04:58:36 01-уми Июни 2025 сол

СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ БО МАҲБУСИ ЭРОН

 

Дар як сӯҳбати телефонии кӯтоҳ Исо Саҳархез, рӯзноманигори шинохта ва собиқ мансабдори баландпояи Вазорати фарҳанги Эрон ба аҳли оилааш гуфтааст, ки аснои ҳабс чанд қабурғаашро шикастаанд. Саҳархез чоруми июл дар қисмати Шимолии Эрон ҳангоми таъқиби эътирозҳои баъди интихоботии Ҷумҳурии Исломӣ дастгир шуд. 

Ӯ дар маъракаи пешазинтихоботии номзади ислоҳотталаби курсии раёсатҷумҳурии Эрон Маҳдии Каррубӣ ширкат варзида, раҳбари олии Эронро танқид кардааст. Дар як мусоҳибаи телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ Гулнози Исфандиёрӣ писари Исои Саҳархез Меҳдии Саҳархез аз шаҳри Ню Йорк дар бораи сӯҳбати телефонӣ бо падараш нақл кард. 

Маҳдии Саҳархез писари Исои Саҳархез рӯзноманигори маъруф ва собиқ ходими баландпояи вазорати фарҳанги Эрон мегӯяд, ки 23 июл падараш имкон ёфтааст, ки тариқи телефон аз зиндон ба аҳли хонаводаашон ҳамсӯҳбат шавад. 

Ба қавли Маҳдӣ дар сӯҳбат падараш нагуфт, ки дар кадом яке аз зиндонҳои ин кишвар ба сар мебарад. 

Сар аз 22 июл Маҳдии Саҳархез ҳамроҳ бо дигар фаъолони ҳуқуқи башар, равшанфикрон ва ҳунармандон дар рӯ ба рӯи қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо талаби раҳоии боздоштшудагон ва нишони ҳамръйӣ бо мардуми Эрон гуруснанишинӣ эълон кардааст. 

Маҳдии Саҳархез мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки маҳбусон дар бораи эътироз дар шаҳри Ню Йорк хабар надошта бошанд, вале садои "Оллоҳу Акбар!", ки ҳар шаб ба гӯшашон мерасад, барои онҳо хабари хуш аст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854