20:04:40 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАМЛА БА СИТОДИ ИНТИХОБОТИИ ДОКТОР АБДУЛЛОҲ

Тибқи итилоии сайти интернетии бахши афғонии радиои БИ БИ СИ афроди мусаллаҳ як масъули ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро дар Шарқи ин кишвар мавриди ҳамла қарор доданд.

Масъулони амниятӣ мегӯянд ин ҳамла дар вулусволии Давлатшоҳии вилояти Лағмон сурат гирифт ва дар асари он Муҳаммад Исмоил масъули интихоботии доктор Абдуллоҳ дар ин вилоят захмӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин ҳамла ронандаи оқои Исмоил, ки хоҳарзодаи ӯ низ будааст, кушта шудааст. Вазорати дохилаи Афғонистон бо интишори як эъломия аз оғози таҳқиқоти ҷиддӣ дар ин маврид хабар додаст. Ин дуввумин масъули интихоботии докторАбдуллоҳ аст, ки зарфи ҳафтаҳои ахир дар Афғонистон мавриди ҳамла қарор мегирад. 

Ҳудуди ду ҳафта пеш масъули маҳаллии ситоди интихоботии оқои Абдуллоҳ дар вулусволии Ниҷроб вилояти Кописо кушта шуд. Оқои Абдуллоҳ ба дунболи ин ҳодиса хостори таҳқиқоти ҳамаҷонибаи ҳукумати Афғонистон дар мавриди ин ҳодиса шуд, аммо то ҳоло ҷузъиёте аз оғози таҳқиқот дар ин маврид мунташир нашудааст.

Камтар аз як моҳ ба интихоботи Афғонистон боқӣ монда ва ҳамалоти мусаллаҳона ба номзадҳои интихоботӣ ва гирдиҳамоиҳои интихоботӣ дар ин кишвар шиддат гирифтааст. Ду рӯз пеш корвони мутарҳои ҳомили маршал Фаҳим Фаҳим номзади муъовини Ҳомид Карзай дар интихобот мавриди ҳамлаи мусаллаҳона бо силоҳи сабук ва нимасангин қарор гирифт, аммо дар ин ҳамла ба ӯ осебе нарасид.

Рӯзи гузашта низ ба як гирдиҳамоии интихоботӣ дар ҳимоят аз доктор Абдуллоҳ дар вилояти Нангарҳор дар Шарқи Афғонистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Вазорати дохилаи Афғонистон шуморе аз кормандони полисро барои таъмини амнияти номзадҳои интихоботи Афғонистон гумоштааст ва вазорати дифоъ низ барои ҳамлу нақли номзадҳои интихобот ба вилояти дурафтода дар ихтиёри онҳо чархбол қарор додааст. Аммо бо вуҷуди ин маъракаи интихоботӣ дар нуқоти мухталифи Афғонистон бо таҳдиди амниятӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Бархе аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки баргузории интихобот дар бисёре аз манотиқи ноамни ҷануб ва шарқи Афғонистон ба далели мавҷудияти гурӯҳҳои шӯришии мусаллаҳ амалан ғайримумкин аст.

Ин дар ҳолест, ки нирӯҳои амрикоӣ ва бритониёӣ дар ҳамкорӣ бо низомиёни афғон амалиёти бузургеро дар ҷануби Афғонистон роҳандозӣ кардаанд то заминаҳои барои баргузории интихобот дар ин манотиқ фароҳам шавад,- омадааст дар хабари сайти интернетии бахши афғонии радиои Би Би Си.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi