ПӮШИДАНИ РӮБАНДА БАРОИ ЗАНОН ДАР ФАРОНСА МАМНӮЪ ШУД
Бар асоси яке аз қавонини тасвибшудаи Фаронса аз рӯзи душанбе, 11 апрел, истифода аз рӯбанда барои занон мамнӯъ аст ва иқдоми онҳо барои пӯшондани сураташон дар амокини умумӣ қонуншиканӣ маҳсуб мешавад.
Аз имрӯз дар Фаронса дар сурате, ки зане дар ҳини иртикоби ин ҷурм дида шавад ва ниқоб ё бурқаъ пӯшида бошад, бояд то 150 евро ҷарима пардохт кунад ва дар як давраи омӯзишии иҷборӣ дар бораи "шаҳрвандӣ" ҳозир шавад. Фаронса аввалин кишвари урупоист, ки истифода аз рӯбандаро барои занон мамнӯъ мекунад.
Мақомоти давлатии Фаронса мегӯянд, ки ин афрод истондортҳои мавриди ниёз барои зиндагӣ дар як ҷомеъаи муштаракро тазъиф мекунанд. Ҳарчанд мухолифони давлат мӯътақиданд, ки ин қонун ноқизи ҳуқуқи башар аст.
Дар ин қонун ҳамчунин барои касоне, ки занонро водор кунанд чунин ҳиҷобе дошта бошанд, ҷаримаи сангинтаре дар назар гирифта шудааст ва дар сурате, ки пулиси Фаронса дарёбад, ки як зан ба иҷбори ҳамсараш рӯбанда пӯшидааст, мумкин аст ҳамсари ӯ то 25 ҳазор евро ҷарима шавад. Ин афрод мумкин аст то ба 10 сол зиндон ҳам маҳкум шаванд.
Ҷамъияти мусулмонони Фаронса наздик ба шаш милюн нафар баровурд шудааст ва Фаронса дар байни кишварҳои Урупои Ғарбӣ бештарин ҷамъияти мусулмонро дорад. Яке аз фурӯшандагони либоси исломӣ дар Фаронса ба Би-би-сӣ гуфт, ки "фурӯши ниқоб чандон суде надорад, чун занони зиёде рӯбанда намепӯшанд."
Ба гуфтаи ӯ, фурӯши рӯбанда ва ниқоб то ҳадде кам аст, ки шояд худи ӯ ҳар сол фақат 5 ниқоб дар мағозааш бифурӯшад. Аҳмад, ки мағозаи кучаке дар наздикии яке аз масоҷид дар маҳаллаи мусулмоннишини Порис дорад, ҳам мӯътақид аст, ки шояд як даҳум дарсади занони мусулмон дар Фаронса ниқоб бипӯшанд.
Вале масъулони давлати Фаронса теъдоди занони рӯбандапӯшро бештар арзёбӣ мекунад ва ҳайъати давлати ин кишвар теъдоди онҳоро ҳудуди ду ҳазор нафар эълом кардааст. Пешниҳоди мамнӯъияти пӯшиши рӯбанда дар Фаронса аз тарафи яке аз кумиссиюнҳои порлумонии ин кишвар дар январи соли 2010 ироа шуд.
Аъзои ин кумиссиюн дар гузорише ба порлумон тавсия карданд, ки ҳиҷобҳое мисли ниқоб ва бурқаъ дар бемористонҳо, мадорис, идороти давлатӣ ва васоили нақлияи умумӣ мамнӯъ эълом шавад. Онҳо чунин пӯшишеро мушкиле барои Фаронса, нумоди ситам алайҳи занон ва ғайри қобили қабул хондаанд.
Ҳамчунин порлумони Фаронса дар соли 2004 бо аксарияти қотеъ истифода аз нумодҳои мазҳабӣ дар мадорисро мамнӯъ кард ва бар асоси ин мамнӯъият ҳиҷоби исломӣ, ки нумоде аз мазҳаб ба шумор меравад, ҳам дар мадориси ин кишвар мамнӯъ шуд.
Би-Би-Си