17:17:29 01-уми Июли 2025 сол

ОМИЛОНИ ҚАТЛИ СЕ ПУЛИСИ ҚИРҒИЗ МУШАХХАС ШУДААНД

Ниҳодҳои амниятии Қирғизистон гурӯҳи бунёдгарои мавсум ба “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”-ро омили қатли се пулиси қирғиз хондаанд. адамоти амнияти миллии Қирғизистон рӯзи чоршанбеи 5 январ аксҳои 6 узви фаъоли ин гурӯҳро, ки дар қатли афсарони пулис мазнун дониста мешаванд, мунташир кардааст.

 

55Бино ба иттилоъи муқаддамотӣ, ҳамла ба афроди пулис аз ҷониби Дониёр Қодиралиев, мулаққаб ба “Абдуваҳҳоб”, Советбек Исломов, мулаққаб ба “Шӯро”, Эдил Абдураҳмонов, ва Кайрат Солиев, мулаққаб ба “Абусалмон” сурат гирифтааст, ки онҳо атбоъи қирғиз буда ва синнашон аз 25 то 38 сола будааст. ар ҳамин ҳол, хабаргузории “24 kg” аз қавли манобеъи Вазорати умури дохилаи Қирғизистон аз кушта шудани ду фарди мазнун дар қатли маъмурони пулис ва идомаи амалиёти боздошти омилони қатл гузориш додааст.

 

Тибқи ин хабар, ин амалиёт дар рустои Стрелниковои вилояти Чуйи Қирғизистон аз ҷониби неруҳои вокуниши сареъи Вазорати дохила ва воҳиди вижаи “Алфа”-и хадамоти амнияти миллӣ анҷом шуда ва дар ҷараёни даргириҳо як узви воҳиди вокуниши сареъ захмӣ шуда ва дар роҳ ба бемористон даргузаштааст. ӯзи сешанбеи 4 январ афроди мусаллаҳ 3 пулисро дар ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба ҳангоми анҷоми ҷустуҷӯйи афроде, ки муртакиби ҷароим шуда буданд, ба зарби гулӯла аз пой дароварда ва аз маҳалли ҳодиса фарор карданд.

 

Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати умури дохилаи Қирғизистон, ин ҳодиса соъати 10 шаби гузашта дар яке аз маҳаллҳои пурҷамъияти шаҳри Бишкек иттифоқ афтодааст. арат Имонқулов, муъовини аввали раиси Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст: “7 узви “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”, ки қаблан боздошт шуда буданд, даст доштани аъзои ин гурӯҳ дар ин кушторро таъйид карданд.”

 

Ба гуфтаи оқои Имоналиев, фаъолон ва раҳбарони ин гурӯҳ дар урдугоҳҳои низомии Покистон ва Афғонистон омӯзиш дида ва ҳадафи аслии онҳо ташкили Хилофати исломӣ дар водии Фарғона будааст. ар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи манобеъи ҳукумати Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, нахуствазири ин кишвар, аз ниҳодҳои амниятию интизомӣ қотеона тақозо кардааст, то дар муддати кӯтоҳ омилони қатли се пулисро боздошт ва муҷозот кунанд.

 

Оқои Отамбоев гуфтааст, ба манзури таъмини амнияти сокинони кишвар бояд қавонини вижаи мубориза бо ҷароими созмонёфта ва ташдиди мубориза алайҳи террурисм тасвиб шавад.  ба раҳбарони ниҳодҳои амниятию интизомии Қирғизистон дастур додааст, то дар зудтарин фурсат пешнависи ин аснодро таҳия карда ва барои баррасӣ ба порлумон пешинҳод кунанд.

 

Ҳамчунин, бино ба иттилоъи манобеъи давлати Қирғизистон нахуствазири ин кишвар ба зарурати таъсиси воҳиди неруманде дар Вазорати умури дохила барои мубориза бо ҷароими созмонёфта ва террурисм таъкид кардааст. амакнун барои ҷустуҷӯйи омилони қатли се пулиси қирғиз, ки теъдодашон 7 нафар тахмин зада мешавад, аз ҷумлаи кормандони Хадамоти амнияти миллӣ, Вазорати умури дохила ва Додситонии кулли ин кишвар гурӯҳи вижае ташкил шудааст.

 

Қаблан низ, мақомоти Қирғизистон дар бораи дар дохили кишвар фаъол будани пайкорҷӯёни Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ва “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ” ҳушдор дода ва гуфта буданд, ки ин афрод дар нооромиҳои моҳи июни соли гузашта дар ин кишвар даст доранд.

 

азорати умури дохилаи Қирғизистон гуфтааст, ки гурӯҳи “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ” дар зарфи як моҳи ахир дар назди Кохи варзиш ва бахши умури дохила дар шаҳри Бишкек қасди бамгузорӣ карда ва 24 декабри соли гузашта дар пойтахти Қирғизистон ба шаҳрванди Омрико ҳамлаи мусаллаҳона карда буданд.

 

Дар Қирғизистон, ки бахши аслии сокинони онро мусалмонон ташкил медиҳанд, пойгоҳҳои низомии Русия ва Омрико мустақар ҳастанд. Ин кишвар дар соли гузашта бо ошӯбу даргириҳои қавмӣ рӯ-барӯ шуда ва ҳаддаи ақал 400 нафар бар асари даргириҳо кушта шуданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4069-2011-01-05-16-16-54.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ