15:44:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУШДОРИ ВАЗОРАТИ НАФТИ ЭРОН ДАР БОРАИ АВОҚИБИ ТАҲРИМИ НАФТӢ БАРОИ УРУПО

Вазорати нафти Эрон бо интишори баёнияе ба кившарҳои урупоӣ ҳушдор дод, ки авоқиби таҳрими нафтии Эрон гиребони онҳоро мегирад ва Эрон метавонад ба роҳатӣ муштариҳои ҷадиде барои нафти худ пайдо кунад. Баёнияи Вазорати нафти Эрон дар рӯзи душанбе мунташир шуд; чанд соъат баъд аз таҳрими нафтии Эрон дар иттиҳодияи Урупо.

iran_oilБино ба таҳримҳои ҷадиде, ки Иттиҳодияи Урупо алайҳи Эрон вазъ карда, ширкатҳои урупоӣ наметавонанд қарордоди ҷадиде барои хариди нафт бо Эрон бибанданд ва қарордодҳои мавҷудро ҳам бояд то шаш моҳ поён диҳанд. Ҳол Вазорати нафти Эрон дар баёнияе гуфта, ки бо таваҷҷуҳ ба "бозори арзаву тақозо ва муштариёни билқувваи нафти Эрон, ҳеч гуна нигаронӣ дар хусуси ҷойгузинии фурӯши нафти Эрон бо муштариёни ҷадид вуҷуд надорад."

Вазорати нафти Эрон ба мардуми ин кишвар итминон дода, ки ин вазоратхона "ба дур аз танишҳо ва ҳавошии сиёсӣ" аз пеши худро барои ин шароит омода кардааст. Дар идомаи ин баёния дар чанд банд Вазорати нафти Эрон назари худро дар бораи авоқиби таҳримҳои ҷадид баён кардааст. Дар аввалин банд Вазорати нафти Эрон ба кишварҳои ҷаҳон ҳушдор дода, ки "истифодаи абзориву ғайримутаъориф аз нафт дар муъодилоти сиёсии ҳоким бар ҷаҳон" боъиси ба вуҷуд омадани "бидъати хатарнок" мешавад.

Ҳамҷунин дар банди дигаре Вазорати нафти Эрон "зарар ва хисороти сангини иқтисодии ношӣ аз таҳрими нафтии Эрон"-ро мутаваҷҷеҳи "мардуми буҳронзадаи Урупо ва кишварҳои пешрафтаву дар ҳоли тавсеъа" донистааст. Нависандагони баёния ҳамчунин "бесаботӣ дар амнияти арза ва тақозои энержӣ дар сатҳи ҷаҳон"-ро авоқоби таҳрими нафтии Эрон донистаанд.

Ва дигар ин ки таҳримҳои ҷадид мӯҷиби "ташдиди буҳронҳои иқтисодӣ дар кишварҳои мубтало ба ошуфтагиҳои иқтисодӣ, хусусан кишварҳои урупоӣ" мешавад. Эрон ба таври миёнгин рӯзона беш аз 2 милюн бушка нафти хом содир мекунад ва бино ба эъломи Вазорати нафти Эрон, 18 дарсад аз нафти хоми содиротии ин кишвар ба мақсади кишварҳои урупоӣ меравад ва додаҳои расмӣ нишон медиҳад, ки Итолиё ва Испониё аслитарин харидорони нафти хоми Эрон ҳастанд.

Вазири умури хориҷаи Испониё ба Амири Пойвар, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар маҳалли нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар Бруксел гуфтааст, ки мақомоти Арабистони Саъудӣ ба Испониё тазмин додаанд, то камбуди нафти ношӣ аз таваққуфи хариди нафти хоми Эронро ҷуброн хоҳанд кард ва Испониё бо дарёфти чунин таъаҳҳуде ҳозир шудааст бо эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон мувофиқат кунад.

Пеш аз ин ва бо афзоиши фишорҳо аз сӯйи Ғарб ба Эрон, Арабистони Саъудӣ, ки бузургтарин тавлидкунандаи нафти хоми УПЭК ба шумор меравад, эълом кард, ки метавонад камбуди эҳтимолии ношӣ аз таҳрими нафт аз Эронро дар бозори ҷаҳонӣ пур кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi