08:35:41 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАЙС: ДАЪВОИ ПУТИН БА КУРСИИ РАИСҶУМҲУР МАСХАРАИ ДЕМОКРАТИЯ АСТ

Аршад Муҳаммад, Рейтерс

Сарвазири Русия Владимир Путин мӯҳлати сеюм раисҷумҳур шудан мехоҳад ва бо ин кораш демократияро масхара мекунад, изҳор намуд чанд рӯз пеш котиби давлатии собиқи ИМА Кондализа Райс. Баъди аз соли 2000-ум то соли 2008 раисҷумҳур будан ва баъд сарвазир шудан Путин 24-уми сентябр эълон кард, ки вазифаашро бо раисҷумҳур Дмитрий Медведев иваз менамояд ва ин имконият медиҳад, ки дуэти номбурда роҳбарии якҷояро бар кишвар идома диҳанд.

/images/stories/2011/12/15_kondaliza_rays_1512.jpg"Аввалан, он тарзе, ки онҳо ин корро карданд, каму беш ба таҳқири раванди интихоботӣ монанд аст", -гуфт Райс дар мусоҳибааш ба муносибати нашри ёддоштҳояш таҳти унвони "Аз шараф боло чизе нест". Дар асар вай перомуни фаъолияташ ба ҳайси мушовир оид ба амнияти миллӣ ва котиби давлатӣ дар маъмурияти раисҷумҳури собиқ Ҷорҷ Буш нақл мекунад. Ҳангоми ҷавоб ба саволи оё хуб аст, ки Путин боз номзадиашро пешниҳод кардааст, Райс уфт, ки "не" ва баъд афзуд: "Ин бад аст".

Ба қавли Райс агар Путин моҳи марти соли оянда интихоб гардад, (ба фикри бисёриҳо вай барои ин имконияти калон дорад) дигарандеширо пахш мекунад ва ҳокимиятро аз пештара ҳам бештар ба дасти худ мегирад. Бо вуҷуди ин Райс, ки то ба ҳукумат омаданаш дар донишгоҳи Стэнфорд кор мекард ва мутахассиси шӯравишинос буд, мегӯяд: баробари интегратсияи Русия ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ имконияти Путин дар маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бо мурури замон камтар мешавад.

"Маҳдудиятҳои муайяне барои Путин ҳам бавуҷуд меоянд", -изҳор дошт вай ва қайд кард, ки русҳо туфайли сафарҳо ва интернет дар бораи ҷаҳони беруна тасаввуроти васеътаре пайдо кардаанд ва мумкин аст онҳо ба муқобили репрессия сар боло кунанд.

Раисҷумҳурии Путинро бисёриҳо дар хориҷа ҳамчун марҳилаи поймолкунии озодиҳои шаҳрвандӣ ва авлавияти қонунҳо арзёбӣ мекунанд. Ин инъикоси равшани худро дар сарнавишти магнати нафт Михаил Ходорковский ёфтааст. Мавсуф соли 2005 барои қаллобӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз зиндонӣ шуд ва аз бизнеси 40 миллиард доллараи худ маҳрум гашт, вақте ки ба Путин даъвои сиёсӣ кад. Ходорковский то ҳол дар паси панҷара аст.

Ба саволи Путин баъди ба сари ҳокимият омадан дигарандеширо боз ҳам бештар пахш мекунад ё не, ҷавоб дода Райс гуфт: "Чунин хатар ба андозае вуҷуд дорад. Медонед, агар шарт кардан лозим ояд, ман мегӯям, ки ҳатман чунин мешавад".

"Агар вай бо ҳамин роҳ равад, метавонад хатари ба вуҷуд омадани бетартибиҳои зиёдро дар Русия эҷод кунад", -гуфт Райс ва қайд кард, ки қарори сентябрии Путину Медведев дар бораи иваз кардани вазифаҳояшон дар мамлакат мувозеҳ ба танқидҳои зиёд гардид.

"Ман намегӯям, ки вай репрессияро пурзӯр карда наметавонад, ман танҳо фикр мекунам, ки ин барояш хеле гаронтар аз оне, ки меандешанд, анҷом меёбад", -афзуд ӯ.

Агар Путини 59-сола дар ду мӯҳлати шашсола паиҳам пирӯз шавад, вай метавонад то соли 2024 ҳамчун раисҷумҳур боқӣ монад.

Путин, ки дар вазифаи имрӯзаи сарвазирӣ ҳамчун лидери олӣ боқӣ мондааст,худро ба раисҷумҳури собиқи Амрико Франклин Делано Рузвелт монанд кардааст. Мавсуф чаҳор маротиба сарвари Кохи Сафед интихоб шуда буд.

Ҳангоми мусоҳиба Райс ҳамчунин ба масъалаи иқлими инвеститсионӣ барои хориҷиҳо дар Русия дахл кард ва изҳор намуд, ки вақти ҷорӣ кардани таҳримҳо зидди Бонки марказии Эрон фаро расидааст ва гуфт, ки раисҷумҳури ИМА Барак Обама аз Исроил қатъ намудани сохтмонро дар ҳамаи шаҳракҳои яҳудинишин талаб карда, ба иштибоҳ роҳ дод.

Райс гуфт, ки дипломатия барои мӯътақид сохтани Эрон ба даст кашидан аз барномаи ҳастаии худ ҳоло ҳам вақт дорад, лекин ӯ даъват намуд, ки чораҳои таъсиррасонӣ ба ин кишвар сахттар карда шавад, аз ҷумла ба муқобили Бонки Марказии Эрон таҳримҳо ҷорӣ гардад.

"Дипломатия ҳоло ҳам вақт дорад, вале он бояд дипломатияи хеле исроркорона ва маҷбуркунанда бошад", -гуфт Райс ва қайд кард, ки баъзе гомҳо бояд бидуни иҷозати Шӯрои Амният бардошта шаванд, зеро Русия ва Чин метавонанд ба таҳримҳои нав вето гузоранд.

"Вақти онҳоро ба кунҷак ҷой кардан расидааст, -афзуд ӯ. -Ман медонам, ки таҳримҳо ба муқобили Бонки Марказӣ онҳоро ба ҳолати ногувор мегузорад, лекин ин эҳтимол маҳз ҳозир лозим мебошанд".

Ба қавли Райс, Обама, ки давоми се соли раисҷумҳурияш дар танзими сулҳомези зиддияти байни Исроилу фаластиниҳо кори шоистаро ба анҷом нарасонидааст, ба қатъи сохтмон дар шаҳракҳои яҳудинишини соҳили Ғарб даъват карда, иштибоҳ содир намуд.

"Фикр мекунам, ки ин иштибоҳ буд, -гуфт ӯ. -Ҳеҷ як сарвазири Исроил, новобаста аз он, ки вай ба кадом лагери сиёсӣ тааллуқ дорад, ба пурра қатъ намудани сохтмон дар шаҳракҳои яҳудинишин розӣ шуда наметавонад. Ҳамин тариқ, мо аз ду вариант бадтаринашро гирифтем".

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi