05:16:44 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАМЛАИ НЕРӮҲОИ ИНТИЗОМӢ БА ЭЪТИРОЗГАРОН

 

Тибқи хабарҳо, полиси Эрон дар муқобили тазоҳуркунандагон аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода кардааст. Ҳазорон нафар аз полис ва басеҷиҳо тазоҳуркунандагонро, ки бо вуҷуди ҳушдори раҳбари олии Эрон, Алии Хоманаӣ аз нав ба майдон баромаданд, дар хиёбонҳои марказии Теҳрон пароканда карданд. Шоҳидон мегӯянд, мӯътаризон талош кардаанд, дар се маҳалли бо ҳам пайванд, аз ҷумла Донишгоҳи Теҳрон ҷамъ оянд.

Хабаргузории "Меҳр" ба нақл аз ноиби полиси Теҳрон Ҳусейни Сайидиниё иттилоъ дод, ки дар мақбараи бунёдгузори ҷумҳурии исломӣ, Оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайнӣ аз тарафи як ҳамлавари худкуш як бомб мунфаҷир шудааст. Бар асари таркиш худи бомбгузор кушта ва як тани дигар маҷрӯҳ гаштааст.

Шӯрои амнияти Эрон ҳушдор додааст, барои "пайомадҳои тазоҳуроти ғайриқонунӣ" номзади ислоҳталабон, Мирҳусейни Мӯсавӣ, масъул хоҳад буд.

Хабаргузории ИСНА мегӯяд, ба ин маънӣ раҳбари Шӯрои амнияти Эрон, Аббоси Мӯҳтоҷ, ба Мӯсавӣ номаи расмӣ фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сухангӯйи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон, дар мулоқоти ҳайати он бо номзадҳои нокоми интихоботи 12-уми июн, танҳо яке аз номзадҳо -- Мӯҳсини Ризоӣ ширкат кардааст. Аббосалии Кадхудоӣ афзуд, шӯро эълом доштааст, омода мебошад, 10 дарсади қуттиҳои раъйро интихобан аз саросари кишвар мавриди бозшуморӣ қарор диҳад.

Аз он ҷо ки бо қарори ҳукумат дастрасии хабаргузориҳои ҷаҳонӣ ба маълумот дар Эрон шадидан маҳдуд гаштааст, озмоиш ва тасдиқи ин ахбор номумкин мебошад.

«Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi