18:36:35 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОХИРИН ВАССИЯТИ САДДОМ БА ПОДШОҲИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

Сарвари Ироқ Саддом Ҳусейн дар вопасин рӯзҳои зиндагиаш дар номае ба подшоҳи Арабистони Саудӣ эътироф кард, ки бозичаи дасти Амрико шуда ва Кувайтро бо иҷозаи Амрико ишғол кардааст.

/images/stories/2011/11/27_saddom-khuseyn_271111.jpgБа гузориши пойгоҳи хабарии Аннахил, пас аз сипарӣ шудани шаш сол аз суқути режими Саддом дар Ироқ, ҳар рӯз садҳо ва ҳазорон рози ҷадид аз иқдомот ва расвоиҳои ӯ ифшо мешавад. Яке аз ин аснод, номаи диктатори Ироқ ба Малик Абдуллоҳ- подшоҳи Арабистон аст, ки дар он, Саддом эътироф мекунад, бо ҳамоҳангии Амрико ва Кохи Сафед ба Кувайт ҳамла кардааст.

Бо чароғи сабзи Амрико Кувайтро ишғол кардам

Саддом Ҳусайн дар ин нома, пас аз аҳволпурсӣ, дар ибтидо эътироф мекунад: "Ман пеш аз ин бо амрикоиҳо ҳамдаст шудаам ва ба як воситаи иҷрои тарҳҳояшон табдил шудам. Ман дар таърихи 25 июли соли 1990 бо Април Глосбӣ (April Glaspie)- сафири Амрико дар Ироқ, дидор кардам ва Амрико аз тариқи сафираш ба ман барои ишғоли Кувайт чароғи сабз нишон дод.

Ӯ ба ман гуфт: "Мо дар бораи ихтилофотат бо бархе аз арабҳо, аз ҷумла, мушкилат бо Кувайт, ҳеҷ назаре надорем. Вай сипас лабханд зад ва ман фаҳмидам, ки манофеи мо ва Амрико дар як сӯ аст ва тасаввур кардам, ки онҳо ҳампаймони ман ҳастанд. Як ҳафта пас аз ин дидор, Кувайтро ишғол кардам, аммо дидам, ки ин зинозодагон (амрикоиҳо) назари худро иваз карданд ва тамоми нерӯҳои худро алайҳи ман муттаҳид карданд ва ман аз иқдом ғофилгир шудам.

Онҳо ба мо ҳамла карданд ва бо бомбаборонҳои паёпай Бағдодро ба ҷаҳаннам табдил доданд. Онҳо паноҳгоҳи Ал-амморияро бомбаборон карданд ва занону кӯдаконро зинда-зинда сӯзонданд ва тамоми зерсохтҳои моро тахриб карданд. Сипас Ироқро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доданд ва садҳо ҳазор кӯдаки ироқиро куштанд. Сипас Ироқро дар соли 2003 ишғол карданд ва маро ба асорат гирифтанд..."

Сарони араб ё зиддиисломанд ё бозичаи Амрико

Саддом Ҳусейн дар идомаи номааш нигоштааст: "Аммо баъд, эй Абдулло ибни Абдулазиз, ман ин номаро танҳо барои ту навиштам, зеро ман танҳо туро ҳокими арабӣ медонам, ки шоистаи хондани ин нома аст ва бақияи сарони араб ё касоне ҳастанд, ки дар гилу лойи душманӣ бо ислом ғӯта мезананд ё бозичае дар дасти Амрико ҳастанд."

Амрико бадтарин хиёнатро дар ҳаққи ман раво дошт

"Ман туро аз ин Амрико барҳазар медорам. Ҳамон тавр ки мебинӣ, онҳо бадтарин хиёнатро дар ҳаққи ман раво доштанд ва маро ба рағми ин ки дар ҷанг бо Эрон таҳти ҳимояташон будам, дар як мижжа задан аз худ дур карданд."

Аз ҳампаймонии ман бо Амрико дарси ибрат бигир

Саддом дар идома менависад: "Ин Амрикое, ки акнун ту бо он ҳампаймон ҳастӣ, дар наздаш ба андозаи як зарра ҳам арзиш надорӣ ва ҳаргоҳ ки бихоҳад, туро иваз хоҳад кард ва ҳамон кореро бо ту хоҳад кард, ки бо ман кард ва ҳамон гуна ки маро мекушад, туро, хонаводаат ва миллататро хоҳад кушт ва нафт ва дороиҳоятро азхуд хоҳад кард ва обрӯи занонатро хоҳад рехт. Аз ончи ки бар сари ман омад, ибрат бигир ва аз амрикоиҳои хабис дурӣ кун! Ин акнун барои ту як фурсат аст!"

Тавсияи охири Саддом ба подшоҳи Арабистон

Дар идомаи ин нома омадааст: "Далели ин ки туро дар ин нома хитоб қарор додам ин аст, ки ту рӯи табақе аз тилло нишастаӣ ва ҷавонони Арабистонро дар ихтиёр дорӣ."

Саддом дар идома аз подшоҳи Арабистон мехоҳад, то рӯи ҷавонони худ сармоягузорӣ кунад ва иҷоза надиҳад, ки онҳо майдони набард ва ба истилоҳи ӯ майдони ҷиҳодро холӣ кунанд ва ба лаҳву лаъиб рӯй оваранд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi