22:56:17 31-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ИНФИҶОР ДАР АФҒОНИСТОН 25 КУШТА БАР ҶОЙ ГУЗОШТ

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Лугар дар ҷануби Кобул мегӯянд, дасти кам 20 тан дар инфиҷоре дар ин вилоят кушта ва 21 тани дигар захмӣ шудаанд. Динмуҳаммад Дарвеш, сухангӯйи волии Лугар ба Би-би-сӣ гуфт, ин инфиҷор бомдоди имрӯз, 9 июл, дар вулусволии Муҳаммадоға дар наздикии шаҳри Пули Алам, маркази вилояти Лугар, рӯй дод.

Оқои Дарвеш гуфт дар ин инфиҷор 16 ғайринизомӣ ва чаҳор маъмури пулис кушта шуданд. Ба гуфтаи ӯ, 14 тан аз афроди кушта ва тамомии 12 захмии ин инфиҷор донишомӯзони як мактаб ҳастанд. Оқои Дарвеш гуфта, ки захмиён ба бемористонҳои Лугар ва Кобул мунтақил шудаанд ва вазъияти панҷ тани онон вахим гузориш шудааст. Ба гуфтаи сухангӯйи волии Лугар, дар ин ҳодиса як кимюни ҳомили маводди мунфаҷҷира, ки зери миқдоре чӯб пинҳон шуда буд, дар масири ҳаракат аз ҷануб ба сӯйи Кобул, дар ин минтақа вожгун шуд.

Муҳаммадҷон Обид, мудири таҳқиқоти ҷиноии пулиси Лугар дар як гуфтугӯйи дигар бо Би-би-сӣ гуфт замоне, ки маъмурони пулис барои баррасии ҳодиса ба ин маҳалл расиданд, инфиҷори муҳибе рӯй дод.

Бар асоси гузоришҳо, ин инфиҷор дар шоҳроҳи Кобул-Гардез дар наздикии як мактаб рӯй дод ва дар замони инфиҷор шуморе аз донишомӯзон дар наздикии комюни вожгуншуда ҷамъ шуда буданд.

Ин эҳтимол матраҳ аст, ки дар наздикии маҳалли ҳодиса ҳузур доштанд, пас аз ҷамъ шудани мардум дар атрофи комюн, бо истифода аз василаи инфиҷор аз роҳи дур, маводди мунфаҷҷираи дохили комюнро мунфаҷир карданд.

Динмуҳаммад Дравеш, сухангӯйи волӣ гуфт пас аз ин инфиҷор рафту омад дар минтақа мамнӯъ шуда ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.

Оқои Дарвеш гуфт то ҳол касе дар ин иртибот боздошт нашуда, аммо шӯришиёни мухолифи давлатро масъули ин инфиҷор донист.

Ба гуфтаи ӯ ҳанӯз мушаххас нест, ки вожгун шудани ин комюн амдӣ будааст ва ё на, аммо ӯ таъкид кард, ки ҳадафи омилони ин инфиҷор "тахрибкорона" будааст.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi