16:56:05 02-уми Июни 2025 сол

РАҚОБАТ БАР САРИ МАНОБЕЪИ ЭНЕРЖИИ ОСИЁИ МИЁНА

Осиёи Миёна нақши хатире дар таъмини амнияти энержии ҷаҳон бозӣ мекунад. Ин минтақа дорои манобеъи азими нефту гоз аст ва маъодини нефтӣ ва гозии худро дар ихтиёри ширкатҳои байналмилалӣ қарор додааст. Ин минтақа шомили “Қошоғон”, бузургтарин майдони нефтии дарёӣ дар Қазокистон ва низ “Юлтун”, яке аз се майдони гозии бузурги дунё дар Туркманистон аст. Хутути лулаҳо ин манобеъро ба манотиқи мухталиф мунтақил мекунанд.

 

Ба рағми талоши ҳамаҷонибаи Чин барои тавсеъаи хутути лулаи нефту гоз ба шарқ ҳанӯз умдаи манобеъи ин минтақа ба самти ғарб ҷараён дорад. Агарчи Чин фурсати ҷадиде баро кишварҳои маҳсур дар хушкии Осиёи Миёна аст, бо ин ҳол ин кишварҳо тайи даҳаҳои оянда ба ифои нақши умдаи худ дар умури энержии минтақаи Урупо идома хоҳанд дод.

 

Бозорҳои дур аз дастрас

Бузургтарин мушкиле, ки тавлидкунандагони Осиёи Миёна бо он мувоҷеҳанд, пайдо кардани роҳе барои таҳвили он ба муштариён аст. Ин нукта дар мавриди Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам, ки дар ҷавори баҳри Хазар қарор дорад, содиқ аст.

 

Онҳо умуман ба ширкатҳои байналмилалӣ такя мекунанд, ки масирҳои содирот дар ихтиёрашон гузошта ва дастрасии онҳоро ба бозорҳои ҷаҳонӣ мумкин месозанд. Дар ғайри ин сурат онҳо бояд ҳазинаи сангини истифода аз системи тронзити Русияро, ки аз даврони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба ҷой монда, бипардозанд. Вале ин кишварҳо ҳамвора шарикҳои бе дардисаре барои ширкатҳои байналмилалӣ нестанд.

 

Аз ҳамин рӯ Туркманистон, ки мехоҳад кунтрули комили пружаҳои рӯйи хушкиашро дар ихтиёр дошта бошад, тамоюл надорад, ки ширкатҳои байналмилалӣ ба чизе беш аз қарордодҳои хадамотӣ дар рӯйи хушкӣ даст ёбанд, ин дар ҳоле аст, ки ин кишвар аз тавофуқномаҳои тавлиди муштарак дар баҳр истиқбол мекунад.

 

Ба назар мерасад дар Қазоқистон давлат ба дунболи гунаи миллисозии манобеъ аст, ки дар порае авқот бо тасвиби қавонине бо моҳияти атф ба мосабақ шомили пружаҳои умда мешавад. Ин амр шуҳрати он кишварро ба унвони як шарики сармоягузории қобили иттако хадшадор мекунад.

 

Нигоҳ ба Ғарб

Ҳадафи аслии Қазоқистон пайдо кардани роҳе барои истеҳсоли ҳудуди 1.5 милюн бушка (тақрибан муъодили 210 ҳазор тун) нефт аз майдони нефтии Қошоғон ва арзаи он ба бозор дар солҳои 2012-2013 ва замоне аст, ки ин ҳавзаи нефтӣ омодаи баҳрабардорӣ мешавад.

 

Ин миқдор муъодили ҳудуди се дарсади ҳаҷми муъомилоти нефтӣ дар ҷаҳон хоҳад буд ва қисмати аъзами он ба Ғарб содир хоҳад шуд. Ин амал аз тариқи хутути лулаи CPC ба бандари русии Новоросийск дар баҳри Сиёҳ бо гузар аз баҳри Хазар ва бо истифода аз хутути лулаи BTC (Боку-Тифлис-Ҷайҳон) то бандари Ҷайҳони Туркия (воқеъ дар обҳои озоди баҳри Медитарона) сурат хоҳад гирифт.

 

Се ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон дар ҳошияи баҳри Хазар бо дар ихтиёр доштани наздик ба 50 милёрд бушка (7 миёрд тун) нефти хом, моkики ҳудуди 3.5 дарсад захоири қатъии ҷаҳон ҳастанд. Илова бар ин, ин ҷумҳуриҳо бо 12.5 трилюн метри мукаъаб гоз, моликияти ҳудуди 6.5 дарсад аз кулли захоири ҷаҳонро дар ихтиёр доранд.

 

Ҳамакнун қисмате аз нефти хоми Қазоқистон ба Чин содир мешавад, аммо ҳатто замоне, ки хатти лулаи Чин битавонад ба ҳадди аксари зарфияташ бо ҳудуди 400 ҳазор бушка дар рӯз дар се ё чаҳор соли оянда бирасад, миқдор ин содирот танҳо наздик ба як севуми миқдори содирот ба Ғарб хоҳад буд.

 

Чин гозро интихоб мекунад

Туркманистон ҷое аст, ки Чин дар он гомҳои баланде бардоштааст. Танҳо дар ду солу ними гузашта ширкатҳои миллии нефти Чин ( CNPC) ҳудуди 2200 килуметр хатти лулаи интиқоли гоз дар Осиёи Марказӣ эҳдос кардааст. Ин хатти лула аз “Бахтиёрлиг” дар шимоли Туркманистон шурӯъ шуда, аз Ӯзбакистон ва Қазоқистон убур карда ва ба Синкиёнги Чин хатм мешавад. Инҳисори баҳрабардорӣ аз ҳавзаи гозии Бахтиёрлиг” дар ихтиёри Чин аст.

 

Дар ҳоли ҳозир танҳо миқдори каме гоз дар ин хатти лула ҷараён дорад, аммо то соли 2014, агар тавлид ба хубӣ сурат бигирад, ин хатти лула ҳудуди 40 милёрд метри мукаъаб гоз дар сол мунтақил хоҳад кард.

 

Ширкати миллии нефти Чин ҳамчунин дар тавсеъаи майдони “Юлутани ҷанубӣ” низ ба Туркманистон ёрӣ мерасонад, майдоне, ки ба гуфтаи ширкати инглисии “Гифни Клойн ва шурако”, ки дар заминаи мушовираи саноеъи нефту гоз фаъолият дорад, ҳадди ақал 4 трилюн метри мукаъаб ва эҳтимолан ҳаддии аксар 14 трилюн метри мукаъаб захираи гоз дорад. Ин миқдор гоз ин майдонро дар зумраи яке аз бузургтарин майдонҳои гозии дунё қарор медиҳад ва Туркманистон ба лиҳози назарӣ имкон меёбад, ки натанҳо аз уҳдаи таъаҳҳудаш дар таъмини гози Чин барояд, балки қодир ба судури гоз ба Русия, Эрон ва ҳатто Иттиҳодияи Урупо ҳам бошад.

Дар ин шароит Туркманистон гози кофӣ барои судур ба Ҳинд ва Покистон ҳам хоҳад дошт, машрут бар он ки Афғонистон он қадар субот пайдо кунад, ки иҷозаи эҳдоси хатти лулае ба ҷануби Осиёро диҳад. Туркманистон дучори мушкили камбуди манобеъи нақдӣ ҷиҳати таъмини ҳазинаҳои барномаи иртиқои сақфи тавлиди худ аз 40 милёрд метри мукаъаб дар соли 2009 ба 250 милёрд метри мукаъаб дар соли 2020 аст. Бо ин вуҷуд ин кишвар ҳанӯз дар мавриди эътои иҷозаи дастрасии мустақим ба манобеъи азиме чун “Ютуни ҷанубӣ” ба хориҷиён башиддат муҳтот аст.

 

Рақобати сиёсӢ

Дар ҳоли ҳозир гози Туркманистон танҳо ба миқдори маҳдуде ба Русия, Чин ва Эрон фиристода мешавад, далели ин маҳдудият ихтилофи гузашта бо Маскав ва Теҳрон аст, ки ҷараёни гозро дучори вақфа карда ва ба ин тартиб дар ҳоли ҳозир аз ҳадди аксари зарфияти хатти лулаҳои мавҷуд истифода намешавад.

 

Ин таҳо яке аз далолили алоқаи Туркманистон ба содироти гоз ба бозори озоде чун Иттиҳодяи Урупост. Инҷо ҳамон нуқтае аст, ки сарнавишти Туркманистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон пайванд мехӯрад, пайванде мушкилсоз, чун ду кишвар дар мавриди марзи обишон дар баҳри Хазар бо ҳам ихтилофи назар доранд.

 

Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ширкати Би Пи мусалат ва ғолиб дар тавсеъаи майдони нефтии “Озарӣ чароғ-Гунашлӣ” бо зарфияти як милюн бушка дар рӯз ва майдони гозии “Шоҳ Даниз” дар ҳамсоягии он бо захираи гози 1.2 трилюн метри мукаъаб ифо мекунад. Акнун тамаркуз бар гоз қарор гирифтааст. Ҷумҳурии Озарбойҷон захоири қобили мулоҳизае аз гоз дар ихтиёр дорад, ки мехоҳад онҳоро дар як бозори озод арза кунад.

 

Дар ҳамин ҳол, Урупо ҳамакнун башиддат ба гоз ниёзманд аст ва интизор меравад ин ниёз дар панҷ ё шаш соли оянда афзоиш ёбад, ки ин афзоиш ҳам барои таъмини сӯхти насли ҷадид нерӯгоҳҳои дар ҳоли сохт суфориш додааст ва ҳам ба унвони манбаъи сӯхтии ҷойгузин ё муваққат то замоне, ки сӯхтҳои таҷдидшудании тавсеъаёфта ва қобили истифода шаванд.

 

Ба назар намерасад, ки гози “Шил” (манбаъи бузург ва ҷадиде аз энержӣ дар Омрикои Шимолӣ) мустақиман тавлиди Урупоро то соли 2020 таҳти таъсир қарор диҳад. Бо вуҷуди ин зоҳиран бисёр бештар азон, назаротро ба худ мунъатиф хоҳад намуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2565-2010-06-27-12-00-03.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854