04:34:43 06-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МИЛИТАРИЗАТСИЯИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Моҳи июли соли равон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ боз як «армуғон» овард: Русия аз роҳбарияти Қирғизистон хоҳиш намуд, ки дар ҷануби кишвар, дар наздикии сарҳадҳои Ӯзбакистон барои кушодани пойгоҳи нави низомӣ иҷозат диҳад. Маскави расмӣ сабаби ин иқдоми худро «Хоҳиши бехавфсозии сарҳадҳои ҷанубии ИДМ дар доираи ҳамкориҳо бо СПАД (созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ) (ОДКБ)» медонад. Вале аз вокуниши манфии ҳукуматдорони ӯзбак ба ифтитоҳи пойгоҳи низомӣ бармеояд, ки онҳо бо Кремл доир ба масоили ҳамкориҳои сиёсиву ҳарбӣ дар доираи СПАД ихтилоф доранд.

Бояд тазаккур дод, ки Ӯзбакистон созишномаро дар бораи таъсиси Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал (НДЗ), дар доираи ин сохтори минтақавии ҳарбӣ имзо накардааст, зеро тартиби дохил шудан ба созишнома доир ба НДЗ, ки чанде пеш ба ҳукми қонун даромад, ба қонунҳои ин давлат мухолиф аст. Таъкиде дар матни созишнома боз як монеаи дигар ба вуҷуд овардааст: дар созишнома омадааст, ки қарор дар ҳолати норизо будани кадоме аз аъзои созмон ҳам қабул карда мешавад ва ин хилофи оинамои СПАД мебошад. Тибқи оиннома қарор бояд якдилона қабул гардад.

Кӯшишҳои роҳбарияти Русия дар бобати иҷборан бар дӯши ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ бор кардани стратегияи худ аз тариқи СПАД боиси нигаронӣ ва эътироз шудааст, зеро он дар ин масъалаи нозук манфиатҳои на ҳамаи кишварҳои дигарро ба назари эътибор гирифтааст. Моҳи июни соли равон ҳатто яке аз иттифоқчиҳои наздики Кремл А. Лукашенко барои имзо кардан ба созишномаи номбурда ба Маскав наомад ва ҳатто худи ҳамин ҳам метавонад баёнгари то чӣ андоза ҷиддӣ будани эътирозҳо бошад. Лекин бо баъзе сабабҳо на ҳама ҷуръат мекунанд, ки ба прагматизми барзиёди геополитикии тандеми «Медведев-Путин» муқовимат намоянд.

Махфӣ нест, ки бӯҳрони фарогири давомдори молиявию иқтисодӣ ба иқтисодиёти Русия, ки ба содироти ашёи хом такя мекунад, зарбаи сахт задааст ва Маскав ба ҷойи он, ки ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа инвеститсияҳои ҷолиб пешниҳод намояд, кӯшиш мекунад, ки мисли солҳои раёсати Путин боз ба усулҳои кӯҳнашудаи фишовароварӣ бо кӯмаки нерӯҳои ҳарбӣ рӯй оварад. Қарор перомуни ифтитоҳи пойгоҳи нави низомӣ дар ҷануби Қирғизистон аз ҷумлаи оқибатҳои ҳамин гуна як сиёсат аст. 

Эҳтимол меравад, ки Маскав ҳанӯз моҳи феврал аз мақсадҳои аслии Кохи Сафеди Қирғизистон огоҳ будааст ва дар ин бозии муғамбиронаи геополитикӣ Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун аъзои як даста иштирок намудаанд. Изҳороти У. Боқиев касро ба чунин андеша водор месозад. Вай гуфта буд: «Созишнома дар бораи табдилу пойгоҳи низомии амрикоӣ (фурудгоҳи «Манас») ба маркази ҳамлу нақли транзитӣ муваффақияти муштараки Амрикову Русияву Қирғизистон мебошад». Сиёсати ҷории ҳокимони Русия, рости гап, ба назар на он қадар натиҷанок менамояд. Баъди ҳодисаҳои моҳи августи соли 2008–и Ќафқоз, ки боиси De facto аз Гурҷистон ҷудо гардидани Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон шуд, албатта бо кӯмаки Федератсияи Русия, дар тамоми фазои пасошӯравӣ аз сабаби эҳёи ғурурҳои неоимпериаш нисбати Русия нобоварии хомӯшона ҳукмрон шуд.

Ҳарчанд маъмурияти Кохи Сафед ҳамчун нишонаи миннатдорӣ ба қирғизҳо барои боқӣ мондани пойгоҳи (инчунин ба Кремл барои иҷозати ҳамлу нақли борҳои ҳарбӣ тавассути ҳудудҳои Федератсияи Русия ба Афғонистон) ба кушодашавии пойгоҳи дуюми Русия муқовимат накард, ки ҳамаи ин ба авҷ гирифтани шиддатнокӣ дар Осиёи Марказӣ такони наве хоҳад дод.

Самараи ҳамаи ин пойгоҳсозиҳои баҳсмабас ва милитаризатсияи минбаъдаи минтақаи Осиёи Марказӣ чӣ хоҳад буд?

Аввалан, хатсайрҳои наркотрафик ва ба минтақа роҳ ёфтани созмонҳои байналмилалии террористӣ, ки аз ҳудудҳои Афғонистону Покистон ронда мешаванд, метавонанд пурра таҳти назорати низомиҳои Русия гузаранд ва аз эҳтимол дур нест, ки онҳо инро ҳамчун имконияти фишороварӣ, пеш аз ҳама муқобили Ӯзбакистон истифода баранд. Ба ақидаи баъзе аз коршиносон, «Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон (Туркистон)» дар ҳудуди Тоҷикистон солҳои «майли Ӯзбакистон ба ҷониби Амрико» созмон дода шудааст ва ин бе кӯмаки хадомоти махсуси Русия ҷараён нагирифтааст.

Агар ин гуфтаи онҳо рост бошад, вокуниши тезутунд ва манфии ҳукуматдорони ӯзбак бедалел нест.

Баъдан, бозингарони дигари тахтаи шоҳмоти геополитикии Осиёи Марказӣ кайҳо боз ин минтақаро «майдони пушти ҳавлӣ»-и Русия намедонанд ва саъю талош доранд, ки дар ин ҷой мустаҳкам ҷойгир шаванд, то ба захираҳои фаровони табии он дасрасӣ дошта бошанд. Дар ин бобат сиёсати хориҷии бисёрсамтаи роҳандозинамудаи элитаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ифтитоҳи пойгоҳҳои нави ҳарбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, ки он баробари афзун намудани рақобат метавонад дар маҷмӯъ вазъиятро ноором созад.

Сеюм, дар Маскав хеле хуб мефаҳманд, ки задухӯрҳои охирини округи мухтори Синтзян-Уйғури Чин дар заминаи қавмӣ метавонад роҳбарияти Пекинро ба бунёди нерӯҳои зудамал дар доираи СҲШ таҳрик намояд, ки мақсади он мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ хоҳад буд.

СҲШ ба НАТО доир ба танзими проблемаҳои Афғонистон ҳамкориҳои фаъолро пешниҳод мекунад, ки албатта дар он ташаббуси Чин ҳам ҳаст. Чиноиҳо хатари асосиро барои амнияти худ ҳодисаҳои Афғонистону Покистон медонанд, зеро на танҳо наздикии қавмии уйғурҳо бо халқҳои туркнажоди Осиёи Марказӣ, балки боз проблемаҳои Афғонистон, ки характери идеологии динӣ ҳам доранд, дар нооросозии вазъият нақши умда бозида метавонанд.

Алҳол ҳамаи ин ҳамчун фарзу гумон аст, вале авҷ гирифтани шиддатнокӣ дар шимолу ғарби Чин метавонад ба чунин ранг гирифтани ҳодисаҳо мусоидат намояд.

Чоҳорум, хеле фарсудаву заҳматталаб будани яроқи аслиҳаи артишҳои кишварҳои минтақа дар рӯ ба рӯй хавфу хатарҳое, ки аз Афғонистони ҳамсоя бармеояд, яке аз омилҳои милитаризатсияи Осиёи Марказӣ мебошад. Ин маҷбур менамояд, ки захираҳои бе ин ҳам кам барои эҳтиёҷҳои ҳарбӣ масраф гарданд. Дар натиҷа, барои инвеститсияи иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои кории иловагӣ ба хотири паст кардани шиддатнокии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ маблағ намерасад. 

Хато хоҳад буд, агар гумон кунем, ки милитаризатсияи аз ҳад зиёди ОМ амният ва суботу оромии минтақаро таъмин менамоянд, зеро сабаби хавфи хатар ва нооромӣ на танҳо омилҳои берунаанд. Боқї мондани сатҳи пасти зиндагӣ, минбаъд ҳам қашшоқшавии қисми асосии аҳолӣ аз сабаби бӯҳрони иқтисодии сартосарӣ метавонад боиси сар задани зиддиятҳои байниқавмӣ ва пурзӯр шудани нақши созмонҳои динию экстремистӣ дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ шавад.

Русия ва ё бозингарони дигари геополитикии сарватманд ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки сармояи худро дар соҳаҳои нисбатан камдаромад, вале аз нуқтаи назари иҷтимоию иқтисодӣ ояндадори љумҳуриҳо гузоранд. Онҳо ба хотири ҳарчӣ тезтар фоида ба даст овардан танҳо ба муҷтамаи сӯзишворию энержӣ, саноати маъдан ва бахши гидроэнергетикӣ тавваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Аз ин ҷо хулосаи ғайритасаллибахш пайдо мешавад: зиёд кардани пойгоҳҳои низомӣ, тамоюли мавҷудаи маблағгузорӣ ба соҳаҳои бештар фоидаовари иқтисодиёти кишварҳо проблемаҳои тезутунди иҷтимоию иқтисодии минтақаро ҳал карда наметавонанд. Бозингарони геопалитикӣ пеш аз ҳама диққаташонро ба амалӣ кардани ҳадафҳои худ равона кардаанд, на ба ҳаллу фасли проблемаҳои дигарон. Мақсад аз сохтани пойгоҳҳо ҳам ҳамин аст.

Ф. Низомов, 
коршиноси мустақил, Ӯзбакистон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi