09:51:41 21-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САЙФУЛИСЛОМ ҚАЗЗОФИРО КӢ ФУРӮХТ?

Як дурӯғи дигар дар бораи пораи ду миллиарддоллара

Ба ҳукуматдорони Либия барои хурсандӣ баҳонаи нав пайдо шуд. Писари полковник Қаззофӣ -Сайф ул-Ислом дастгир шудааст. Ӯро қатл аз тарафи ҳамватанҳояш -ғолибон интизор аст ё ӯро ба ихтиёри Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ месупоранд? Намуди зоҳирии Сайф-ул-Исломи асир ба "шоҳзодаи валиаҳд"-и Ҷамоҳирия тамоман монанд набуд.

/images/stories/2011/12/17_sayfulislom_1712.jpgҲангоми оворагардӣ ришҳояшро дароз кардаву либосҳои фохирашро ба либоси кӯчманчиён иваз карда буд. Ҳангоми нишасти матбуот дар Триполи қӯмондони гурӯҳи мусаллаҳ аз шаҳри Зинтан, Висали Дуғали, ки Шӯрои миллии давраи гузариши Либияро дастгирӣ мекард, изҳор дошт, ки Сайф ҳамроҳи якчанд ҷонибдоронаш ҳангоми кӯшиши гузаштан ба Нигерияи ҳамсоя дастгир шудааст. Ба қавли яке аз исёнгарони Либия дастаи ӯ маълумот гирифтааст, ки бо кадом як роҳе дар регзор гурӯҳи ҷонибдорони Қаззофӣ ҳаракат мекунад.

Гӯё маълум набудааст, ки байни онҳо киҳо ҳастанд. Лекин тахмин вуҷуд дорад, ки Сайфро роҳбаладҳояш фурӯхтаанд ва ӯро бар ивази пул ба душманҳо додаанд. Боз суоли дигаре матраҳ аст: дар ин ҳодиса хадамоти махсус ва ҷузъу томҳои хориҷӣ даст надоранд?

Бино ба фарзияи фидоиёни халқӣ, размандагони камингирифта ду мошини бероҳагардро дидаанд ва ба ҳаво тир паррондаанд. Мошинҳо аз ҳаракат бозистоданд. "Ту кистӣ?" -пурсид қӯмондони размандагон яке аз мусофиронро. Вай ҷавоб дод: "Абдулсалом". Лекин исёнгар бовар накард: "Ба фикрам ин Сайф аст" (Сайф ул-Ислом, ки маънои номаш "шамшери ислом" аст, худро Абдусалом номида буд, яъне "хизматгори сулҳ").

Мегӯянд, ки дастгиркунӣ бидуни ягон тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст. Чӣ хеле ки маълум шуд, дасти чапи докапечшудаи Қаззофии хурдӣ ин натиҷаи захм бардоштани ӯ аз ҳуҷуми чанд ҳафта пеши ҳавоии НАТО будааст.

-Дар аввал вай бисёр тарсид. Мумкин гумон кард, ки мо ӯро мекушем, -гуфт ба хабарнигори "Рейтер" Аҳмад Аммар -яке аз 15 исёнгаре, ки дар боздошти Сайф иштирок кардаанд. -Вале мо бо вай меҳрубонона сӯҳбат кардем ва ӯ каме ором шуд. Мо ба вай гуфтем: "Мо ба ту зарар намерасонем".

ВАО-и маҳаллӣ овоза паҳн кардаанд, ки гӯё Сайф ба исёнгарони ӯро дастгиркарда барои озод намудан 2 миллиард доллар пора пешниҳод кардаасту гӯё размандагон ин пешниҳодро рад карда бошанд ва ин амалро "таҳқири инқилоб" номидаанд. Яъне гӯё шуурнокии инқилобӣ зоҳир кардаанд. Лекин ба ин боварии кас намеояд.

Мумкин бовар кардан, ки одам барои озодии худ пули калон пешниҳод мекунад. Вале на ду миллиард доллар! Чӣ, Сайф ҳамроҳи худ контейнери пур аз пулҳои саддоллара кашола карда мегашт? Ё вай ба дастгиркардаҳо бо корт пардохт карданро пешниҳод намуд? Мумкин ба онҳо чек навишта дода бошад?

Бале. Худи исёнгарон ҳам изҳор намуданд, ки дар мошинҳо ғайр аз чанд "Калашников ва норинҷаки дастӣ тахминан 4000 доллар пули нақд ёфтаанд. Ин он қадар бисёр нест...

Ҳавопаймои нақлиётиро, ки ба он асиронро ҷой карда буданд, тӯдаи одамони бағазабомада бо нидои "Оллоҳ акбар!" иҳота карданд ва хостанд дохили он шуда, Қаззофии хурдро пӯст кананд. Лекин Сайфро ба Триполи оварданд.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноии Гаага Сайфро ҷустуҷӯй ва ӯро дар ҷиноят зидди башарият муттаҳам мекард. Аз ҷумла Қаззофии хурдӣ бар он гумонбар аст, ки ба ҷузъу томҳои махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ фармони куштани иштирокдорони осоиштаи эътирозҳоро дар баҳори имсола додааст.

Соҳибони имрӯзаи Триполи Сайфро ба Гаага доданӣ нестанд ва мехоҳанд ӯро дар худи Сурия ба додгоҳ кашанд. "Ман халқи худ ва тамоми ҷаҳонро бовар мекунонам, ки Сайф дар ҷараёни мурофиаи одилона, ки одамон давоми 20 соли охир аз он маҳрум буданд, ҷазои одилона хоҳад гирифт", -изҳор намуд сарвазир Абдулраҳим ал-Каб. Сабаби "одилона суд кардан" маълум аст: дар Аврупо ҳукми қатл нест. Вазири адлияи Либия бошад, аллакай ба асир ҳукми қатлро ваъда медиҳад.

Дуруст аст, ки Ғарб ба ин қасосгирӣ халал мерасонад -баъди ҷазои бераҳмонаи Муаммар Қаззофии асирафтода. Додситони кулли Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ Луис Морено-Окампо фавран барои гуфтушунид бо ҳукуматдорони Либия доир ба тақдири Сайф-ул-Ислом озими Триполи шуд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi