20:39:41 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУТТАҲАМ БА "ҶОСУСӢ БАРОИ ЭРОН" ДАР АФҒОНИСТОН БА ШОНЗДАҲ СОЛ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Як додгоҳ дар шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон фардеро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон ба 16 сол зиндон маҳкум кардааст. Қозӣ Сироҷиддини Наср, раиси додгоҳи шаҳрӣ ва амнияти оммаи Ҳирот, иттиҳомҳои матраҳшуда алайҳи ин фардро ҷосусӣ барои як кишвари бегона, хиёнат ба тамомияти арзӣ, истиқлол ва амнияти Афғонистон унвон кард.

arestОқои Наср гуфт, ки муттаҳам аз маҳаллоти мамнӯъа ва ба вижа пойгоҳҳои нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар Ҳирот акс гирифта ва шумораҳои телефунҳои масъулони Вазорати иттилоъоти Эрон дар дафтари ёддошти ӯ сабт будааст. Раиси додгоҳи шаҳрӣ ва амнияти оммаи Ҳирот афзуд, ки муколимоти телефунии ин фард бо манобеъи эронӣ аз сӯйи идораи амнияти миллии Ҳирот шунуд шуда ва ин муколамон ҳокӣ аст, ки ӯ ба ин манобеъ дар бораи ин пойгоҳҳо иттилоъот медодааст.

Додситони амнияти миллии Ҳирот дар додгоҳ гуфт, ки фарди муттаҳам бо худ баргаҳое аз Эрон оварда, ки баёнгари талоши ӯ барои ҷосусӣ будааст. Мақомҳои қазоии додгоҳи Ҳирот гуфтаанд, ки ин фард дар "эътирофтот"-и худ иттиҳомҳои матраҳшуда алайҳи худро пазируфтааст. Бо ин ҳама, муттаҳами парванда дар ҷаласаи додгоҳ эътирофоти қаблии худро фоқиди эътибор донист ва гуфт, ки зери "шиканҷа" ва "зарбу шатм" маҷбур ба эътироф шуда буд.

Ин шаҳрванди Афғонистон дар гузашта сокини устони Ҳирот буд, аммо солҳо дар Эрон зиндагӣ карда ва дар нахустин сафари худ ба зодгоҳаш ҳудуди ду моҳ пеш дастгир шуд. Қозии додгоҳи шаҳрӣ ва амнияти оммаи Ҳирот гуфтааст, ки ҳукми содир шуда барои муттаҳм ниҳоӣ нест ва ӯ ҳаққи дархости таҷдиди назар ва фарҷомхоҳиро дорад.

Яке аз масъулони додгоҳи Ҳирот гуфтааст, ки ин нахустин бор нест, ки фарде ба иттиҳоми ҷосусӣ барои бегонагон муҳокима ва ба таҳаммул зиндон маҳкум мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар солҳои гузашта ҳам мавориде аз парвандаҳои мушрбеҳ дар додгоҳи Ҳирот баррасӣ шуда ва муттаҳамони ин парваендаҳо ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон маҳкум ба зиндон шудаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi