ШАҲОДАТИ МУҲАММАДДОВУДИ ДОВУД, СОБИҚ МУОВИНИ ВАЗИРИ УМУРИ ДОХИЛАИ АФҒОНИСТОН
Дирӯз дар як ҳамлаи интиҳорӣ Муҳаммаддовуди Довуд, фармондеҳи зонаи 303-и Помир, ки чанде пештар ба ҳайси муовини вазири вазорати умури дохилаи Афғонистон ифои вазифа мекард, дар маркази вилояти Тахор шаҳри Толуқон ба қатл расид. Дар ин ҳамла қумандони раёсати амнияти вилояти Тахор, ду полиси афғон ва ду сарбози нирӯҳои низомии олмонӣ, ки шомили нерӯҳои низомии НАТО ҳастанд, низ кушта шуданд.
Ҳомид Карзай, Раиси ҷумҳури Афғонистон ин ҳодисаро шадидан маҳкум кард. Ин куштори хунин чӣ гуна ба вуқӯъ пайваст? Як интиҳоркунанда, ки дар тан либоси полис дошт, дирӯз баъди чошт дар назди дафтари кории волии Тахор худро мунфаҷир сохт. Дар натиҷа Муҳаммаддовуди Довуд, қумандони раёсати амнияти вилояти Тахор ва боз панҷ нафари дигар кушта шуданд. Дар миёни кушташудагон котиби волии Тахор низ будааст. Худи волӣ Абдулҷаббори Тақво дар ин рӯйдод шадидан захмӣ шуда феълан дар шифохона қарор дорад.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари Ҳизби Тағйир ва Умед, ки мухолифи давлати кунунӣ ҳисоб меёбад, мавқеи ҳукуматро дар робита бо ин ҳодиса мавриди интиқод қарор дод. Вай дар мусоҳибааш ба хабарнигорон гуфтааст, ки «Муҳаммад Довуд агарчӣ барои давлат ва миллати Афғонистон ҷонбозиҳо кардааст, вале мутаассифона вақтҳои охир мавриди адами эътиқоди раҳбарият қарор гирифта буд. Хизматҳои бузурги ӯ аз тарафи ҳукумат нодида гирифта мешуданд. Гоҳҳо болои ӯ иттиҳомоти бемаврид дар масоили қавмӣ бор кард мешуданд. Ин мояи таассуф аст. Дар ҳоле, ки ин мардум омодаи ҳар навъ қурбонӣ дар дифоъ аз манофеи давлат ҳастанд, бо вуҷуди ин болои чунин фарзандони содиқ ва росткор ин низом эътиқод карда наметавонад».
Вазири умури дохилаи Афғонистон барои таҳқиқ ва баррасии ин ҷиноят ба шимоли Афғонистон сафар кардааст.
Томас Димайзор, вазири дифои Олмон кушта шудани ду сарбози олмонӣ дар ин ҳамларо тайид кард. Ӯ шоми дирӯз дар як мусоҳибаи худ гуфтааст, ки дар ин ҳамлаи интиҳорӣ инчунин се сарбози олмонӣ захм бардоштаанд. Як мақоми аршади НАТО генерал Маркус гуфтааст, ки дар ин ҳодиса нойиби фармондеҳи нирӯҳоии олмонӣ дар Афғонистон низ захмӣ шудааст.
Генерал Муҳаммад Довуд, аз тоҷикони дараи Панҷшер буда дар замони ҷанги алайҳи шӯравӣ ва муқовимат бо Толибон дар паҳлӯи сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Баъди суқути Толибон ба дасти нирӯҳои байналмилалӣ ӯро дар ҳукумати Ҳомид Карзай муовини вазири умури дохила таъйин карданд. Муддатҳои зиёде дар ин симмат ифои вазифа намуд. Борҳо мавриди сӯиқасд қарор гирифта буд. Вале ҳар бор аз онҳҳо ҷон ба саломат мебурд.
Вақтҳои охир фармондеҳи нирӯҳои зонаи 303, мавсум ба зонаи Помир буд. Хонаводаашро ҳам аз Кобул ба Мазори Шариф интиқол дода буд. Муҳаммаддовудхон борҳо ба Тоҷикистон сафарҳо карда буд ва Тоҷикистонро ватани дуввуми худ меҳисобид. Дар ин ҷо дӯстони зиёде дошт, ки ҳамагӣ дар сӯги марги нобаҳангоми ӯянд.
Шаҳодати ин марди фидоии Афғонистонро ба тамоми аҳли хонаводааш, хешу ақрабояш ва ёрону дӯстонаш тасаллият арз мекунем ва аз Худои азза ва ҷалла барои шаҳид биҳишти адн ва барои бозмондагони ӯ сабри ҷамилро таманно мекунем. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.
«Рӯзгор»