дар моҳҳои апрел ва май дар шаҳри Душанбе, баргузор гардад. Моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав, раёсати даврии ин созмон дар соли 2015 бар ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор гардидааст.

Видеоҳо аз ҷараёни нишасти матбуотии Николай Бордюжа – 13.03.2015

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi