01:55:33 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШӮРИШИЁНИ НИҶЕРИЯ ЭЪЛОМИ ОТАШБАС КАРДАНД

Умдатарин гурӯҳи шӯришӣ дар Делтои Ниҷер, воҷеъ дар Ниҷерия, мегӯяд қасд дорад тайи оташбасе 60-рӯза аз ҳамла ба марокизи санъати нефт худдорӣ кунад.

Ҷунбиши Раҳоибахши Делтои Ниҷер гуфт, ки "ин ҳаракат дар вокуниш ба озодсозии Ҳенри Уко, раҳбари ин гурӯҳ дар рӯзи душанбе сурат мегирад." Оқои Уко ба унвони бахше аз як барномаи афви давлатӣ аз зиндон озод шуд; вай беш аз як сол пеш дар пайи иттиҳомоте, аз ҷумла хиёнат, зиндонӣ шуда буд. Вай дар мусоҳибае бо Би-би-сӣ гуфт,ки ба касоне ки барои озодиаш ҷангидаанд, ифтихор мекунад. Ин гурӯҳи шӯришӣ дар баёнияе гуфт, ки оташбасро аз рӯзи чаҳоршанбе ба иҷро мегузорад.

Рӯзи якшанбе дуруст соъоте пеш аз озодии Ҳенри Уко, пайкорҷӯён бо қоиқҳои сареъуссайр ба махзани аслии нефт дар Логус, дур аз ноҳияе дар Делтои Ниҷер, ки ағлаб маҳалли амалиёти шӯришиён аст, ҳамла карданд. Оқои Уко, ки ин ҳамларо ҳаракате дар истиқбол аз озодии худ қаламдод мекунад.

Аммо вай гуфт, ки Делтои Ниҷер ниёзманди "навъе фароянди сулҳ аст." Вай гуфт, ки мардуми ин ноҳия ба ин далел меҷанганд, ки мехоҳанд давлат ва беадолати дар онҷоро ташхис диҳад. Ҳамалоти мутаъаддиди ин гурӯҳи шӯришӣ ба таъсисоти нефтӣ дар Делтои Ниҷер дар солҳои ахир санъати нефту гози Ниҷерияро ба таври ҷиддӣ мухтал кардааст.

Ин гурӯҳ мегӯяд, ки барои тақсими одилонатари сарватҳои табиъӣ меҷангад, аммо давлати Ниҷерия дар гузашта ин гурӯҳро ба унвони дастае аз муҷримон радд кардааст. Давлати Ниҷерия мегӯяд, ҳар шӯришӣ, ки то моҳи октябр силоҳашро таҳвил диҳад, аз барномаи бозпарварӣ, ки шомили таҳсилот ва фурсатҳои фарогирии фунун аст, баҳраманд хоҳад шуд. Мунтақидони давлат мегӯянд барномаи афв эҳтимолан беасар хоҳад буд, зеро нооромиҳо ношӣ аз як кашмакаши содаи сиёсӣ нест.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi