13:16:37 21-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОЗҶӮИИ ИНТЕРНЕТИИ ХАБАРНИГОРИ ФОРСИИ BBC

Кормандони амнияти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо истифода аз интернет як хабарнигори бахши форсии телевизиони Бӣ-Бӣ-Сӣ дар шаҳри Лондонро пурсуҷӯ карданд.

BBC FarsiБа иттилоъи сомонаи “Нидои сабзи озодӣ”, кормандони амниятӣ хоҳари хабарнигори муқими Лондонро боздошт карда ба маҳбаси Эвини Теҳрон бурданд. Онҳо аз ин хонум нишонии почтаи электронии хоҳарашро дарёфт карда, бо хабарнигор тамос гирифтанд ва хостори гуфтугӯ бо ӯ дар баҳоии раҳоии хоҳараш шуданд.

Дар матлаби “Нидои сабзи озодӣ” аз хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ ва хоҳари ӯ ном бурда нашудааст. Ба навиштаи сомона, хабарнигор баъд аз машварат бо раҳбари бахши форсии телевизиони Бӣ-Бӣ-Сӣ аз манзилаш бо афсари амниятии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон тайи чиҳил дақиқа тавассути скайп гуфтугӯ кардааст. Баъд аз ин сӯҳбат, хоҳари хабарнигорро аз маҳбас озод карданд.  Ин иттилоъро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дигар манбаъҳо низ тайид намуданд.

​​Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-Би-Си, ба мо гуфт, ки ҳодиса аввал нест ва моҳҳои ахир кормандони амниятии Эрон ба хотири фишор болои хабарнигорони муқими Бритониё пайвандонашонро ҳадафи таҳдид қарор медиҳанд, онҳоро бозҷӯӣ ё боздошт мекунанд, шиносномаҳояшонро мегиранд.

Моҳи октябри соли гузашта Бӣ-Бӣ-Сӣ хабар дода буд, ки кормандони полис ва мансабдорони эронӣ чанд тан аз пайвандони кормандони ин шабакаро дар Эрон боздошт кардаанд. Ба гуфтаи Питер Ҳоррокс, раиси бахши ахбори ҷаҳонии Бӣ-Бӣ-Сӣ, соли гузашта дасти кам 10 чунин ҳодиса сабт шудааст.

Содиқи Сабо мегӯяд, ки Теҳрон мехоҳад аз ин роҳ кормандони Бӣ-Бӣ-Сиро барои тарки ҷойи кор водор созад. Аз нигоҳи ӯ, мақомоти эронӣ аз шеваи пахши воқеъбинонаи иттилоъ аз сӯи Бӣ-Бӣ-Сӣ нороҳатанд ва аз ин рӯ роҳи тарс додани кормандону аҳли хонаводаҳои онҳоро  интихоб намудаанд. Содиқи Сабо ин иқдомро “ғайриинсонӣ” номид ва гуфт, ки онро бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар баррасӣ хоҳад кард.

Мақомоти амниятии Эрон аз шеваи таҳдиду тарсдиҳии пайвандони мухолифини ҳукумат ва маҳбусони сиёсӣ зиёд кор мегиранд ва аммо бори аввал аст, ки ба ин хотир аз Интернет истифода бурдаанд. Гуфта мешавад, кормандони полису амниятӣ ва додрасҳо ба онҳое, ки дар бораи ҳукми додгоҳии пайвандони зиндонияшон бо расонаҳо  ҳарф мезананд, низ тараҳҳум надоранд.

Моҳи декабри соли гузашта модари яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Эрон фақат барои он, ки дар бораи қазияи писараш бо хабаргузориҳо сӯҳбат кардааст, барои 23 моҳ равонаи зиндон карда шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi