00:23:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАРҲЕ БАРОИ ҲУЗУРИ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ХОРИҶ АЗ МАРЗҲОЯШ

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, лоиҳаеро ба маҷлиси ин кишвар додааст, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи Русия иҷозаи мудохилаи низомӣ дар хориҷ аз марзҳои ин кишварро медиҳад.

Ин лоиҳа ба нерӯҳои Русия ин имконро медиҳад, то барои дифоъ аз манофеъи Русия ва шаҳрвандони ин кишвар ва ё ҷилавгирӣ аз таҳоҷуми низомӣ алайҳи кишвари дигаре вориди амал шаванд. Оқои Медведев гуфт ин лоиҳа ба ҷанги соли пеши Русия ва Гурҷистон бар сари манотиқи ҷудоиталаби Обхоз ва Усетиёи Ҷанубӣ муртабит аст. Русия далели ин ҷангро дифоъ аз шаҳрвандони Русия дар Усетиёи Ҷанубӣ муъаррифӣ кард.



Ин ҷанг, ки 7 августи 2008 шурӯъ шуд, харобиҳои густардае ба бор овард. Ин даргириҳо замоне оғоз шуд, ки Гурҷистон талош кард, то кунтрули ин минтақаи ҷудоиталабро дар даст бигирад. Ба дунболи он даргириҳое миёни Русия ва нерӯҳои Гурҷистон сурат гирифт. 

Нерӯҳои Русия дар ин ҷанг вориди бахшҳое аз хоки Гурҷистон шуданд. Ҷанг миёни Русия ва Гурҷистон панҷ рӯз тӯл кашид ва пас аз он тавофуқномаи оташбас миёни тарафайн имзо шуд. Нерӯҳои Русия дар натиҷаи ин тавофуқнома ақабнишинӣ карданд, аммо ин кишвар ҳузури низомии худро дар Усетиёи Ҷанубӣ ва Обхоз, ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон, ки эъломи истиқлол кардаанд, афзоиш дод. 



Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи душанбе гуфт, ки ироаи тарҳи ҳузури нерӯҳои русӣ дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар бо рухдоди маъруфе, ки соли пеш рӯй дод, иртибот дорад. Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки рӯйдодҳое аз ин даст ба вуқуъ напайвандад, аммо таъкид кард, ки масоиле аз ин даст мавриди таваҷҷӯҳ қарор гиранд.

Дар сурати таъйиди ин лоиҳа аз сӯйи Маҷлиси Русия, раиси ҷумҳур ин иҷозаро хоҳад ёфт, ки аз нерӯҳои низомии вижаи Русия дар хориҷ аз кишвар истифода кунад. Тибқи қонуни феълӣ, раиси ҷумҳури Русия бояд дар сурати истифода аз нерӯҳои низомӣ намояндагони маҷлисро пешопеш дар ҷараён бигузорад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi