23:10:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2042 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

ДОДСИТОНИ НИЗОМИИ ЛАҲИСТОН ИҚДОМ БА ХУДКУШӢ КАРД

Расонаҳои Лаҳистон гузориш додаанд, ки додситони низомии ин кишвар ба сурати ногаҳонӣ нишасти хабариро мутаваққиф карда ва сипас иқдом ба худкушӣ кардааст. Дар ҷараёни конфаронси матбуъотӣ дар шаҳри Познан дар Лаҳистон Миколай Пшибил, зимни суханронӣ иддаъоҳо дар бораи шуниди телефунии рӯзноманигорон аз суи додситониро рад кардааст.

prosecutor_polandИн рӯзноманигорон ҳодисаи марги Лех Качинский, раиси ҷумҳури пешини ин кишварро дар як сонеҳаи ҳавоӣ дар наздикии шаҳри Смоленски Русия дар соли 2010 таҳқиқ мекардаанд. Оқои Пшибил дар ҷараёни конфаронс аз хабарнигорон хост утоқи ӯро тарк кунанд, то ӯ вақте барои "танаффус" дошта бошад.

Баъд аз хуруҷ аз маҳалли нишасти матбуъотӣ рӯзноманигорон садои баландеро шуниданд ва ба утоқи конфаронс баргаштанд. Додситони низомӣ дар миёни хун афтида, аммо зинда буд. Пас аз чанд лаҳза пизишкон вориди утоқ шуданд ва оқои Пшибил ба бемористон мунтақил шуд. Пизишкон мегӯянд вазъи ӯ собит аст ва зиндагиаш бо таҳдиде рӯбарӯ нест.

Яке аз хабарнигорони ҳозир дар дафтари оқои Пшибил ба телевизиюни Лаҳистон гуфт: "Мо садои баландеро шунидем ва ба утоқ баргаштем, зеро фикр мекардем яке аз дурбинҳои хабарнигорӣ афтидааст. Аммо баъдан дидем ки додситон бидуни ҳаракат дар миёни хун ба замин уфтода ва туфангчааш дар паҳлуи ӯст."

Дар тасовири телевизиюние, ки пеш аз ин ҳодиса дар конфаронси матбуъотии оқои Пшибил забт шудааст ӯ дар ҳоли хондани як баёния дида мешавад: "Дар тули тамоми фаъолиятам ба унвони нахуст додситони оддӣ ва баъдан додситони низомӣ ҳеҷ вақт боъиси шармсории ҷумҳурии Лаҳитстон нашудаам ва аз хушномӣ ва иззати як афсари нерӯҳои мусаллаҳ ва додситонӣ муҳофизат хоҳам кард. Муташаккирам. Хоҳиш мекунам панҷ дақиқа вақт бароям бидиҳед, ман ба танаффус ниёз дорам."

Дар гузоришҳои телевизиюнӣ пас аз ин суханон оқои Пшибил аз тасвирҳо хориҷ мешавад, аммо садои туфагчаро омода кардани ӯ ва сипас садои зарбаи гулула шунида мешавад. Бронислав Комаровский, раиси ҷумҳури Лаҳистон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кардааст ва аз раиси идораи амнияти миллии кишвар хостааст дар мавриди он таҳқиқот анҷом диҳад.

Ҳавопаймои ҳомили Лех Качинский ва ҳайати ҳамроҳи ӯ, ки дар роҳи сафар барои ширкат дар маросими солгарди куштори афсарони лаҳистонӣ дар Хатин буд, ба ҳангоми нишаст дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Смоленски Русия дар шароити меҳи зиёд ба таърихи 10 апрели соли 2010 дучори сонеҳа шуд. Дар ин ҳодиса раисҷумҳур ва хонуми ӯ ва 94 намояндаи баландпояи Лаҳистон кушта шуданд. Иштибоҳи халабон сабаби ин ҳодиса унвон шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi