03:49:11 19-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КОРЕЯИ ШИМОЛӢ ХАБАРНИГОРОНРО ОЗОД КАРД

Дар пайи сафари Бил Клинтун, раиси ҷумҳури пешини Амрико ба Кореяи Шимолӣ, Ким Ҷунг-ил, раҳбари ин кишвар фармони афву озодии ду хабарнигори Амрикоиро, ки дар Кореяи Шимолӣ зиндонӣ шуда буданд, содир кардааст.

Бил Клинтун рӯзи сешанбеи 4 август бо Ким Ҷунг-ил, раҳбари Кореяи Шимолӣ, дидор кард. Сафари ғайримунтазираи вай ба Кореяи Шимолӣ бо ҳадафи озодии Луро Линги 32-сола ва Ивно Лии 36-сола, ду рӯзноманигори Амрикоӣ, ки 17 марти соли ҷорӣ дар марзи Кореяи Шимолӣ ва Чин дастгир шуда буданд, анҷом шуд. Хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ эълом кардааст, ки ду шаҳрванди Амрико озод шуданд.

 

Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард, ки Бил Клинтун ва ин ду хабарнигор Кореяи Шимолиро ба мақсади Амрико тарк карданд. Ин ду нафар ба ҷурми “вуруди ғайриқонунӣ ва талош барои иртикоби ҷароими ҷиддӣ” ҳар як ба дувоздаҳ соли ҳабс бо кори иҷборӣ маҳкум шуда буданд.

Хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ки оқои Клинтун аз тарафи Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Амрико, паёми шифоҳӣ ба раҳбари Кореяи Шимолӣ дода, ки дар он аз Ким Ҷунг-ил ташаккур шудааст. Кохи Сафед зимни радди ин хабар гуфтааст, ки Борок Убомо паёме ба раҳбари Кореяи Шимолӣ надодааст.

Луро Линг ва Ивно Ли, гузоришгарони шабакаи телевизиюнии “Коррент Ти-Ви”, мустақар дар Колифурниё ҳастанд, ки тавассути Ол Гур, муъовини раиси ҷумҳурӣ дар замони зимомдории Бил Клинтун, таъсис шудааст.

Моҳи гузашта Кореяи Шимолӣ ба Луро Линг иҷозаи тамоси телефунӣ бо хоҳари ӯро дод, ки тайи он хонуми Ли гуфт “Мо қавонини Кореяи Шимолиро нақз кардаем ва лозим аст давлати Амрико ба мо кумак кунад”.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи дастгоҳҳои амниятии Кореяи Шимолӣ аз ин иқдом ирсоли паёме барои мақомоти Амрикоӣ дар ин замина будааст, ки барои касби озодии ду шаҳрванди худ бояд имтиёзоте ба Кореяи Шимолӣ бидиҳад. Сафари Бил Клинтун дар ҳоле анҷом шуд, ки равобити Кореяи Шимолӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба далели озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакии ахири ин кишвар башиддат тира шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi