13:35:40 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАЪВАТ БА ОРОМӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Дар ҳоле, ки дар Афғонистон шумориши раъйҳои интихобкунандагон идома дорад, мақомоти интихоботии Афғонистон ва ҷониби Амрико аз номзадҳои интихоботии раёсати ҷумҳурии Афғонистон даъват кардаанд, ки оромиро риоят кунанд. 

Ин интихобот рӯзи панҷшанбе, 20-уми август, баргузор шуд ва то ҳол шумориши оро идома дорад. Аммо ду рақиби аслии курсии раёсати ҷумҳурӣ Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури кунунӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири пешини умури хориҷаи Афғонистон иддао кардаанд, ки дар ин интихобот пирӯз шудаанд. Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон мегӯяд, ҳар дуи ин номзадҳо ба вай итминон додаанд, ки ҷонибдорони худро ба оромӣ даъват мекунанд. 

Оқои Ҳолбрук ин нуктаро рӯзи ҷумъа баъд аз мулоқоташ бо ин ду номзад баён доштааст. Ҳолбрук мегӯяд, ин ду номзад ҳамчунин гуфтаанд, онҳо натиҷаҳои интихоботро эътироф хоҳанд кард ва агар натиҷаҳои интихобот баҳсбарангез бошад, онҳо ҷонибдорони худро таҳрик намекунанд. Ситоди интихоботии Карзай гуфтааст, натиҷаҳои муқаддамотии интихобот нишон медиҳад, ки ба даври дуввуми раъйдиҳӣ зарурате боқӣ намондааст. Аммо ситоди Абдуллоҳ мегӯяд, ки вай дар интихобот пешсаф аст, вале имкони баргузории даври дуввумро истисно намедонад. 

Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон гуфтааст, танҳо ин ниҳод ҳақ дорад, ки натиҷаҳои расмии интихоботро эълон кунад. Интизор меравад, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихобот ҳафтаи оянда эълон шавад, вале натиҷаҳои ниҳоӣ моҳи сентябр нашр мешавад. Фаҳим Ҳаким, як мақоми расмии Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт, то ҳол танҳо аз шаҳри Кобул бештар аз 100 шикоят расидааст. Ба гуфтаи Ҳаким, шикоятҳое расидааст, ки баъд аз баста шудани ҳавзаҳои раъйдиҳӣ кормандони интихоботӣ сандуқҳои раъйро бо баргаҳои раъй ба ҷонибдорӣ аз номзади мавриди назари худ пур кардаанд ва баргаҳои рақибро аз сандуқ берун рехтаанд. 

Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ширкати раъйдиҳандагон дар манотиқи шимолии кишвар нисбат ба манотиқи ҷанубии кишвар бештар будааст. Дар манотиқи ҷанубӣ ба сабаби ҳузури Толибон сокинон камтар дар интихобот ширкат кардаанд. Гурӯҳҳои тундрав таҳдид карда буданд, ки интихоботро ба ҳам мезананд ва аз сокинон даъват мекарданд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат накунанд. Бо вуҷуди чунин таҳдидҳо миллионҳо нафар афғон бори нахуст аз миёни бештар аз 30 номзад ба ҷонибдорӣ аз раҳбари худ раъй доданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз ин интихобот ситоиш кард ва гуфт, мардуми Афғонистон барои ба даст гирифтани сарнавишти ояндаи худ қадами муҳиме ба пеш бардоштаанд.

Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi