РУСИЯ ҚОЧОҚИ МУШАК БАРОИ ЭРОНРО ТАКЗИБ КАРД
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гузоришҳо дар бораи ин ки киштии Arctic Sea, ки чандин ҳафта ба таври асроромез нопадид шуда буд, ҳомили мушакҳои замин ба ҳаво барои Эрон бударо такзиб карда ва онро "мутлақан хилофи воқеъ" хондааст.
Аз манобеъи амниятии рус ва исроилӣ нақли қавл шуда буд, ки аз ин киштӣ барои қочоқи мушакҳои зиддиҳавоии S-300 ба мақсади Эрон истифода шуда буд, вале сервиси иттилоъотии Исроил ин мавзуъро кашф ва монеъи иҷрои он шуда буд. Ин мушакҳо яке аз мудернтарин силоҳҳои зиддиҳавоии сохти Русия аст. Arctic Sea, ки бо парчами Молт (Малта) ҳаракат мекард ва дорои 15 хадама буд, беш аз ду ҳафта нопадид шуда буд ва пас аз он дар торихи 16 август аз савоҳили ғарби Офриқо сар даровард.
Ин киштии чаҳорҳазортунӣ аз Финлонд ба роҳ уфтода ва зоҳиран ҳомили алворе ба арзиши як миллиюну 800 ҳазор долар ба мақсади Алҷазоир буд. Ҳашт нафар ба иттиҳоми рабудани ин киштӣ мутаъоқибан дастгир шуданд. Ин идда, ки бештар эстуниёӣ ҳастанд, муттаҳаманд, ки бо либоси мубаддали пулис вориди киштӣ шуда ва онро таҳти кунтрули худ даровардаанд.
Як диплумоти аршади Русия қавл додааст, ки таҳқиқот дар ин бора бидуни паноҳкорӣ ва бо ҳузури маъмуроне аз Молт сурат гирад. Ҳафтаномаи бритониёии Сандий Таймз (Sunday Times), дар шумораи ахири худ (6 сентябр) ба нақл аз манобеъи амниятии исроилӣ ва рус навишта буд, ки маҳмулаи ин киштӣ мушакҳои зиддиҳавоӣ буда на алвори чӯб. Ин манобеъ иддаъо мекарданд, ки мушакҳо дар ҳоле ки киштӣ дар бандари Калилинград дар ҳоли таъмир буда ба дохили киштӣ интиқол дода шудааст.
Дар гузориши Сандий Таймз омадааст, ки афсарони собиқи низомӣ, ки бо синдикоҳои зеризаминӣ иртибот доранд, ин мушакҳоро фурӯхта буданд.
Ҳафтаи гузашта Михаил Войтенко, як рӯзноманигори рус, ки гуфта буд мумкин аст ин киштӣ ҳомили силоҳҳои ғайриқонунӣ буда, маҷбур ба фарор аз Русия шуд. Ӯ, ки ба Туркия рафта, ба Би-би-сӣ гуфт ба ӯ ҳушдор дода шуда буд, дар сурате ки аз Русия хориҷ нашавад, дастгир хоҳад шуд.
Би-Би-Си