14:39:01 06-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОЗДОШТИ ЁЗДАҲ АФСАРИ НЕРӮҲОИ АМНИЯТИИ ИРОҚ

Як рӯз пас аз он ки наваду панҷ тан дар инфиҷорҳои Бағдод кушта шуданд, мақомҳои ироқӣ аз боздошти ёздаҳ афсари нерӯҳои амниятӣ ва артиш ба ҷурми камкорӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба масъулияти худ хабар додаанд.

Ин боздоштҳо ҳамзамон бо таҳқиқоти амниятӣ дар бораи вуқуъи инфиҷори ду комюн ҳомили маводди мунфаҷира дар наздикии сохтмонҳои вазоратхонаҳои хориҷа ва дороӣ дар маркази Бағдод рух дод. Ин ду инфиҷор бар талафоти зиёд, осебдидагии бештар аз панҷсад нафарро ба ҳамроҳ дошт ва мақомҳои маҳаллӣ аз мардум хостаанд бо эҳдои хун ба онҳо кумак кунанд. Дар пайи вуқуъи ин ҳамалот, тадобири ҳифозатӣ дар пойтахти Ироқ ташдид шудааст ва Нурӣ Моликӣ хостори бозбинии равишҳо ва тарҳҳои амниятӣ шудааст. 

Ба рағми афзоиши тадобири амниятӣ дар Бағдод, ҳамлаи интиҳории як дучархасавор ба рестуроне дар маркази ин шаҳр марги ду нафар ва ҷароҳати даҳ танро дар рӯзи панҷшанбе ба ҳамроҳ дошт.

Хабарнигорони мустақар дар Бағдод мегӯянд вуқуъи ин ҳамалот нигарониҳоро дар бораи тавоноии давлати Ироқ дар ҳифзи амният дар ин кишвар афзоиш додааст. Омрико масъулияти амнияти манотиқи шаҳриро дар поёни моҳи июн ба давлати Ироқ супурд.

ҲАРҶУ МАРҶ

Пизишкон ва коркунони як бемористон дар Бағдод ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтаанд, ки ба иллати теъдоди болои маҷруҳони ҳаводиси чаҳоршанбе, дар тӯли шаб машғули ҷарроҳӣ ва мудовои осебдидагон будаанд. Торо Барқӣ аз пизишкони ин бемористон гуфт: "Вазъи ошуфтае буд, ҳарҷу марҷ буд. То кунун ин миқдор маҷруҳ надида будем."

Ёздаҳ афсари боздоштшуда аз фармондеҳони пулис ва артиш будаанд, ки масъулиятиа мният, ҳифозат ва кунтрули трофикро бар уҳда доштаанд. Женерол Қосим Мусавӣ, аз сухангӯёни артиши Ироқ, гуфт ин ҳамалот баёнгари заъфи амниятӣ аст ва нерӯҳои мусаллаҳ бояд масъулияти ин заъфро бар уҳда бигиранд.

Женерол Қосим Ато, аз дигар сухангӯёни артиши Ироқ, ҳам аз мануъияти тарадуди комюнҳои сангин дар маркази Бағдод хабар додааст. Женерол Ато ҳамчунин аз афзоиши нерӯҳои амниятӣ дар шаҳр хабар дод. Нурӣ Моликӣ мегӯяд, авомили Алқоъида ва вафодорон ба ҳукумати Саддом Ҳусейн аз фурсати ҷамъоварии деворҳои ҷудосозӣ дар Бағдод истифода кардаанд ва ба ҳамалоти ҷадид даст задаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi