15:18:32 02-уми Июни 2025 сол

ҲАДСЗАНИҲО ПАС АЗ ЭЪЛОМИ ТАРҲИ ПУТИН ВА МЕДВЕДЕВ БАРОИ СОЛИ 2012

Алексей Кудрин, вазири молияи Русия дархости истеъфо кардааст. Ин кор замоне рух дод, ки Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия? аз ӯ хостааст, ки ё ҳарфашро дар бораи мувофиқ набуданаш бо сиёсати давлат пас бигирад ва ё аз симматаш ба истеъфо равад.

/images/stories/2011/09/27_putin_medved_27.9.2011.jpgВай дар ҷараёни як ҷаласа гуфтааст, ҳар касе ки дар масири пешгирифтаи раиси ҷумҳур ё давлати Русия шубҳа дорад, метавонад аризаашро бинависад. Ин суханонро оқои Медведев дар посух ба вокуниши Алексей Кудрин ба ин хабар, ки оқои Медведев мумкин аст дар соли 2012 нахуствазири Русия бишавад, гуфт.

Оқои Кудрин дар ҷараёни сафараш дар Вошингтун гуфт, агар Медведев нахуствазир шавад, баъид аст, ки вай дар ҳайъати ин давлат боқӣ бимонад. Вай гуфта буд, ки бо сиёсати молии пешниҳодкардаи оқои Медведев, ки афзоиши қобили мулоҳизаи будҷети низомиро дар назар мегирад, мувофиқ нест.

Рӯзи шанбеи 24-уми сентябр, Влодимир Путин ва Дмитрий Медведев дар ҳамоиши ҳизби “Единая Россия” эълом карданд, ки оқои Медведев дар сурати пирӯзии ҳизби онҳо дар интихоботи порлумонӣ нахуствазир хоҳад шуд ва оқои Путин номзадиашро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия хоҳад гузошт.

“Бояд машварат кунам”

Алексей Кудрин дар посух ба “пешниҳоди” оқои Медведев дар бораи истеъфо дар маърази умумӣ гуфт, ки нахуст дар ин бора аввал бо “нахуствазир машварат хоҳад кард”. Медведев дар навбати худ посух дод, ки вай метавонад, бо “ҳар касе ки дилаш мехоҳад”, машварат кунад, “аммо ҳоло ман раиси ҷумҳур ҳастам ва чунин тасмимҳоро худам мегирам”.

Бо ин вуҷуд, сухангӯи Влодимир Путин мегӯяд, ки “Алексей Кудрин бидуни шубҳа дар тими Путин боқӣ хоҳад монд.” Пас аз эъломи ин хабар, ки Влодимир Путин номзадиашро барои ширкат дар интихоботи президентӣ гузошта ва мумкин аст Дмитрий Медведев нахуствазири Русия шавад, зеҳни мақомоти ин кишвар машғули фикри ояндаашон шуд.

Вале Владислав Сурков, муъовини раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия гуфт, дар бораи тағйироти эҳтимолии сиёсӣ иттилоъ надорад ва афзуд: “танҳо чизе ки мутмаъинам, ки иттифоқ меафтад – пирӯзии ҳизби ҳокими “Единая Росия” аст.”

Вай афзуд, қарор нест дар системи сиёсии кишвар тағйироти ҷиддие иттифоқ биафтад - “ба хусус ҳеҷ табдиле ба системи ҷумҳурии порлумонӣ дар назар нест.” Зимнан оқои Сурков гуфт, ки оқои Кудрин қабл аз истеъфои худро бо Влодимир Путин машварат накарда буд.

Игор Шувалов, муъовини аввали нахуствазир, гуфтааст ҳатто агар Алексей Кудрин, вазири молия бо кучидани Дмитрий Медведев ба Кохи Сафед, ба истеъфо равад, ӯ дар тими Влодимир Путин боқӣ хоҳад монд. Аммо дархости истеъфои Алексей Кудрин, ки аз соли 2000-ум вазири молияи Русия аст, сармоягузорони хориҷиро нигарон сохтааст.

Крис Уифер, коршинос аршади “Тройка Диолуг” мӯътақид аст, ки “сармоягузорон аз ин ки Кудрин аз ин симмат истеъфо дода ва кобинаи давлатро тарк хоҳад кард, мутмаъинан нороҳат хоҳанд шуд.” Вай мегӯяд: “Кудрин сиёсати хирадмандонаи молӣ дошт ва пештар алайҳи афзоиши хароҷоти давлатӣ баромад мекард.”

“Табларзаи” бозорҳои молӣ

Тавре, ки коршиносон дар рӯзҳои таътил пешгӯӣ мекарданд, субҳи рӯзи душанбеи 26-уми сентябр бозорҳои бурс бо уфт рӯбарӯ шуданд. Шохисҳои РТС дар нахустин дақоиқ беш аз 3% коҳиш ёфта ва ММВБ беш аз 2.5% аз даст дод. Нархи дулор лаҳзаи оғози хариду фурӯш дар бозори ММВБ 35 копек гаронтар шуд.

Дертар шохисҳо дубора боло рафтанд, аммо ба гуфтаи таҳлилгарон ин ба он маъност бозорҳо дучори табларза ҳастанд, ва имкони пешгӯӣ кардани рафтори баъдии онҳо низ душвор аст. Аммо иқтисоддонҳои шинохтаи дохилӣ ва хориҷӣ гуфтаанд, ки истеъфои пурсарусадои вазири молияи Русия вокуниши номатлубе дар бозорҳои молӣ хоҳад дошт ва имкон дорад ба берун рафтани сармоя аз Русия боъис шавад.

Бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, ки истеъфои оқои Кудрин, ки бо баҳсҳое дар маърази умумӣ ҳамроҳ буд, сенориюи ҳукумати русро дар бораи табдили равони симмати раёсати ҷумҳурӣ аз Дмитрий Медведев ба Влодимир Путин ба ҳам зад. Гурӯҳе дигар мутмаъинанд, ки истеъфои вазири молияи Русия метавонад, ба вазъи Русия бештар аз худи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ асар гузорад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854