02:27:18 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОҲИРИ ЮЛДОШ: МО ДАР АФҒОНИСТОН ҲАМ ҲУЗУР ДОРЕМ

Тоҳири Юлдош, раҳбари Ҷунбиши Исломии Узбакистон бо нашри изҳороте гуфтааст, ки неруҳои ин созмон дар манотиқи шимоли Афғонистон низ фаъол ҳастанд. Оқои Юлдош ин изҳоротро ба шакли наворе савтӣ ба сарвиси узбакии Би-би-сӣ ирсол кардааст. Ӯ дар ин баёния назароти худ дар бораи ҳаводиси ахири Покистон, Афғонистон, Чин ва Осиёи Миёнаро баён доштааст.


"Корвони иззат"

Ба гуфтаи оқои Юлдош пайкорҷӯёни Ҷунбиши Исломии Узбакистон дар ҳамроҳӣ бо Байтуллоҳи Меҳсуд, раҳбари толибон дар Покистон дар манотиқи дараи Свот, Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Оқои Юлдошев муддаъист, ки урдуи Покистон " ҳар руз, ҳар соат маҷбур мешавад шикасти худро эътироф кунад." Моҳи гузашта масъулини баландпояи артиши Покистон изҳор доштанд, ки раҳбари Ҷунбиши Исломии Узбакистон дар ҷараёни амалиёти артиши Покистон алайҳи толибон шадидан захмӣ шудааст.

Ба иддаъои оқои Юлдош "Ҷунбиши Исломии Узбакистон на танҳо дар ҷануби Афғонистон балки "дар суфуфи сангарҳои сафаҳоти шимоли Афғонистон низ ҳузур дорад."

Ӯ мухолифат бо нерӯҳои эътилофи байналмиллалӣ таҳти раҳбарии Омрико дар Афғонистонро "корвони иззат" номидааст ва мусалмонҳоро ба ин мухолифат ташвиқ кардааст.

"Мо бо зулм бетафовут нестем"

Раҳбари Ҷунбиши Исломии Узбакистон ба ҳаводиси ахири Синкйонги Чин низ руҷуъ кардааст. Ба қавли оқои Юлдош Синкйонг "ҷузъи лоянфаки уммати ислом аст ва мо нисбат ба зулм дар қиболи мусалмонони ин минтақа бетафовут нестем ва наметавонем бетафовут бошем."

Ӯ қудратҳои бузурги ҷаҳонро муттаҳам ба бетафовутӣ нисбат ба хушунатҳои ахир дар устони Синкйонги Чин кардааст. Мақомоти Чин гуфтаанд дар ин устон дар асари хушунатҳои қавмӣ беш аз 190 нафар кушта шудаанд.

"Мо созмони тиҷоратӣ нестем"

Тоҳири Юлдош гуфтааст, ҳеҷ гуна рабте бо ҳаводиси моҳи май дар вилояти Андиҷони Узбакистон надорад. Ба гуфтаи давлати Узбакистон дар шаби 25 ва 26 май се фарди мусаллаҳ ба посгоҳи пулис дар наздикии шаҳраки Хонобод ҳамла карданд.

Давлати Узбакистон гуфтааст, рӯзи 26 май дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Андиҷон як афсари пулис кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуда буданд.

Дар робита ба ин ҳамалот Тоҳири Юлдош дар навори савтӣ гуфтааст, рабте ба онҳо надорад, Ӯ афзудааст: "Мо созмони тиҷоратӣ нестем, ки як ё ду бумбгузориро анҷом диҳем ва дастури дигаронро иҷро кунем."

Ҳукумати Узбакистон дар ин ҳаводис гуруҳеро расман муттаҳам накарда буд, вале дар як баёнияи интернетӣ гуруҳе ки худро Ҷиҳоди исломӣ номида, масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда гирифт.

Гуфта мешавад, ин гурӯҳ ба асари иншиъоб аз Ҷунбиши Исломии Узбакистон ҷудо шудаас ва чанд узви он дар Олмон муттаҳам ба тарроҳии анҷоми чанд бумбгузорӣ шудаанд. Чунбиши Исломии Узбакистонро кишварҳои минтақа ва Омрико шомили созмонҳои теруристӣ кардаанд.

Дар моҳи май давлати Қирғизистон аз даргирии неруҳои амниятии ин кишвар бо аъзои ин созмон ва кушта шудани шуморе аз онҳо иттилоъ дод.

Давлати Тоҷикстон низ пас аз кушта шудани Мирзо Зиёев, фармондеҳи мухолифини пешини исломии давлат дар даргириҳо дар минтакаи Тавилдара дар авосити моҳи июл гуфт гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар ин минтақа бо Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва қочоқбарони маводди мухаддир рабт доранд.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi