15:58:29 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ ХАБАРНИГОРОН ДАР КОБУЛ

Чандин хабарнигори афғон ва хориҷӣ ба далели гузоришдиҳӣ аз як мавриди хушунат дар шарқи Кобул, аз сӯйи пулиси ин шаҳр барои дақоиқе боздошт шуданд.

Ду нафар аз хабарнигорони Би-би-сӣ низ, ки дар маҳалли ҳодиса буданд, дар миён боздоштшудагон буданд, ки пас аз ҳудуди бист дақиқа дубора озод шуданд. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд шуморе аз ин хабарнигорон дар ҳангоми боздошт, аз сӯйи пулис мавриди зарбу шатм қарор гирифтаанд. Теъдоди ин хабарнигорон ба беш аз даҳ нафар мерасад, ки дар миёни онҳо шуморе аз хабарнигорони хориҷӣ низ шомил будаанд. Ин афрод машғули таҳияи гузориш аз минтақае ба номи Шоҳ Шаҳид дар шарқи Кобул буданд, ки дар он ҷо пулис бо шуморе аз мардони мусаллаҳ даргир шудааст. 

Пулис наворҳои тасвирии хабарнигорони аккос ва филмбардорро забт кардааст. Давлати Афғонистон як рӯз пеш аз интихобот аз тамомии хабарнигорон хоста буд, ки аз пӯшиши хабарии ҳаводиси амниятӣ дар Афғонистон худдорӣ кунанд, мабодо ин гузоришҳо монеъ аз мушорикати мардум дар интихобот шавад.

Ин дархост бо вокуниши тунди хабарнигорон рӯбарӯ шуда талоши давлат барои нақзи озодии баён талаққӣ шудааст. Аз оғози раъйдиҳӣ дар Афғонистон то ҳоло чандин мавриди хушунат ва инфиҷор дар бахшҳои мухталифи Афғонистон гузориш шуда, ки дар бархе маворид ин ҳамалот талафоте низ ба ҳамроҳ доштааст.

Хушунатҳо дар рӯзи интихобот

Як кӯдак дар вилояти Ҳелманд, дар ҷануби Афғонистон дар асари бархурди як рокет дар наздики як маркази раъйгирӣ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд. Дар Кобул низ ҳадди ақал се инфиҷор сурат гирифт, аммо мақомот мегӯянд, ин ҳаводис талафоте дар пай надоштааст.

Пулиси Кобул дар ҳамин ҳол дар шарқи ин шаҳр бо гурӯҳе аз мардони мусаллаҳ даргир шуд ва дар натиҷа гузориш шуда, ки ҳудуди се нафар аз муҳоҷимон кушта шудаанд. Соири хушунатҳо марбут ба бархурди се рокет дар вилояти Қундуз, дар шимол, бархурди панҷ рокет дар вилояти Қандаҳор, дар ҷануб, мешавад.

Ҳамчунин нерӯҳои амниятӣ гуфтанд, ки ду фарди машкуки интиҳориро дар шаҳри Гардиз, маркази вилояти Пактиё, қабл аз он ки муваффақ ба иҷрои амалиёти интиҳорӣ шаванд, шиносоӣ карда ва ба қатл расондаанд. Нерӯҳои амниятӣ дар ин шаҳр, ҳамчунин ду фардро бо дастгоҳҳои партоби рокет боздошт кардаанд.

Ин дувумин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятӣ дар Афғонистон аст. Ҳудуди ҳафдаҳ милюн нафар барои ширкат дар ин интихобот сабти ном кардаанд. Нигарониҳои амниятӣ бар ин интихобот соя афканда ва ҳудуди сесад ҳазор нафар аз нерӯҳои амниятӣ, афғону хориҷӣ, масъули муроқибати вазъияти амниятӣ дар саросари Афғонистон ҳастанд

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi