03:06:55 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДУ ИНФИҶОР ҶОКОРТОРО ЛАРЗОНД

Ду ҳутел дар Ҷокорто, пойтахти Индунезӣ ҳадафи бумбгузорӣ қарор гирифт ва бар асоси гузоришҳо ҳадди ақалл шаш нафар бар асари ин инфиҷорҳо кушта шудаанд.

Шабакаи телевизиюнии Metro TV дар Индунезӣ гузориш дод, ки ҳутелҳои "Ритз Корлтун" ва "Мориут" ҳадафи инфиҷор қарор гирифтаанд, ки ҳар ду аз ҳутелҳои шинохташудаи байналмилалии занҷираӣ ҳастанд. Ба гузориши Осушиэйтед пресс ва ба нақл аз як манбаъи пулис дар асари инфиҷор дар Ҳутели Мориут ҳадди ақалл се нафар маҷруҳ шудаанд.

Тасовири телевизиюнӣ нишон медиҳад, ки намои яке аз ҳутелҳо дар асари шиддати инфиҷор аз байн рафтааст. Гузоришгари Би-би-сӣ аз хориҷи ҳутели "Мориут" гузориш дод, ки тадобири амниятии сахтгиронае дар минтақаи атрофи маҳалли вуқӯъи ҳодиса барқарор шуда ва омбулонҳо дар ин ноҳия ҳузур доранд.

Сарҳанг Фреман Бундӣ аз масъулони пулиси Ҷокортои Ҷанубӣ ба хабаргузории Осушиэйтед пресс гуфт, чаҳор нафар аз кушташудагон афроди хориҷӣ буданд. Ин мақоми пулис гуфт: "Баррасии ҷузъиёти ҳодиса камокон идома дорад, зеро мо ҳанӯз дар ҳоли кумак ба маҷруҳон ҳастем."

Як шоҳиди айнӣ, ки аз сохтмоне дар наздикии ҳутели "Ритз" инфиҷорро дида буд, гуфт панҷараҳои табақоти пойинии ҳутели "Ритз" дар асари ин ҳодиса хурд шудаанд. Ин ду ҳутел дар маркази шаҳри Ҷокорто ва дар ноҳияи тиҷории ин шаҳр қарор доранд.

Инфиҷорҳо танҳо ду ҳафта пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Индунезӣ рух дод. Ҳанӯз хабаре дар бораи сабабгарони ин ҳамла мунташир нашудааст.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi