10:00:08 04-уми Июни 2025 сол

ЯК МАҚОМИ ҲИНДӢ ХОҲОНИ ТАЪСИСИ КУМИТАИ ҲАҚИҚАТҶӮ ДАР МАВРИДИ 11 СЕНТЯБР ШУД

Қонунгузори ҳиндӣ бо машкук хондани ҳамалоти террористии 11-уми сентябр ва имкони вуҷуди нақши пушти пардаи Амрико ва режими саҳюнистӣ дар тарроҳии ин ҳамла, аз Созмони Милали Муттаҳид хоста, барои ёфтани ҳақиқати ин ҳамла як гурӯҳи ҳақиқатҷӯ ташкил диҳад.

/images/stories/2011/09/11_shuayb-iqbal_11.9.2011.jpgТибқи хабаргузории «Ирно», Шуъайб Иқбол, намояндаи порлумони Деҳлӣ, рӯзи шанбе дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо «Ирно» афзудааст, ки аз ҳамон рӯзҳои аввалия пас аз ҳамалоти 11-уми сентябр шакҳое дар ин хусус вуҷуд дошт, аммо пас аз он дар натиҷаи таблиғоти манфии бархе кишварҳо, бидуни ҳеҷ далелҳои қотеъ, Афғонистонро иллати ин ҳодиса муаррифӣ карданд, ки баъд аз муддати мушаххас шудани ин ҳамалот, амалиёти худи онҳо барои ёфтани баҳонае ҷиҳати ишғол бар ин минтақа буд.

Вай бо изҳори таассуфи худ нисбати аз даст рафтани афроди бегуноҳ дар ҳодисаи 11 сентябр 2001 гуфт: «Ин ҳамлаҳо ва миллионҳо паёмади онҳо иттифоқоте буданд, ки ё аз сӯи Амрико ва режими саҳюнистӣ тарҳрезӣ шуда буд, ё ин кишварҳо иҷозаи ин ҳамалотро дода буданд».

Ин мақоми ҳиндӣ бо ишора бар ин ки садҳо пурсиш ба ин ҷавоб боқӣ монда, ки Амрико бояд онҳоро ба мардуми дӯстдори сулҳ дар саросари ҷаҳон посух гӯяд, идома дод: «На танҳо муттафакирони амрикоӣ, балки андешамандон, сиёсатмадорон ва таҳлилгарони хориҷ аз Амрико, ба бозигардонии Амрико дар ин ҳамлаҳо машкук ҳастанд».

Ин сиёсатмадори ҳиндӣ афзӯд: «Аз он ҷо, ки сиёсатҳо ва иқдомоти Амрико ҳамеша баҳсбарангез буда, ин вазифаи Созмони Милали Муттаҳид аст, ки кумитаи ҳақиқатҷӯе барои ёфтани ҳақиқати ин ҳамалот, ки мунҷар ба наслкушии миллионҳо мардуми бегуноҳе дар Афғонистон шудааст, ташкил диҳад».

/images/stories/2011/09/11_11.9.2011.jpgШуъайб Иқбол изҳор дошт, ки дар соли 2010 Маҳмуд Аҳмадинажод, президенти Эрон дар суханроние, ки дар Маҷмӯаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк дошт, ин мавзӯъро матраҳ кард, ки ҳамчунон назарияҳое зиёде мабни бар ин ки ҳамалоти 11-уми сентябр нақша буда, вуҷуд дорад ва ӯ ҳамчунин пешниҳоди ташкили кумитаи ҳақиқатҷӯи Созмони Милали Муттаҳидро тавсия дод.

Шуъайб дар ҳимоят аз даъвати Эрон таъкид кард, ки ҳамаи кишварҳои дӯстдори сулҳ бояд ба давлат бар анҷоми таҳқиқоте, ки ҷанбаҳои мухталифи ин ҳамларо рӯшан созад, таъкид кунанд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854