17:22:55 01-уми Июни 2025 сол

НЕРӮҲОИ ҚАЗЗОФӢ 17 НАФАР ХОРИҶИИ ЗАРХАРИДРО БА АСОРАТ ГИРИФТАНД

Мӯсо Иброҳим, намояндаи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқи ҷумҳурии Либия эълом кард, ки тарафдорони Қаззофӣ дар шаҳри Бани Валид 17 нафарро, ки аксарияти онҳо хориҷӣ ҳастанд, ба асорат гирифтанд. Ин матлабро хабаргузории «РИА Новости» бо истинод ба пойгоҳи хабарии «Reuters» гузориш додааст.

/images/stories/2011/09/20_kaddaf-20.9.2011.jpgТибқи хабаргузории «Reuters», зимни нақли қавл аз намояндаи Қаззофӣ менависад: «Дар Бани Валид, ки дар онҷо набардҳои байни гурӯҳи мухолифи давлати муваққатии Либия ва тарафдорони Қаззофӣ ҷараён дорад, гурӯҳи муракаб аз 17 нафар боздошт шудааст. Ин афрод коршиносони фаннӣ ҳастанд. Илова бар шаҳрвандони Фаронса, ки аксарияти ин гурӯҳро ташкил медиҳанд, ду нафар англис, як аҳли Қатар ва як нафари дигаре, ки шаҳрванди яке аз кишварҳои осиёӣ аст, аз ҷумлаи боздоштшудагон ҳастанд».

Тибқи иттилооти хабаргузории «Reuters», қаблан НАТО, мақомоти давлати Фаронса ва Бритониё гузориши мунташираи тавассути Arrai TV-ро дар бораи ба асорат гирифтани гурӯҳе аз низомиёни НАТО тавассути тарафдорони Қаззофӣ рад карданд.

Ёдовар мешавем тазоҳуроти эътирозӣ дар Либия ба хости барканории Муаммар Қаззофӣ, ки беш аз 40 – сол дар ин кишвар ҳукумат мекард, аз рӯзи 15-уми феврал оғоз шуда ва ба суқути бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни ҳомиён ва мухолифони Қаззофӣ мунҷар гардид. Мухолифони Қаззофӣ баъд аз 6 моҳи набард тавонистаанд контроли худро тақрибан бар саросари хоки Либия барқарор карда ва дар даҳаи саввуми моҳи август бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии НАТО Тароблус, пойтахти Либияро ба тасарруф дароваранд.

Дар моҳи феврал, мухолифини ҳукумати Қаззофӣ Шӯрои миллии муваққатро дар шаҳри Бенғозӣ воқеъ дар шарқи ин кишвар ташкил дода ва онро ягона ниҳоди ҳукумати қонунӣ дар ин кишвар эълом кард. Ҳудуди 60 кишвар, аз ҷумла Русия, Шӯрои миллии муваққатии Либияро ба расмият шинохтаанд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854