00:49:35 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Суханронӣ дар маросими расмии савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди Президенти ҶТ

Ҳамватанони азиз!

Ҳомиёни шуҷои Ватан!

Чанд лаҳза пештар тибқи меъёри Конститутсияи кишвар ман дар фазои тантанавӣ маросими асосии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ёд кардани савгандро дар ҳузури аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аъзои Ҳукумати мамлакат ва намояндагони аҳли ҷомеа анҷом додам. Мутобиқи таомули сиёсӣ маросими савгандёдкунӣ Президенти интихобшударо дар назди халқ вазифадор месозад, ки ба амалӣ гардонидани барномаи пешазинтихоботии худ оғоз намояд.

savgand-artish-485211.jpgБарои иҷрои ваколатҳои конститутсионии Роҳбари давлат ва амалӣ гардидани ҳадафу барномаҳои Ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, фазои саросарии риояи қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ, яъне волоияти қонун зарур аст, ки ҳифзу таъмини онҳо рисолат ва вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошад.

Зеро ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, осоишу оромии қаламрави мамлакат, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва обод гардонидани он дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз азал вазифа ва қарзи ҳар як фарди бонангу номус ва дар навбати аввал сипоҳиён, яъне низомиёни ватандӯсту ватанпарвар ва содиқу сарсупурда ба ҳисоб рафта, ҳамчун омили муҳими тарбия ва рукни асосии ойини ҷавонмардӣ аз насл ба насл мерос мондааст.

Ин лаҳзаҳо, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Тоҷикистон» маросими ба Ватан, миллат ва Роҳбари интихобшудаи давлат савганди садоқат ёд кардани фармондеҳони низомӣ, афсарон ва дигар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор мегардад, мехоҳам ба ҳайси Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳамаи шумо барои он ҳама ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориҳое, ки ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ таъмини волоияти қонун нишон додаед, изҳори сипос намоям.

Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки шумо бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, дар баробари нишон додани садоқат ба Ватан, инчунин шахсони аз таърихи миллати худ огоҳ ва зираку ҳушёр бошед.

Зеро ин омилҳо асоси пойдории Қувваҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ - ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд.

Сатҳи баланди касбӣ ва омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, ҳушёриву зиракӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва дарки баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии мустақим дорад.

Бахусус дар солҳои охир, ки раванди ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ, рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои фаромиллӣ торафт шиддат гирифта, ҳувияти фарҳангӣ ва ҳатто истиқлолияти сиёсии кишварҳои сайёраро осебпазир мегардонанд, мову шумо вазифадорем, ки тавассути татбиқи усулҳо ва низоми нави идоракунии ҷузъу томҳо, ҷорӣ намудани роҳу усулҳои мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, сайқал додани маҳорати касбӣ ва қобилияти ҷангии артиш дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар мунтазам чораҷӯӣ намоем.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат минбаъд низ бо мақсади навсозӣ, яъне модернизатсияи асосҳои моддиву техникии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагиву хизмат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Дар баробари ин, ҳар кадоми шумо бояд ҳифзи арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик - истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро, ки иродаи сиёсӣ ва фарҳанги бостонии халқи тамадунсози моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд, дар мадди аввал гузоред.

Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Дар ин лаҳзаҳои тантанавӣ ба шумо - ворисони ин сарзамини воқеан куҳанбунёди таърихӣ муроҷиат менамоям, ки бояд соҳиби афкори солиму созанда бошед ва Ватану миллати худро баробари модари худ дӯст доред.

Зеро осудагиву тараққиёти Тоҷикистон ободиву осоиши хонадони ҳар яки шумо низ мебошад.

Ба ҳар кадоми шумо - ҳомиёни матиниродаи Ватан дар иҷрои вазифаи пуршарафу муқаддас - ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа барори кор орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед, ҳомиёни далеру шуҷои Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Манбаъ: President.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi