04:22:49 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПОКИСТОН: БАР АЛҚОЪИДА ҒАЛАБА КАРДЕМ

Давлати Покистон гуфтааст, дар ҷанг алайҳи толибон дар ҳоли пирӯз шудан аст ва бо муваффақият саргарми берун рондани аъзои шабакаи Алқоъида аст.

Раҳмон Молик, вазири кишвари Покистон рӯзи панҷшанбе (27 август) дар сафаре ба Ландан, пойтахти Бритониё ба Би-би-сӣ гуфт, ки артиши Покистон ҳамакнун дар ҳоли саркӯби пайкорҷӯёни исломӣ аст ва барои хотима додан ба фаъолияти онҳо мусаммам аст. Ӯ гуфт гузоришҳои иттилоъотӣ ҳокист, ки пайравони шабакаи Алқоъида дар Покистон ваҳшат кардаанд ва ин кишварро ба мақсади Сумолӣ, Судон ва Яман тарк мекунанд.

Оқои Молик гуфт, тамоми кишвари Покистон пуштибони талошҳои давлат барои поксозии ин кишвар аз касоне аст, ки ӯ онҳоро душмани башарият тавсиф кард. Дар ҳамин ҳол хабарҳо аз Покистон ҳокист, ки дасти кам чаҳор мазнуни иқдомоти пайкорҷӯёна дар ҳамлае тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Омрико дар шимоли ғарби Покистон кушта шудаанд.

Мақомҳои иттилоъотии Покистон имрӯз гуфтанд, яке аз маҳалҳои ихтифои пайкорҷӯён дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Ҷанубӣ ҳадафи низомиёни Омрико қарор гирифтааст. Аволи моҳи август ҳамлаи мушобеҳ дар ҳамон минтақа анҷом гирифт, ки мунҷар ба кушта шудани Байтуллоҳ Меҳсуд, аз раҳбарони аршади толибони Покистон шуд.

Дар як соли гузашта садҳо пайкорҷӯ ва ғайринизомӣ дар даҳҳо ҳамла тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар Покистон кушта шудаанд, ки ағлаби ин талафот дар Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубӣ будааст. Сокинони маҳаллӣ ба бахши урдузабони Би-би-сӣ гуфтаанд, ки ҳадафи ҳамлаи ахир хонае будааст, ки пайкорҷӯён дар он иқомат доштаанд.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳадаф аз ин ҳамла фарди хосе аз гурӯҳи толибон будааст ё на. Аммо гуфта мешавад, ки ин хона наздики минтақае будааст, ки дар он нерӯҳои амниятии Покистон рӯзи гузашта бо пайкорҷӯёни вафодор ба Байтуллоҳи Меҳсуд даргир шуда буданд. Покистон пеш аз ин аз ҳамалоти Омрико тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин интиқод карда ва гуфтааст, ки ин гуна ҳамалот фақат ба ҳимоят аз пайкорҷӯён доман мезанад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi