09:24:19 01-уми Июни 2025 сол

ИНТИХОБОТИ ПЕШ АЗ МӮҲЛАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН

Қазоқистон интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳуриро доир кард, ки ғолибан бо пирӯзии Назарбоев тамом хоҳад шуд. Мухолифини қазоқ аз пешбарии кадом номзади худ ба ин интихобот рӯ тофта, маъракаеро дар иваз ба роҳ андохтанд, ки мардумро ба сарпечӣ аз ширкат дар раъйдиҳӣ даъват мекунад.

kazakh_nazarbaevАммо омори расмӣ дар бораи мизони баланди мушорикати мардум дар интихоботи рӯзи севуми апрел ҳокист, ки Назарбоеви 70-сола боз ба як давраи дигари панҷсолаи раҳбарӣ бар Қазоқистон даст хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки ӯ аз соли 1989, инак 22 сол боз бар ин кишвари саршор аз нафту маъодини Осиёи Марказӣ ҳукумат меронад.

Қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Қазоқистон субҳи якшанбе, севуми апрел, дарҳои худро ба рӯи мардуми воҷиди шароити раъй таҳти навои гимни миллии ин кишвар боз карданд. Албатта, шеваи беҳтарин барои ифтитоҳи раъйдиҳии имрӯза, ки бидуни кадом шакк, бо пирӯзии Назарбоев анҷом хоҳад ёфт, ҳамин буд. Зеро Нурсултон Назарбоев ҳам расман яке аз муаллифони матни таронаи миллии Қазоқистон шинохта мешавад.

Гузоришҳо дар бораи райъдиҳии фаъоли мардум низ акнун ҳар навъ шубҳа ба пирӯзии Назарбоевро аз байн мебардорад. Мақомоти интихоботии Қазоқистон аллакай дар нимаи рӯзи якшанбе эълон карданд, ки мизони мушорикати мардум дар интихобот болиғ аз 66 дарсад шудааст.

Сухангӯи Кумисюни интихобот Владимир Фоос, гуфт, чунин мизони мушорикати мардум дар раъйдиҳӣ ҳатто дар интихоботи соли 2005 дида нашуда буд. Нурсултон Назарбоев ҳам, ки баъд аз раъйдиҳӣ дар яке аз қитъаҳо бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, нисбат ба пирӯзиаш дар интихобот хеле мутмаин ба назар мерасид. Ӯ гуфт:

"Фикр мекунам, ки мо ҳама якҷоя барои субот дар ҷомиаи мо, барои дӯстии байни ин ақвом ва барои ояндаи худу фарзандони худ райъ хоҳем дод."

Бисёри раъйдиҳандагон, бахусус мардуми бознишастае, чун Андрей Лазовскийи 89-сола ё Сидоя Собироваи 76-сола ба хабарнигорон гуфтаанд, ки раъйи худро ба хотири ҳифзи субот ба Назарбоев додаанд. Мухолифин қазоқ тасмими шитобзадаи давлати Назарбоев барои баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлатро ба чолиш кашида, аз пешбарии номзади худ даст кашиданд.

Аммо се нафаре, ки худро расман номзад карданд, бештар ба як мубаллиғи Назарбоев мемонанд, то ба рақиби ӯ. Яке аз онҳо Мелс Элюсизов ҳатто иқрор кард, ки худи ӯ ҳам рӯзи якшанбе ба Назарбоев раъй додааст.

Ҳайъати нозирони САҲА, қарор аст, хулосаи худ дар бораи интихоботи Қазоқистонро рӯзи душанбе эълон кунад.

Мирзои Салимпур, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854