18:47:15 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КИШИНЁВ НОЗИРОНРО АЗ КИШВАР ХОРИҶ МЕКУНАД

Мақомоти Молдавия аз чанд нозири байнулмиллалӣ дар интихоботи парлумонӣ талаб намуданд, ки ба зудӣ кишварро тарк кунанд. 

Дар ин бора сиёсатшинос аз созмони “Голос” (“Садо”) Александр Кинев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки субҳи рӯзи сешанбе ӯ ва чанд нозири дигарро ба як шӯъбаи полиси муҳоҷиратӣ оварданд ва изҳор намуданд, ки бо қарори мақомоти Молдавия, онҳо бояд дар тули як шабонарӯз аз кишвар берун раванд. Кишинев хабар дод, ки онҳо аз сӯи Комиссиюни марказии интихобот барои назорати ҷараёни интихоботи парлумонӣ даъват шуда буданд.

 

Ва аммо ахиран фақат 50 нафар аз беш аз 140 нозири даъватшуда расман сабти ном шуданду халос. Интихоботи қабл аз вақти парлумонии Молдавия фардо, рӯзи чаҳоршанбе, бо ширкати 8 ҳизби сиёсӣ баргузор мешавад. Эълони натоиҷи интихоботи парлумонии рӯзи 5 апрел, ки дар онҳо ба иттилоъи расмӣ, Ҳизби коммунист пирӯз шуда буд, ба хушунат печид – ҷавонони норозӣ бинои парлумон ва қароргоҳи раисиҷумҳурро ғорат карданд. 

Баъдан аҳзоби мухолифи ҳукумат аз созиш бо Ҳизби комунист барои интихоби раисиҷумҳури нав сарпечӣ карданд ва раисиҷумҳур Владимир Воронин маҷбур шуд, ки парлумонро пароканда карда, интихоботи нав таъин намояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi