03:11:12 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28            

АСАД БА МУХОЛИФОН: "ИСТЕЪФО НАХОҲАМ ДОД"

 

Раисиҷумҳури Сурия гуфт, террористҳо ва ҳар касеро, ки даст ба силоҳ мебаранд, таҳаммул нахоҳанд кард. Башор Асад рӯзи 10 январ дар Димишқ нерӯҳои хориҷиро дар талоши тахриби суботи кишвараш айбдор кард. Ӯ гуфт, ки “террористҳоро бо мушти оҳанин кӯфта”, тартиботро барқарор хоҳанд кард.

Bashar AsadАсад дар ин сӯҳбати худ судури фармони куштани эътирозгаронро рад намуд: “Дар ягон сатҳи давлатӣ дар кишвар ба тирандозӣ болои ягон нафари мулкӣ фармон нашудааст. Аммо террористҳо ва онҳоеро, ки даст ба силоҳ мебаранд, таҳаммул нахоҳанд кард.”

Вай афзуд, тарҳи нави Қонуни асосӣ дар моҳи март ба раъйгирӣ гузошта шуда, ба дунболаш интихоботи саросарӣ доир мешавад, вале бо вуҷуди талаби мухолифин, ӯ худ истеъфо нахоҳад дод. Асад гуфт, дар паси ошӯбҳои Сурия “тавтиаи хориҷӣ” истодааст, вале ин тавтиа ноком мешавад, чунки “касе дигар фиреб намехӯрад.” Раисиҷумҳури Сурия нақшаи сулҳи Лигаи Арабро низ ноком номид.

Ин дар ҳолест, ки Лигаи Араб гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи тазоҳургарон дар шаҳри Лозиқияи Сурия 11 нозираш ҷароҳати “сабук” бардоштаанд. Хабаргузории "Ройтерз" аз қавли Аднон Хузайр, раҳбари дафтари амалиёти Лигаи Араб дар Қоҳира, гуфт, ҳамла ба корвони мошинҳои нозирон рӯзи душанбе рух дода, аммо ҳатто ба бемористон бурдани кадоме аз захмиён лозим нашудааст.

Лигаи Араб ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, давлати Сурия ба аҳдаш ҷиҳати таъмини ҳимояти нозирон амал карда натавонист. Бино ба иттилои Созмони Милал, аз моҳи марти соли гузашта ба ин сӯ бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад камаш 5 ҳазор суриягиҳо кушта шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi