04:22:55 02-уми Июли 2025 сол

ГЕЙТС: САФАРИ АҲМАДИНАЖОД БА КОБУЛ ДАРДИСАРСОЗ АСТ

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико дар дидор аз як маркази омӯзишии артиши Афғонистон дар ҳумаи Кобул сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Кобулро "дардисарсоз" хондааст.

 

Оқои Гейтс ба хабарнигорон гуфт, ки Афғонистон бояд бо ҳамсоягонаш равобите хубе дошта бошад ва ҳамсоягони ин кишвар низ бояд равобити хубе бо давлати Ҳомиди Карзай дошта бошанд. Вазири дифоъи Амрико Эронро муттаҳам кард, ки дар Афғонистон "бозии дугона" дорад. Ӯ афзуд, ки Эрон дар ҳоле аз давлати Афғонистон ҳимоят мекунад, ки бо кумак ба Толибон кушиш дорад талошҳои Амрико ва Бритониёро тазъиф кунад.

 

Оқои Гейтс дар ҳоле ин суханонро изҳор кард, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул Амрикоро муттаҳам ба ҳимоят аз террурисм кард. Оқои Аҳмадинажод гуфт, ки Амрико худ дар қиболи мубориза бо террурисм "бозии дугона" дорад.

 

Вазири дифоъи Амрико аз ду рӯз пеш дар Кобул аст ва гуфтааст, ки аз афзоиши нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон то сесад ҳазор тан то соли оянда ҳимоят мекунад. Дар ҳоли ҳозир ин нерӯҳо камтар аз 200 ҳазор нафар ҳастанд. Оқои Гейтс дар дидор аз ин маркази омӯзишии артиши Афғонистон дар шарқи Кобул таъкид кард, ки омӯзиши артиш "муҳимтар аз амалиёти низомӣ" дар ҷануби ин кишвар аст.

 

Оқои Гейтс гуфт: "Гарчи имрӯз ҳама мутаваҷҷеҳи амалиёти низомӣ дар ҷануби Афғонистон ҳастанд, аммо барномаи омӯзиши сарбозони артиш, ки дар ин марказ ҷараён дорад, дар дарозмуддат муҳимтар аз амалиёти низомӣ хоҳад буд."

 

Ӯ афзуд: "Агар шароити мавҷуд дар Афғонистон иҷоза диҳад, дар моҳи июли соли 2011 шояд битавонем раванди интиқоли масъулиятро ба нерӯҳои афғон оғоз кунем. Аммо интиқоли масъулият ба афғонҳо бастагӣ ба авзоъ дорад. Аммо вогузории масъулиятро дертар аз июли соли 2011 шуруъ намекунем, рӯзи хуруҷи нерӯҳои мо бастагӣ ба авзоъи Афғонистон дорад."

 

Оқои Гейтс гуфт то ду соли дигар раванди интиқоли масъулиятҳо ба артиши Афғонистон оғоз хоҳад шуд. Омӯзиши нерӯҳои артиши Афғонистон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Нерӯҳои артиши Афғонистон, ки ҳашт сол пеш нахустин воҳидҳои он ташкил шуд, ҳоло ба беш аз 100 хазор тан мерасад. Калиди хуруҷи обрӯмандонаи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон тавонманд шудани артиши ин кишвар аст.

 

Ҳарчанд ҳеҷ ҷадвали замонӣ барои ин амр дар назар гирифта нашуда, аммо дар асоси истротежии тозаи Амрико соли 2011 соле аст, ки ба артиши Афғонистон майдони бештаре дода хоҳад шуд ва нерӯҳои хориҷӣ бори сангини амалиётҳои низомиро ба тадриҷ ва марҳала ба марҳала ба дӯши артиши Афғонистон хоҳад гузошт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1898-2010-03-10-17-11-37.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ