08:20:15 02-уми Июли 2025 сол

ҶАШНУ ШОДИИ МАРДУМИ МИСР ДАР ПАЙИ ИСТЕЪФОИ МУБОРАК

Ҷашну шодмонии мардуми Миср аз канорагирии Ҳуснӣ Муборак аз раёсати ҷумҳурӣ ҳамчунон дар ҷараён аст. Даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Миср ба мӯътаризон дар майдони "Таҳрир" пайвастаанд, то канорагирии оқои Муборак пас аз 18 рӯзи нооромии густардаро ҷашн бигиранд. Оқои Муборак рӯзи ҷумъаи 11 феврал аз симати раёсати ҷумҳурии Миср истеъфо дод.

 

tahrir_egyptГузоришҳо баёнгари идомаи ҳузури мардум дар хиёбонҳо ва майдонҳои Қоҳира то соъатҳои аввалияи бомдоди шанбест. Бисёре аз хиёбонҳои мунтаҳӣ ба майдони "Таҳрир" ва маҳаллаҳои атрофи он ба хотири ҳаҷми болои омадушуди худравҳо масдуд шудааст. Умар Сулаймон, муъовини раиси ҷумҳурии Миср, рӯзи ҷумъа бар сафҳаи телевизиюни давлатӣ зоҳир шуд ва дар суханоне кӯтоҳ аз канорагирии Ҳучнӣ Муборак аз қудрат пас аз 30 сол хабар дод. Ба гуфтаи оқои Сулаймон, шӯрои нерӯҳои мусаллаҳ ба раҳбарии филдморшол Муҳаммад Ҳусейни Тантовӣ, вазири дифоъ, зимоми умури Мисрро ба ӯҳда гирифтааст.

 

Ин хабар бо ҳалҳала ва шодии мӯътаризон дар майдони "Таҳрир"-и Қоҳира ва тазоҳуркунандагоне, ки дар баробари сохтмони телевизиюн ва кохи раёсати ҷумҳурӣ ҷамъ шуда буданд, ҳамроҳ буд. Оқои Сулаймон гуфт идораи кишвар ба артиш супурда шудааст. Гуфта мешавад оқои Муборак Қоҳираро ба мақсади шаҳри тафреҳии Шармушшайх тарк кардааст.

 

Ҳамзамон Суис аз иттихози тадобире барои ҷилавгирӣ аз суиистифода аз манобеъи молии давлати Миср дар бонкҳои ин кишвар хабар дод. Ба гуфтаи сухангӯйи Вазорати хориҷаи Суис, давлати ин кишвар дастури масдуд кардани ҳамаи дороиҳо ва ҳисобҳои бонкии эҳтимолии Ҳуснӣ Муборак ва наздиконашро содир кардааст. Яке аз шиъорҳои мӯътаризони мисрӣ тақозо барои бозгардондани дороиҳои 70-милёрддулории Ҳуснӣ Муборак ба ин кишвар аст.

 

Вокунишҳои байналмилалӢ

Раҳбарон ва давлатҳои кишварҳои мухталиф аз канорагирии оқои Муборак истиқбол кардаанд ва хостори баргузории интихоботи озод ва одилона дар Миср шудаанд. Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз оқои Муборак ба хотири иттихози як тасмими сахт ва канорагирӣ аз қудрат ба хотири манофеъи Миср тақдир кард ва хостори гузори сареъ ба сӯйи демукросӣ шуд.

 

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ҳам бо истиқбол аз таҳаввулоти Миср мардуми ин кишварро илҳомбахш тавсиф кард. Ӯ гуфт мардуми Миср ташнаи тағйир ҳастанд ва ин тоза аввали роҳ аст. Оқои Убомо гуфт бо оғози тағйирот дар Миср рӯзҳои душворе дар баробари мардуми ин кишвар хоҳад буд ва бояд ба суолҳои зиёде посух дода шавад.

 

Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки мардуми Миср битавонанд ба таври мусолиматомез ва созандае ба посухи ин суолҳо даст ёбанд. Борок Убомо ҳамчунин аз нақши "меҳанпарастонаи" артиши Миср тақдир кард ва ибрози умедорӣ кард, ки низомиёни ин кишвар бо масъулиятпазирӣ ба раванди гузор ба демукросӣ дар ин кишвар кумак кунанд. Давлати Эрон низ канорагирии Ҳуснӣ Муборакро як пирӯзии бузург тавсиф кардааст.

 

Як мақоми расмии Исроил, ки номаш эълом нашуда, ба хабаргузории "Руйтер" гуфтааст, ки "умедворам истеъфои оқои Муборак равобити сулҳомези Миср ва Исроилро таҳти таъсир қарор надиҳад." Дар Тунис, кишваре, ки мардумаш моҳи гузашта раиси ҷумҳурии худро сарнагун карданд, дар хиёбонҳо ҷашн ва шодӣ барпост ва садои бӯйи утумубил аз ҳама ҷо шунида мешавад.

 

Давлати интиқолии Тунис аз мардуми Миср барои барканории Ҳуснӣ Муборак ва аз артиши ин кишвар ба хотири "ҳисси амиқи меҳанпарастӣ" тақдир (қадрдонӣ) кардааст. Бар асоси гузоришҳо, мардуми Ғазза ҳам пас аз шунидани хабари истеъфои Ҳуснӣ Муборак ба шодӣ пардохтаанд. Ҳамос, ки кунтрули Ғаззаро ба ӯҳда дорад, ин воқеъаро оғози инқилоби Миср хондааст. Дар Лубнон, ҷунбиши Ҳизбуллоҳ ин "пирӯзии бузургро" ба мардуми Миср табрик гуфт.

 

Вокунишҳои мухталифи ҳукумат

Муҳаммад Албародеъӣ, аз шахсиятҳои мухолифи ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, ҷумъаи 11 февралро бузургтарин рӯзи зиндагии худ донистааст. Оқои Албародеъӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Шумо наметавонед мизони шодмонӣ ва хушҳолии мисриҳо аз бозгардонда шудани инсоният ва озодии худро дарк кунед." Ихвон-ал-муслимин, ҷунбиши исломии мухолифи Ҳуснӣ Муборак, аз ин ки артиши Миср дар ҷараёни тазоҳуроти мардумӣ дар ин кишвар, ба қавли худ пойбанд монд, аз он таҷлил кардааст.

 

Ба гузориши "Руйтер", Амрӯ Мусо, дабири кулли Иттиҳодияи Араб, аз "инқилоби сафед" дар Миср истиқбол кард ва истеъфои оқои Муборакро фурсате барои эҷоди ҳамфикрии миллӣ дар Миср тавсиф кард. Гузоришҳое дар бораи истеъфои оқои Мусо аз дибирии кулли Иттиҳодияи Араб барои номзадӣ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Миср мунташир шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4421-jashnu-shodii-mardumi-misr.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ