БОЗДОШТИ РАҲБАРИ МУХОЛИФОНИ ЧЕЧЕН ДАР ЛАҲИСТОН
Бино ба гуфтаи телевизиони Лаҳистон, яке аз раҳбарони ҷудоихоҳони чечен Аҳмад Закаев, ки Русия номи ӯро дар рӯйхати сиёҳ барои фаъолиятҳои даҳшатафканӣ шомил кардааст, тавассути нерӯҳои интизомии ин кишвар боздошт шудааст. Раҳбари ҷудоихони чечен Аҳмад Закаев, ки ҷиҳати мушорикат дар анҷумани дурӯзаи чеченҳо вориди Лаҳистон шуда буд, субҳи имрӯз боздошт шудааст. Қарор аст, ин ҳамоиш дар шаҳри Пултуск баргузор шавад.
Оқои Закаев қаблан тавассути мақомоти Лаҳистони ҳушдор дода шуда буд, ки бинобар дархости Русия аз Интерпол вай дастгир хоҳад шуд. Ҷаноби Закаев, ки пас аз дарёфти паноҳандагӣ дар соли 2003 то ба ҳол дар Бритониё ба сар мебурд, дар пешорӯи ин анҷуман гуфта буд, ки вай визаи Лаҳистонро дарёфт кардааст ва дар ин нишаст иштирок хоҳад кард. Русия Аҳмад Закаевро террорист эълон намуда, ӯро ба куштор, гаравгонгирӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҷараёни рӯёрӯиҳои Маскав ва Чеченистон дар солҳои 1996-99 айбдор менамояд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3142-2010-09-17-09-10-08.html