14:41:51 01-уми Июли 2025 сол

ИНТИҚОДИ ШАДИДИ КЛИНТУН АЗ САРКӮБИ МУХОЛИФОН ДАР ЭРОН

Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида аз саркӯби "ваҳшиёнаи" мухолифони давлати Эрон ба василаи ҳукумати ин кишвар интиқод кардааст. Хонум Клинтун чаҳоршанбе бо интишори баёнияе зимни ибрози нигаронӣ аз бархӯрди хушунатомези ҳукумати Эрон бо мардуми ин кишвар, "шуҷоъати" тазоҳуркунандагони эрониро таҳсин кард.

 

lintonХонум Клинтун бо ишора ба кушта шудани ҳадди ақали се нафар аз мӯътаризон дар рӯзҳои гузашта гуфт: "Дар даҳ рӯзи гузашта шоҳиди шуҷоъати даҳҳо ҳазор эронӣ будем, ки бори дигар барои касби ҳуқуқи аввалияи худ барои баргузории таҷаммуъоти мусолиматомез ва озодии баён ба хиёбонҳо омаданд."

 

Хонум Клинтун бо ишора ба мавзеъгирии Эрон дар қиболи рухдодҳои минтақа гуфт: "Барои дунё ошкор аст, ки ҳукумати Эрон шаҳрвандони худро аз ҳамон ҳуқуқи аввалия манъ мекунад, ки ба коргирии онро дар соири манотиқи Ховари Миёна ташвиқ мекунад."

 

Хонум Клинтун бо ишора ба вазъи таҳримҳои ҷадиди Омрико алайҳи ду нафар аз мақомҳои ҳукумати Эрон, аз нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, бахусус алайҳи ақаллиятҳои динӣ интиқод кард. Иёлоти Муттаҳида рӯзи чаҳоршанеб Муҳаммадризо Нақдӣ, фармондеҳи басеҷ ва Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ, додситони Теҳронро ба нишонаи "ҳамбастагӣ бо қурбониёни шиканҷа, саркӯб ва боздоштҳои худсарона" дар Эрон таҳрим кард.

 

Вазоратхонаҳои хориҷа ва хазонадории Иёлоти Муттаҳида тайи баёнияе ин ду нафарро муттаҳам карданд, ки дар "нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар" мардуми Эронро пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хурдоди 1388 нақш доштаанд. Ҳилорӣ Клинтун дар баёнияи худ гуфт: "Нерӯҳои амниятӣ тазоҳуркунандагони оромро кутак задаанд, боздошт кардаанд ва дар ҳадди ақал се маврид, куштаанд."

 

Хонум Клинтун аз боздошти густардаи мудофеъони ҳуқуқи башар, фаъолони сиёсӣ, мақомҳои собиқи давлат ва намояндагони пешини маҷлис, фаъолони донишҷӯйӣ, устодон, рӯзноманигорон ва веблогнависон башиддат интиқод кард. Ӯ бо ишора ба нигаронӣ аз нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳо дар Эрон гуфт: "Гузоришҳо нишон медиҳад теъдоди зиёде аз даҳҳо фарди эъдомшуда дар Эрон дар соли 2011 аз ақаллиятҳои қавмӣ будаанд, ки нигаронкунанда аст. Ҳамзамон , ақаллияти баҳоӣ ва соири ақаллиятҳои динӣ камокон аз боздошт, таъқиби қазоӣ, муҷозотҳои сангин ва шароити душвори зиндон ранҷ мебаранд."

 

Хонум Клинтун идома дод: "Аз Эрон мехоҳем ҳама зиндониёни сиёсӣ ва ақаллиятҳоро озод кунд."

 

Ҳилорӣ Клинтун афзуд: "Дунё рухдодҳои Эронро зери назар дорад ва сабабгорони ин рафтори хушунатомезро масъул хоҳанд донист."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4513-intikodi-shadidi-klinton-az-iron.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ