05:04:09 01-уми Июни 2025 сол

ФИШОРИ ОБАМА БАР ПОКИСТОН ДАР ХУСУСИ БИН ЛОДИН

Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, аз Покистон хостааст, ки дар мавриди шабакае, ки дар даврони иқомати Усома бин Лодин дар махфигоҳаш дар Покистон аз ӯ ҳимоят мекард. таҳқиқ кунад. Нерӯҳои вижаи Амрико ҳафтаи пеш дар ҷараёни амалиёте Усома бин Лjдинро дар маҳалли иқоматаш дар Абитободи Покистон куштанд.

barak-obama456211.jpgОқои Обама дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии Си-би-эс гуфт давлати Покистон бояд дарёбад, ки кадом як аз мақомоти ин кишвар аз маҳалли зиндагии раҳбари шабакаи Алқоъида бохабар будааст. Яке аз мақомҳои давлати Обама низ гуфт, ки Амрико мехоҳад бо ҳамсарони Бин Лодин, к дар Покистон дар боздошт ба сар мебаранд, суҳбат кунад.

Покистон мегӯяд ҳеҷ иттилоъе аз вуҷуди Бин Лодин дар Покистон надоштааст. Оқои Обама гуфтааст, ки Бин Лодин ҳатман "як шабакаи ҳомӣ" дар дохили Покистон доштааст, аммо афзуд, ки вай намедонад оё мақомҳои давлатӣ дар ин шабака будаанд ё на.

Дар ҳамин ҳол, Том Донилун, мушовири амнияти милли Амрико, дар изҳороте дар шабакаи хабарии Эн-би-сӣ гуфтааст, ки Покистон бояд мушаххас кунад, ки чи гуна Бин Лодин тавонистааст барои шаш сол дар маконе бисёр наздик ба як окодемии низомӣ зиндагӣ кунад.

Изҳороти раиси ҷумҳурии Амрико як рӯз пас аз он унвон мешавад, ки вазорати дифоъи Амрико филмҳои видиюиеро мунташир карда, ки мегӯяд дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои вижаи Амрико ба махфигоҳи Усома бин Лодин ба даст омадааст.

Яке аз ин видиюҳо, ки зоҳиран дар авохири соли гузашта филмбардорӣ шуда, Усома бин Лодинро дар ҳоли суҳбат кардан рӯ ба дурбин нишон медиҳад; ба ҳамон сабке, ки ӯ дар гузашта паёмҳои худро забт мекард.

Ин видию садо надорад, аммо мақомоти Пентогун мегӯянд, ки ҳовии паёми Бин Лодин барои мардуми Амрикост. Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ дар Вошингтун се филми видиюии дигар зоҳиран тамрин барои забти паём аст.

Хабарнигори Би-би-сӣ афзуд, ки аз соли 2008 то кунун, паёме аз тарафи Усома бин Лодин мунташир нашудааст ва ин аввалин навори видиюӣ аз раҳбари шабакаи Алқоъида аст, ки баъд аз он таърих мунташир мешавад.

Дар яке дигар аз видиюҳо Усома бин Лодин дар ҳоли тамошои барномае дар мавриди худаш дида мешавад, ки аз телевизиюн пахш шудааст. Бин Лодин дар ин видию дар ҳоле дида мешавад, ки рӯйи замин нишаста ва зоҳиран худро дар пату ё куте печида ва дастгоҳи кунтрули телевизиюнро дар даст дорад.

Риши ӯ дар ин видию дар муқоиса бо видиюи ҳовии паём сафедтар ба назар меояд. Дар ҳеҷ як аз ин видиюҳо нишонае, ки ҳокӣ аз филмбардории онҳо дар маҳалли сукунати Бин Лодин бошад, дида намешавад.

Вокуниши вазири иттилооти Эрон

Дар ҳамин ҳол, вазири иттилооти Эрон гуфтааст, ки кишвари ӯ ахбори дақиқ ва асноди мувассақе дар даст дорад, ки нишон медиҳад Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Алқоъида, муддатҳо пеш ба далели беморӣ ҷон супурдааст.

Ҳайдар Муслиҳӣ дар ҳошияи ҷаласаи рӯзи якшанбеи ҳайъати давлат, гуфт, ки иддаъои Амрико дар мавриди куштани Усома бин Лоден, иддаъои беҷо аст, ки "барои таҳтушшуъоъ қарор додани бедории исломӣ дар минтақа" баён шудааст.

Оқои Муслиҳӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки бахши бузурге аз он чи ки Амрико дар мавриди Бин Лодин гуфтааст, "бобати интихоботи дохилӣ ва сарпӯш гузоштан бар рӯйи вазъияти иқтисодии вахими ин кишвар" будааст.

Чунин шакку тардидҳое дар хусуи Бин Лодин ва алорағми он ки гурӯҳҳои бунёдгарои исломӣ кушта шудани бин Лодинро таъйид кардаанд, дар бархе аз нуқоти дунё ҳанӯз вуҷуд дорад. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси баёнияе, ки рӯзи ҷумъа, (6 май) дар вебсойти гурӯҳҳои исломгаро мунташир шуда, шабакаи Алқоъида "Марги Усома бин Лодин" раҳбари ин гурӯҳро таъйид кард.

Дар ин баёния ихтор дода шуда, ки хуни Усома бин Лодин мисли як нафрин Амрикоиҳо ва маъмуронашонро дунбол мекунад ва онҳоро ҳар ҷо ки бошанд, гирифтор хоҳад кард.

Дар идома навишта шуда: "Шодии онҳо табдил ба яъс мешавад ва ашки онҳо ба хунашон оғушта мешавад. Мо аз мардуми мусулмони Покистон, ки шайх Усома дар хокашон кушта шуд, мехоҳем, ки қиём кунанд."

Ба гузориши хабаргузории Би-би-сӣ бисёре аз мардум дар Покистон низ кушта шудани Бин Лодин ва ё ҳузури ӯ дар Абитободро саҳеҳ намедонанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854