02:25:34 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шералӣ Хайруллоев рафт, Рамазон Раҳимов монд

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, ба ҷои ӯ таъйин шуд.

rahmonov-khayrulloev 4544Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон рӯзи 20-уми ноябр ба мо гуфт, Эмомалӣ Раҳмон бо як фармони худ имрӯз Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба ҷои Шералӣ Хайруллоев вазири дифои Тоҷикистон таъйин кард. Фармонро Абдуҷаббор Азизов, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон дар бинои маҷлисгоҳи вазорати дифоъ қироат кард.

​Тавре Абдулфаттоҳ Шарифзода гуфт, президент зимни муарифии Шералӣ Мирзо гуфтааст, ки "вай дар натиҷаи хизмати содиқона ба ватан, то дараҷаи генералӣ расидааст. Дастпарвари вазорати дифоъ ва шогирди Шералӣ Хайруллоев буда ва аз афсари оддӣ то генерал-лейтенант расидааст."

Ҳамчунин президент зимни ёддоварӣ аз хизматҳои генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев гуфтааст: «Шералӣ Хайруллоев аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ карданаш то ҳол ба ватан ва миллат содиқона хизмат карда, ҳамеша аз худ ҷасорат нишон додааст».

Шералӣ Хайруллоев низ дар суханронии худ таъкид карда гуфтааст, ки «ба ватан содиқ будам ва содиқ мемонам».

Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар таърихи 1-уми декабри соли 2006 зимни боздиди худ аз вазорати дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоевро ба ҳайси вазири ҷадиди вазорати дифои ин кишвар муаррифӣ намуда буд. Генерал - полковник Шералӣ Хайруллоев аз моҳи апрели соли 1995 дар раъси вазорати дифои Тоҷикистон қарор дошт

Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорати дифоъ, субҳи 20-уми уми ноябр президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин ниҳод омад ва бо ҳайати фармондеҳӣ ва кормандони вазорат мулоқот намуд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода гуфт, ки ба дунболи ҷаласаи вазорати дифоъ, президент ба вазорати корҳои дохилӣ рафт. Ба гуфтаи ин манбаъ, бо фармони президент Рамазон Раҳимов дубора ҳамчун вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Рамазон Раҳимов дар моҳи январи соли 2012 вазири умури дохилии Тоҷикистон таъйин шуда буд. Қабл аз ин, ӯ дар мақоми муовини аввали вазири дохилаи кишвар анҷоми вазифа менамуд.

Бино ба иттилои манбаи дигар дар ҳукумати Тоҷикистон, тағйиротҳои кадрӣ дар дигар сохторҳои қудратии кишвар, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сурат мегирад.

"Озодӣ"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi